Рухшод Ашӯрбекова, раиси "Рушди Помир", 12 сол зиндонӣ шуд

Рухшод Ашӯрбекова

Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рухшод Ашӯрбекова, раиси созмони қарздиҳии “Рушди Помир”-ро ба 12 сол зиндон маҳкум кардааст. Ду зердасти ӯ, Мурид Мавлоназаров 11 сол ва Умайра Ниёзова 10 сол, аз озодӣ маҳрум гаштанд. Мурид Мавлоназаров солҳои дароз муҳосиби созмони "Рушди Помир" будааст.

Тафсилоти парванда ва ҳукми онҳо маълум нест. Кӯшиши мо барои гирифтани иттилоъ аз Додгоҳи ВМКБ низ то ин дам бенатиҷа буд.

Чанд манбаи огоҳ ва аз ҳам ҷудо рӯзи 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Рухшод Ашӯрбекова ва зердастонаш ба “азхудкунӣ ё исрофкорӣ” (қисми чори моддаи 245-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор дониста шудаанд. Дақиқ нест, ки худи онҳо дар ҷараёни мурофиа иттиҳомро пазируфтаанд ё не.

Ҳукм рӯзи 16-уми ноябр эълон шудааст.

Ёфтаҳои Радиои Озодӣ баёнгари онанд, ки мурофиаи Рухшод Ашӯрбекова моҳҳо ва дар чанд додгоҳ идома кардааст. Номи ӯ дастикам ду дафъа (моҳи декабри соли 2023 ва моҳи феврали соли 2024) дар торнамои Додгоҳи ноҳияи Сино ва дар рӯйхати онҳое зикр шудааст, ки парвандаашон дар ҳоли баррасист.

Рухшод Ашӯрбекова 58-сола аст ва аз соли 2011 раёсати созмони “Рушди Помир”-ро бар уҳда дошт. Ин созмон, ки аз тарафи Бунёди Оқохон мадади молӣ медид, ба сокинони ниёзманд барои рушди кишоварзӣ ва бахшҳои дигар қарз медод.

Амран Мусифшоев, писари Рухшод Ашӯрбекова, соли 2021, пас аз нооромӣ дар Хоруғ дастгир ва моҳи феврали соли 2022 зиндонӣ шуд. Вай мураббии муҳорибаҳои омехта ё ММА аст.

Алим Шерзамонов

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, эътилофи се созмони мухолиф дар Аврупо, гуфт, "то ҷое Рухшод Ашӯрбековаро мешиносам, инсони покиза буд. Тайи чанд сол, ки дар Хоруғ будам, нашунидам, ки пулеро аз худ карда бошад. Фаъолияти мусбат ва коршоямии ӯро ба назар гирифта, соли 2011 масъули ин созмон таъйин таъйин карданд."

Ӯ ҳукми Рухшод Ашӯрбековаро "идомаи фишор ба кори созмону ширкатҳои вобаста ба Бунёди Оқохон" дар Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон донист.

Аз соли 2022, пас аз саркӯби хунини норозиён дар Хоруғу Рӯшон, ки боис ба боздошту ҳабси даҳҳо фаъоли мадании ВМБК гардид, чанд муассисаи вобаста ба Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон давлатӣ шуда, ё номашро дигар кардааст.

Моҳи сентябри соли 2023 ба ҷойи Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ "Литсей барои хонандагони болаёқат" ба кор сар кард. Литсейи Оқохон 25 сол фаъол буд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, як сабаби давлатӣ кардани литсей ин буд, ки "берун аз нақшаи таълимӣ кор мекард ва муҳассилони он забони тоҷикиро намедонистанд." Намояндагони созмони Оқохон дар Хоруғ ин иддаоро беасос донистанд.

Додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соле пеш хоста буд, ки як қарори раиси шаҳри Хоруғ (аз соли 2018) ва иҷозатномаи давлатӣ (аз соли 2019) дар пайванд ба Маркази тиббии Оқохон беэътибор дониста шавад. Маркази тиббии Оқохон (Aga Khan Medical Centre) ҷузъе аз Хадамоти Оқохон дар мавриди тандурустӣ (Aga Khan Health Service) аст. Он соли 2018 дар Хоруғ бо маблағи 25 миллион доллар сохта шуд.

Замини Донишгоҳи вобаста ба Шабакаи Оқохон ва меҳмонхонаи “Серена” дар Хоруғ низ ба ихтиёри давлат гузаронда шуданд. Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғ, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буд, ба моликияти давлатӣ табдил табдил дода шуд.

Бунёди Оқохон то кунун дар бораи амалкарди мақомот дар Бадахшон ва давлатӣ шудани амволи зерсохторҳояш дар Тоҷикистон расман чизе нагуфтааст. Созмону кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Афви Байнулмилал (Amnesty International), аз саркӯбу шиканҷа ва пайваста поймол шудани ҳуқуқи помириҳо изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ин мавридҳоро таҳқиқ кунад.