Додгоҳи вилояти Суғд дархости раҳоии хабарнигори собиқи "Нури зиндагӣ" дар ноҳияи Ашт Муҳаммадюсуф Исмоиловро рад кард.
Фазлидин Худойбердиев, вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов бо далелҳои ду кӯдак ва хоҳари пиру бемор доштани зерҳимояаш дархост карда буд, ки ӯро то анҷоми тафтиши парвандааш шартан озод кунанд. Вале субҳи 5 июл додгоҳи вилояти Суғд ба дархости вакили дифоъ посухи рад додааст. Ҷаноби Худойбердиев мегӯяд, “додгоҳи вилоятӣ ба ваҷҳҳои тафтиш розӣ шуд ва далел пеш овард, ки агар Исмоиловро вақти тафтиш озод кунанд, метавонад пинҳон шавад ё ба ҷараёни тафтиш халал расонад.”
Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки рӯзи 24 июн аз ҷониби пулиси ноҳияи Ашт бо иттиҳоми “тамаъҷӯӣ” боздошт шуд, рӯзи 29и июн ба далели “набуди шароит барои нигаҳдошти беш аз 3 шабонарӯз” аз шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашт ба боздоштгоҳи муваққат, ба истилоҳ СИЗО – 2 -и шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд.
Ба гуфтаи вакили дифоъ Фазлиддин Худойбердиев, дар СИЗО - и Хуҷанд зерҳимояаш рӯ ба рӯ бо Санавбар Аҳадова, ки дар ин парванда ҳамчун "ҷабрдида" муаррифӣ мешавад, гуфтааст, вай тамаъҷӯӣ накарда, аз ӯ танҳо каме пул қарз хоста буд. Бино ба хабари вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Исмоилов бо шикояти хонум Аҳадова, ки гӯё бо таҳдиди интишори матлаби бардномакунанда дар борааш Исмоилов аз вай пул хоста буд, дастгир гашта, алайҳаш бо иттиҳоми “тамаъҷӯӣ ” аз ҷониби мақомоти интизомии ноҳияи Ашт парванда боз шудааст.
Аммо як манбаъи наздик ба тафтиши парвандаи Исмоилов дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ахиран муфаттиши парвандаи Исмоилов дар канори "тамаъҷӯӣ" алайҳи Исмоилов иттиҳоми нави "қаллобӣ" - ро низ афзудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, гӯё як хонуми дигар низ даъво пеш овардааст, ки Исмоилов аз ӯ ҳудуди 500 сомонӣ барои иншои матлабе гирифт, аммо ваъдаашро ба иҷро нарасонд.
Ҳимоят аз Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори собиқи нашрияи “Нури зиндагӣ” – ро аз замони дастгир шуданаш то имрӯз вакили дифое, ки аз ҷониби давлат таъин шудааст, бар ӯҳда дорад.
Боздошти дубораи Исмоилов дар маҳофили рӯзноманигории Тоҷикистон сару садоҷои зиёдеро баланд кард.
Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифоъ аз маркази ҳуқуқии “Адвокати ту” дар шаҳри Хуҷанд, ки ба хабарнигорони боздоштшуда ё бо фишору таъқиб рӯбарӯшуда ёриҳои ҳуқуқии ройгон мерасонад, соли 2011, замони боздошти аввали Исмоилов, ҳимояти ӯро бар уҳда гирифта, бо пирӯзӣ зерҳимояашро баъди 11 моҳи боздошт раҳо кард. Аммо ин бор Муҳаббат Ҷӯраева ба ҳимояи дубора аз Исмоилов розӣ нашудааст. Хонум Ҷӯраева ба Радиои Озодӣ гуфт, поён ёфтани мӯҳлати иҷозаномаи фаъолияташ намегузорад, то дубора ба ҳимояти Исмоилов бархезад.
Боздошти аввали Муҳаммадюсуф Исмоилов дар моҳи ноябри соли 2010 мавҷи эътирозҳои созмонҳои ҳомии матбуот ва озодии баён дар дохил ва хориҷи Тоҷикистонро ба бор оварда буд. Ӯ он дафъа ба туҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ айбдор мешуд, вале дар маҳофили хабарнигорӣ бар ин бовар буданд, ки мақомоти маҳаллӣ хабарнигорро ба нишони интиқом аз мақолаи интиқодии "Ашт валангор мегардад" таъқиб мекунанд. Фишори созмонҳои маҳалливу байналмилалӣ боис шуд, ки мақомот ақибнишинӣ кунанд. Додгоҳи шаҳраки Табошар моҳи октябри соли 2011 Исмоиловро ба пардохти ҷарима ба маблағи 35 000 сомонӣ маҳкум ва дар ҳамон толор аз боздошт озод кард. Дар моҳи декабр масъулияти пардохти ҷаримаро ҳам аз гардани ӯ бардоштанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад