Саодат Атоева, раиси мурофиаи парвандаи Исмоилов, раиси додгоҳи шаҳри Табошар, пас аз анҷоми сухани охирини Исмоилов дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд дар рӯзи 13-уми окятбр чунин эълон дошт.
Аммо субҳи 13 октябр сухани охирини оқои Исмоилов дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд шунида шуд, ки ӯ гуфт, ба ҳеҷ ваҷҳ худро гунаҳкор намешуморад.
Ба гуфтаи вай, он чӣ дар мақолаҳояш навиштааст, воқеият дорад ва бар пояи озодии баён иншо шудааст, ки онро Қонуни асосии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Афзун бар ин, қонуни Тоҷикистон сензураи давлатӣ ва таъқибу муҷозот барои танқидро манъ кардааст. Хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” зимни сухани ниҳоӣ дар додгоҳ боздошти худро амре ба хотири ҷилавгирӣ аз ошкорбаёнӣ ва озодии воситаҳои ахбори ом номид.
Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов гуфт: "Нафари таҳти ҳимояи ман гуфт, ҳадафи ягонаи ӯ аз навиштани мақолаҳо рушди ҷомеа буд. Вай таъкид кард, ки нисбат ба ягон мақоми ҳукумати ноҳияи Ашт хусумат ва ҳадафи таҳқир ё тӯҳмати онҳоро ҳам надошт. Вай танҳо хоста буд, он камбудҳои воқеии ҷомеа, ки дар мақолаҳояш бозгӯ кардааст, ислоҳ шавад. Исмоилов аз додгоҳ талаб кард, бо ҳукми худ ӯро сафед ва аз толор озод намояд."
Пас аз 10 моҳи боздошт Муҳаммадюсуф Исмоилов бо чеҳраи коҳида ва афтодарӯҳ ба утоқи муҳокимаи додгоҳӣ дар СИЗО-и Хуҷанд ҳозир шуд. Дар утоқи мурофиа ҳудуди даҳ нафар аз хабарнигорони расонаҳои Тоҷикистон ва хориҷӣ, намояндагони дафтари САҲА (ОБСЕ) дар Хуҷанд ва НАНСМИТ ҳузур доштем. Вале додгоҳ ва маъмурияти СИЗО иҷоза надоданд ба ҷуз қаламу дафтар дигар лавозимоти хабарнигориро бо худ ҳамроҳ бигирем.
Исмоилов аз додрас хост, то сухани вопасини худро нишаста бигӯяд. Вай гуфт, боздошти тӯлонӣ сиҳҳаташро хароб карда, рост истодан барояш душвор аст. Зимнан, Исмоилови 52-сола то замони боздошт низ сиҳҳатии комил надошт ва табибон ӯро расман корношоями дараҷаи 3 эътироф карда буданд.
Муҳаммадраҳим Абдуманнофов, узви фаъоли Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон ва яке аз дӯстони Муҳаммаюсуф Исмоилов, ки дар толор ҳозир буд, мегӯяд: "Ин дафъа вазъи саломатии Муҳаммадюсуф аз мурофиаҳои пештара ба маротиб бад буд. Чи хеле, ки дидем, вай ҳатто сухани охирини худро бо азоб ба поён расонд."
Сухани охирини Муҳаммадюсуф Исмоилов дар ҳоле шунида шуд, ки намояндаи додситонӣ аз қозии парванда хоста буд, то ин хабарнигори тоҷикро ба мӯҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум намояд. Додситон ҳамзамон бо таваҷҷӯҳ ба иҷрои Қонуни афв гуфт, ин ҳукм ҳадди ақал 14 сол бошад.
Ин дархости додситон вокунишҳои мухталифро дар миёни хабарнигорон ва созмонҳои хабарнигории дохилу хориҷ ба вуҷуд овард. Аксари созмонҳои хабарнигорӣ ин дархости додситонро "берун аз тасаввур" хонданд. Зеро ба бовари онҳо Муҳаммадюсуф Исмоилов танҳо кори хабарнигории худро анҷом додааст ва намешавад барои баёни ҳақиқати ҳол ӯро ба 16 ё 14 соли зиндон маҳкум кард.
Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикитон, баъди анҷоми мурофиа гуфт, натиҷаҳои додгоҳии ду хабарнигор: Муҳаммадюсуф Исмоилов ва Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Хуҷанд омилҳои рушди озодии баён дар Тоҷикистон ва нишонаи пойбандии ин давлат ба эҳтироми арзишҳои демократиро нишон хоҳад дод.
Ахиран Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) низ бо пахши изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки Муҳаммадюсуф Исмоиловро фавран аз боздошт озод намоянд. Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, боздошт ва парвандаи Исмоиловро натиҷаи фаъолияти хабарнигории ӯ унвон кард.
Дуня Миятович мегӯяд, се бор аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба қазияи Исмоилов расидагӣ кунанд. Аммо то ҳол ҳеҷ посухе дарёфт накардаст. Қарор аст, Миятович масъалаи Муҳаммадюсуф Исмоилов ва ҳамчунин қазияи хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ Урунбой Усмоновро дар як сафари қарибулвуқӯъяш ба Тоҷикистон бо мақомоти ин кишвар баррасӣ намояд.
Бархе аз нозирони ин қазия мегӯянд, шояд бо таваҷӯҳ ба нигарониҳои афзуни созмонҳои байнулмилалӣ мақомот назари худро дар мавриди қазияи Муҳаммадюсуф Исмоилов тағйир бидиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари дигар интизор меравад рӯзи ҷумъа, 14 октябр, ҳукми хабарнигори бахши узбакии Радиои Би-би-сӣ Урунбой Усмонов, ки ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯъи Ҳизби Таҳрир муттаҳам мешавад, низ эълон гардад.