Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Тоҷикистон ба беҷошудагони ҷанги Кундуз


Тоҷикистон ба беҷошудагони ҷангҳои ахир дар Кундузи Афғонистон ҳаммарз бо Хатлони Тоҷикистон, ки ба вилояти Бадахшони он кишвар паноҳ бурдаанд, кӯмакҳои башардӯстона расонидааст.

Ин кӯмакҳои фаврӣ аз сӯи Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод ба даҳҳо хонаводаи фирорӣ аз ҷангҳои Кундуз расонида шудааст. Умед Назаров, сарконсули Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 19 октябр ин кӯмакҳои фаврии Тоҷикистонро ба беш аз 35 хонавода тақсим кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вилояти Бадахшони Афғонистон, беҷошудагони ҷангҳои Кундуз дар урдугоҳи "Чамани зироат"-и шаҳри Файзобод ҷобаҷо шудаанд ва гуфта мешавад, ки ба кӯмакҳои фаврӣ ниёз доранд. Кӯмакҳои Тоҷикистон ба беҷошудагони Кундуз аз орд, равған, шакар, чой, кӯрпа ва дигар маводи зарурии рӯзгор иборат мебошанд.

Умед Назаров, сарконсули Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод ҳини ироаи ин кӯмакҳо гуфтааст, ки ин кӯмакҳо муқаддамотӣ аст ва дар оянда низ кишвараш ба беҷошудагони дохилӣ дар Афғонистон кӯмак хоҳад кардааст. Сарконсули Тоҷикистон гуфтааст, ки пас аз баррасӣ ва омӯзишҳо, кӯмакҳои бештаре барои ниёзмандон ирсол хоҳад шуд.

Ҷанги даҳрӯзаи Кундуз садҳо хонаводаро беҷо кард ва зиёни зиёди моливу ҷонӣ ба мардуми ин вилоят ворид шудааст. Тибқи гузоришҳо, Толибон пас аз ақибнишӣ аз минтақаҳои аҳолинишин, хона ва дороиҳои мардумро оташ зада ва чорвоҳои онҳоро низ бо худ бурдаанд ё ба қатл расониданд.

​Созмони Милали Муттаҳид қаблан эълон карда буд, ки дар пайи даргириҳо миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Кундуз воқеъ дар шимоли Афғонистон, беш аз 33 ҳазор нафар аз мардуми Кундуз барои наҷот ёфтан аз ҳамлаҳои Толибон ва даргириҳои онҳо бо нерӯҳои давлатӣ, аз ин шаҳр гурехтаанд.

Дафтари ҳамоҳангсозии умури инсонии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбеи 10 октябр эълон кард, ки фирориён аз ҷангҳои Кундуз ба таври фаврӣ ба ғизо ва доруворӣ ниёз доранд. Аксари фирориён аз Кундуз ба вилоятҳои ҳамҷавори Тахору Бағлон ва ҳамчунин Кобулу Бадахшон паноҳ бурдаанд.

Шаби 3 октябр ҳамалаҳои густардаи нерӯҳои Толибон ба шаҳри Қундуз – маркази вилояти ҳамноми он, ки бо ҷануби Тоҷикистон ҳаммарз аст, шурӯъ шуд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, Толибон дар як ҳамлаи ҳамоҳангшуда якбора аз чор тарафи шаҳр ҳамла карданд. Танҳо баъд аз даҳ рӯз, нерӯҳои амниятии Афғонистон тавонистанд, ки шаҳри Кундузро аз Толибон озод намоянд. Як сол пеш ҳам Қундуз барои чанд рӯз таҳти назорати Толибон даромад ва дар он ҳодисаҳо, бино ба ҳисобҳои СММ, 289 нафар кушта ва садҳо тан захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG