Гузориш: "Нажодпарастон бештар ба тоҷикону узбакҳо ҳамла мекунанд"

Муҳоҷирони корӣ дар Санкт-Петербург.

“Сова”-маркази ҳифзи ҳуқуқ дар Маскав гузориш додааст, ки аз аввали соли ҷорӣ то ҳол дар ҳамлаҳои бегонаситезон ва тундравҳои миллатгарои рус 8 нафар кушта ва 31 нафари дигар лату кӯб шудаанд.
Ҳамлаҳои бегонаситезон дар 11 минтақаи Русия сабти ном шудааст. Дар гузориш омадааст, ки моҳи апрел аз дасти бегонаситезон 6 нафар осеб дидаанд ва яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав ба қатл расидааст.

Вале шоҳидони айнӣ шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, фақат дар як ҳафтаи моҳи апрел аз 18 то 25 апрел ва фақат дар шаҳри Маскав 3 шаҳрванди Тоҷикистон аз дасти тундравҳои миллатгаро ва бегонаситезон ваҳшиёна ба қатл расидаанд.

Дар мусоҳибае бо Александр Верховский-раиси маркази «Сова» дар Маскав аз вай пурсидам, то чӣ андоза маълумоти ин марказ бо назардошти қатлҳои охир такмилшуда аст?

Верховский: Албатта маълумоти мо наметавонад мукаммал бошад, барои ҳамин мо дақиқ гуфта наметавонем, ки чанд кас кушта шудаанд. Вале дар бораи 8 нафар маълумот дорем. Тибқи маълумоти мо, соли гузашта дар маҷмӯъ 22 нафар кушта шуда буданд. Вале дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ 8 нафар кушта шудаанд ва агар барои ҳар се чаҳормоҳаи дигар ҳамин миқдорро тахмин занем, шумораи умумӣ ба 24 мерасад, ки аз соли гузашта зиёд хоҳад буд. Аз сӯи дигар, мо маълумотро хеле дер дарёфт мекунем. Ҳатто баъд аз чанд моҳ ё ҳатто баъд аз як соли куштор маълумот ба мо мерасад. Ва маълумоти чаҳормоҳаи аввали соли ҷорӣ низ мукаммал нест. Бо вуҷуди ин вазъ бадтар шудааст. Раванди афзоиши кушторҳо соли гузашта оғоз шуда буд ва порсол аз як соли пеш бештар буд. Имсол ҳам мумкин аст аз соли гузашта бештар шавад. Ин як раванди таассуфбор аст, чунки солҳои пеш сол то сол коҳиши кушторҳо мушоҳида мешуд.

Суол: Маъмулан чӣ шахсоне ва шаҳрвандони кадом кишварҳо бештар қурбони ҳамлаҳои бегонаситезон ва миллатгароҳо мешаванд?

Верховский: Бештар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди ҳамла қарор мегиранд. Дар асл мо ба шаҳрвандии онҳо дар кишваре таваҷҷуҳ намекунем. Вале аксаран ба шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистон, Қирғизистон ва амсоли он ҳамла сурат мегиранд. Маъмулан дар гузоришҳои мо навишта мешавад, ки қурбонии ҳамла, масалан, ғайриславянӣ мебошад.

Александр Верховский-раиси маркази «Сова»

Суол: Рӯзҳои охир чунин ҳамлаҳо мисли ин ки афзоиш ёфтааст. Масалан, гузоришҳое, ки ба мо мерасад ҳокист, ки фақат дар Маскав аз 18 то 25 апрел се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаҳои бегонаситезон ё миллатгароҳо кушта шудаанд. Ба назари шумо сабаби афзоиши чунин ҳамлаҳо чӣ аст?

Верховский: Ман дар бораи ин се куштор дар моҳи апрел маълумот надорам. Ба мо куштори се шаҳрванди Тоҷикистон маълум нест. Вале мо дақиқ мекунем ва кушторҳоеро сабт мекунем, ки омили нажодпарастӣ ё миллатгароии онҳо собит шудаанд. Албатта, мо баъзе кушторҳоро ҳам фаромӯш мекунем. Барои он, ки моҳи апрел акнун тамом шуд, маълумоти мо барои ин моҳ комил нест. Аз сӯи дигар, дар моҳи апрел миллатгароён зодрӯзи Гитлерро баргузор мекунанд.

Суол: Чаро нажодпарасон ба хориҷиён ҳамла мекунанд ва бештар чӣ афродеро ҳадаф қарор медиҳанд?

Верховский: Албатта нажодпарастон дар мо зиёданд, вале баъзеи онҳо дар ҳамлаҳо ширкат мекунанд. Онҳое ҳамла мекунанд, ки рӯҳияи таҷовузгарӣ доранд. Мо соли гузашта назархоҳӣ анҷом додем. Аз се ду ҳиссаи аҳолӣ бар ин ақидаанд, ки муҳоҷирон ё омадаҳоро аз кишвар бояд биронанд. Вале ин танҳо ақида аст. Ин ба маънои он нест, ки мусаллаҳ шавӣ ва касеро бикушӣ. Албатта ононе ба куштор даст мезанданд, ки рӯҳияи таҷовузгар доранд.

Суол: Шумо фикр намекунед, ки дар паси чунин миллатгароҳо дар доираҳои муайян касоне қарор доранд?

Верховский: Ман ин масъаларо аз 20 сол ба ин сӯ меомӯзам. Албатта, ҳамеша байни гурӯҳҳои тундрав баъзе робитаҳо вуҷуд дорад. Сохторҳо чунин гурӯҳҳоро ташкил намекунанд ва зарурате ҳам барои он вуҷуд надорад. Онҳо дар гурӯҳҳои камшумор худашон ташкил мешаванд. Сохторҳо баръакс талош мекунанд, ки онҳоро муҳор кунанд. Баъзе вақт онҳо комёб мешаванд ва баъзе вақт на. Албатта, пулис бо онҳо муборизаи кофӣ анҷом намедиҳад, вале гуфта наметавонем, ки ин гурӯҳҳоро пулис ташкил кардааст.