Ш.Имомов: "Хатари ҷиддие аз Афғонистон ба Тоҷикистон таҳдид намекунад"

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон.

Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон мегӯяд, ки гурӯҳҳои террористие, ки дар минтақаҳои шимоли Афғонистон мустақар ҳастанд, барои Тоҷикистон хатари мустақим ва ҷиддӣ ҳисоб намеёбанд.

Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон мегӯяд, ки гурӯҳҳои террористие, ки дар минтақаҳои шимоли Афғонистон мустақар ҳастанд, барои Тоҷикистон хатари мустақим ва ҷиддӣ ҳисоб намеёбанд.

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон, рӯзи ҷумъаи 28 октябр дар тамоси телефонӣ ба Озодӣ гуфт, ҳарчанд ҳузури ин гурӯҳҳо, ки дар сафҳояшон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, боиси нигаронӣ хоҳад буд, аммо эҳтимоли ҳамлаи ин гурӯҳҳо ба Тоҷикистон вуҷуд надорад.

“Онҳо гурӯҳҳои калоне нестанд, ки ҷуръат карда ба Тоҷикистон ҳамла кунанд. Дар 8 соли маъмураияти ман ягон узви гурӯҳи Толибон ба посгоҳҳои марзии Тоҷикистон ҳамла накардааст. Танҳо марзбонони тоҷик бо қочоқбарони маводи мухаддири афғон, ки мусаллаҳ ҳастанд, даргир мешаванд. Аммо баъзе хабаргузориҳо аз эҳтимоли ҳамлаи террористон аз ҳудуди Афғонистон ба Тоҷикистон хабар дода, мардумро нигарон мекунанд”.

Зимнан, бино ба гузоришҳои хабаргузориҳои Афғонистон Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул рӯзи 27 октябр зимни баррасии вазъи амнияти минтақаҳои шимоли Афғонистон бо Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии ин кишвар гуфтааст, ки таҷаммӯи гурӯҳҳои террорист дар ин манотиқ барои Тоҷикистон хатари мустақим ва ҷиддӣ надорад.

Ҳамзамон, ҷаноби Имомов аз амалиёти неруҳои Афғонистон алайҳи гурӯҳи Толибон дар вилояти Кундуз, воқеъ дар наздики марзҳои ҷанубии Тоҷикистон, ситоиш карда ва гуфтааст, ки дар пайи ин амалиёт гурӯҳҳои ҳамлагар нобуд ва ё берун шуда ин минтақа аз вуҷуди Толибон озод шудааст.

Сафири Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, дар ин дидор аз ҷониби Афғонистон тақозо шудааст, то барои комилан поксозии минтақаҳои шимоли Афғонистон аз гурӯҳҳои террорист, бахусус Толибон ва “Давлати исломӣ”, амалиёти ҷангиро идома диҳанд.

Зимнан, дар аввалҳои моҳи ҷорӣ гурӯҳи Толибон ба шаҳри Кундуз ҳамла карда ва қисмате аз ин шаҳррро таҳти тасарруфи худ даровард. Ба дунболи ин ҳодиса, мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, дар робита бо нооромиҳо дар вилояти Кундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо марзҳои ҷанубии Тоҷикистон аст, нерӯҳои марзбонии кишвар ба ҳолати омодабош оварда шудаанд.

Ҳамзамон, Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, мақомоти тоҷик дар бораи шурӯи даргириҳои шадид миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон ва ҷунбишиТолибон дар вилояти Қундуз хабар доранд, вале то ба ҳолҳодисаҳои убури ғайриқонунӣ аз марз ё ба ҳудуди Тоҷикистон афтодани гулӯлаю тирҳои тасодуфӣ ба мушоҳида нарасидааст.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҳар сурат, минтақаҳои сарҳадӣ бо вилояти Кундузи Афғонистон аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбӣ пурзӯр мешавад. Инчунин, дар хатти дувуми сарҳад нерӯҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон қарор дошта ва дар ҳолати зарурӣ ба ёрии сарҳадбонон меоянд.

Низомиёни афғон дар Кундуз.

Дар моҳҳои апрел, июл ва августи соли ҷорӣ низ дар наздикии ин шаҳр даргириҳо миёни нерӯҳои давлати Афғонистон боҷангиёни Толибон рух додааст. Як сол пеш низ Толибон дар охирҳои моҳи сентябр Кундузро ишғол карда буданд.

Соли гузашта Қундуз чанд рӯз таҳти назорати Толибон буд. Ин ҳодисаро бузургтарин нокомии ҳукумати Афғонистон баъди беруншавии нерӯҳои байналмилалӣ аз хоки ин кишвар дар соли 2014 меноманд.

Он замон Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон зимни як номаи расмӣ ба вазорати хориҷаи ин кишвар эълом карда буд, ки ба далели ноамниҳо дар шимоли Афғонистон консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Кундуз ва Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистон ба таври муваққат таътил хоҳад шуд.

Дар тобистони соли ҷорӣ консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод дубора фаъол шуда, аммо ба далели нооромиҳо консулгарии ин кишвар дар шаҳри Кундуз то ба ҳол дигарбора ба фаъолият оғоз накардааст.