Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбони тоҷик дар 9 моҳ 12 қочоқбари афғонро куштаанд


Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 24 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар нӯҳ моҳи гузашта миёни марзбони тоҷик ва қочоқбарони афғон 22 маротиби даргирӣ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Улуғхоҷаев, дар пайи ин даргириҳо 12 нафар шаҳрвандони Афғонистон кушта шуда ва 6 нафар захм бардоштанд ва 15 тани дигар боздошт шудаанд. Манбаъ афзуд, ки дар ин муддат дар амалиётҳои якҷояи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонд ва дигар мақомоти қудратии кишвар аз қочоқчиён 803 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст.

Изҳори назари мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар робита ба вазъи мубориза ва пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки тибқи гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид, дар Афғонистон тавлиди афюн дар соли 2016 назар ба соле пеш 43 дар сад афзоиш ёфта, дар муқоиса бо соли 2015 - 4800 тонна расидааст.

Мақомоти тоҷик солона садҳо килограмм маводи мухаддиро мусодира ва нобуд мекунанд.
Мақомоти тоҷик солона садҳо килограмм маводи мухаддиро мусодира ва нобуд мекунанд.

Дар ин гузориш, ки рӯзи якшанбеи 23 октябр нашр шуд, Дафтари маводи мухаддир ва ҷиноёт"-и Созмони Миллали Муттаҳид эълон кард, ки заминҳои кишти гули хашхош дар Афғонистон дар соли 2016 ба 201 ҳазор гектар расидааст. Дар ин гузориш сабабҳои ин афзоиш, вазъияти хуби обу ҳаво, системаи давлатии Афғонистон дар масъалаҳои амниятӣ ва кам шудани таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ нисбат ба мубориза бо маводи мухаддир, гуфта шудааст.

Генерал Муҳаммад Аҳмадӣ, муовири вазорати умури дохилии Афғонистон дар заминаи мубориза бо маводи мухаддир мегӯяд, ки нерӯҳои таҳти фармони ӯ дар соли ҷорӣ беш аз 1200 амалиёт дар ин замина анҷом додаанд, ки зимни он 1400 қочоқчии маводи мухаддир боздошт шуда ва дар ин муддат 238 тонна маводи мухаддир ва 35 коргоҳи тавлиди тарёк низ нобуд шудааст.

Дарҳамин ҳол, Юрий Федотов, раҳбари иҷроияи UNODC гуфтааст, ки натиҷаҳои таҳқиқот ташвишовар аст ва истеҳсоли ғайриқонунии маводи мухаддир то рафт ба рушди ҷомеа, вазъи сиҳатӣ ва муҳити куллии ҷомеаи Афғонистон таъсири бад мерасонад. Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кардааст, ки барои пешрафти Афғонистон ва ҳам муқобила бо маводи мухаддир ба хотири бунёди ҷомеаи босуботу солим, мубориза бо фақр ва таъмини мардум бо кор кӯмаки худро дареғ надоранд.

Юрий Федотов.
Юрий Федотов.

Таҳқиқот мегӯяд, ки дар як соли охир на танҳо масоҳати кишт, балки ҳаҷми кишти тухми хашхош дар ҳар як ҳектар майдон афзоиш ёфта, боиси зиёд шудани ҳосили ин алаф шудааст. Ҳаҷми бештари кишт – 36-37 дар сад дар ғарб ва ҷануби Афғонистон ба қайд гирифта шудааст. 84 дар сади ҳаҷми куллии маводи мухаддир маҳз дар ҳамин манотиқи Афғонистон кишт мешавад.

Дар миёни вилоятҳои пешсафи кишти маводи мухаддир – Ҳилманд бо 40 % кулли ҳаҷми маводи мухаддири парваришёбанда дар Афғонистон қарор дорад. Баъди он Қандаҳор, Урузгон, Нангарҳор, Фараҳ, Бадахшон ва Нимрӯз аст. Майдонҳои кишти маводи мухаддир маъмулан зери назари гурӯҳҳои шӯришиву силоҳбадаст ҳастанд ва аз ҳамин хотир ҳам муқобила бо онҳо барои ҳукумат ва нерӯҳои давлатӣ кори осон нест. Маводи мухаддир даромади аслии Толибон ва дигар гурӯҳҳои шӯриширо ташкил медиҳад.

Ҳудуди 1400 километр марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як масири интиқоли маводи мухаддир ба бозорҳои сиёҳи Осиёи Марказӣ ва Русия ба шумор меравад. Дар ин авохир бо фаъол шудани гурӯҳҳои ифротгаро дар шимоли Афғонистон нигарониҳои амниятӣ аз ноҳияи ин марз низ бештар шудаанд.

XS
SM
MD
LG