Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 27 сокини Язгулом. Муовини вазир аз "Ансоруллоҳ" гуфт


Абдураҳмон Аламшозода
Абдураҳмон Аламшозода

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, силсилаи боздоштҳоро дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ (ВМКБ) тасдиқ кард.

Қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар моҳи май дар ин минтақа ҳудуди сӣ нафар дастгир ва аксари онҳо барои бозпурсӣ ба Душанбе бурда шудаанд. Номи 20 нафари онҳо маълум ва нашр шуд.

Аламшозода рӯзи 8-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, то ин дам 27 сокини Язгуломро барои узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дастгир кардаанд. “4 нафари дигар дар хориҷи кишвар дар кофтукоб ҳастанд,” – афзуд ӯ.

Ҳамдеҳагон ва наздикони боздоштшудаҳо дар бораи дурустӣ ё нодурустии ҳарфи мақомот гап назаданд. Маълум нест, ки то куҷо парвандаи боздоштшудаҳо дуруст тафтиш мешавад ва айби эълоншуда алайҳи онҳо бо чӣ далел асос ёфтааст.

“Ансоруллоҳ” ё “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон террористӣ ва фаъолияташ мамнуъст, дар ҳудуди Афғонистон фаъол аст ва аксар пайравонаш зодагони Тоҷикистон. Муовини аввали вазири корҳои дохилӣ дар мавриди гуё гузаштани афроди “Ансоруллоҳ” аз Афғонистон ба Тоҷикистон посухи рӯшан надод ва гуфт, “ин факт ҳоло омӯзиш шуда истодааст”.

Амалиёти боздошти сокинони ҷамоати Язгулом дар нимаи дувуми моҳи майи имсол сурат гирифтааст. Манбаъҳои боварбахши Радиои Озодӣ гуфтанд, аксар боздоштшудаҳо аз деҳаи Жамак ва Андарбаки Язгулом ва хешутабори ҳамдигар ҳастанд.

Язгулом, ҷамоате дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст. Мақомот пештар гуфта буданд, ки даҳҳо сокини ин ҷамоат ба гурӯҳҳои тундрав дар хориҷ аз кишвар пайвастаанд.

Сокинони Язгулом мегӯянд, ин минтақа дурафтода буда, бошандагонаш кору зиндагии хуб надоранд ва ягона роҳи ҳалли душворӣ беҳтар кардани шароити зиндагии дар онҷост.

XS
SM
MD
LG