Моҳи майи соли 2022, дар пайи эътирози мардум ва амалиёти мақомот дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ба иттилои расмӣ, 29 кас ва ба маълумоти ёфтаи Радиои Озодӣ 34 кас кушта шуданд. Даҳҳо нафари дигар дастгиру зиндонӣ гардиданд. Мақомот ҳамвора онҳоро узви гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҳамкорони созмонҳои мамнуъ муаррифӣ мекунанд, вале наздиконашон ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аксарият силоҳ надоштанд ва аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ буданд. Радиои Озодӣ рӯйхати 34 кушташудаи амалиёти мақомотро дар Бадахшон гирд овард ва ҳоло онро дигарбора ёдрас мекунем: