Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

А. Достиев: “Мо ба мақомоти Русия нота додем”


Ҷавони мавриди ҳамлаи нажодпарастони рус.
Ҷавони мавриди ҳамлаи нажодпарастони рус.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар робита ба видеои латукӯби шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия нота додааст.

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, бо пайдо шудани видеои латукӯби дастҷамъонаи як шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи нажодпарастони рус дар охири моҳи март ва аввалҳои апрел Сафорати Тоҷикистон ба мақомоти Русия нота фиристода буд, вале то ҳанӯз посухе аз онҳо дарёфт накардааст.

Дар ин навори видео, ки дар чандин шабакаи иҷтимоӣ пахш шудааст, як тоҷике ҳадафи зарбаҳои ваҳшиёнаи ҷавонакҳои рус қарор гирифта, аз онҳо хоҳиш мекунад, бераҳмӣ накунанд, зеро ҳамаи инсонҳо бародари ҳаманд. Вале русҳо бо кароҳат ӯро ҳушдор медиҳанд, ки ба онҳо даст нарасонад ва агар худашро ба рӯдхона напартояд, ӯро хоҳанд кушт.

Дар оғози навор яке аз нажодпарастон, ки худро “натсионал-сотсиалистҳои рус” меноманд, бо санги калоне ба сари тоҷик, ки рӯйи алафҳо афтодааст, мезанад ва фиғони муҳоҷир баланд мешавад. Танҳо пайдо шудани афроде дар наздикии ҷои воқеа тоҷик метавонад, онҳоро ба кӯмак хоста, фирор кунад.

Наворро мешавад, бо пахши ин ҷумла дид.

Абдулмаҷид Достиев: “Ин бисёр як навори бераҳмона ва ғайриинсонист. Асаби кам намебардорад, онро то охир бубинад. Кас бисёр эҳсосотӣ мешавад, зеро ҳар кас дар симои ин ҷавон фарзанди худ ё бародари худро мебинад."

Суол: Аммо амалкарди Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин масъала чӣ будааст?

Абдулмаҷид Достиев: “Мо ин видеоро аз интрнет кашида дар чаҳор диск сабт кардем ва якеро ҳамроҳи нотаи сафорат ба Додситонии
Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия.

кулли Русия фиристодем. Дувумиро ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва аз тариқи вазорат ба тарафи Русия, яъне Вазорати умури хориҷии Русия нота фиристода шуд. Посух ба он ҳанӯз нарасидааст, вале тарафи Русия умдатан чунин ҷавоб медиҳад, ки омилони рӯйдодро ҷустуҷӯ доранд, вале ҳанӯз пайдо накардаанд."

Суол: Оё талош кардед, ки ин ҷавон ва наздикони ӯро пайдо кунед?

Абдулмаҷид Достиев: “Бисёре аз ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик, манзурам, ҷомеаҳои фаъолу пойдор, вагарна ҳар кас ин ҷо бо ду-се хешу табори худ ҷамъият дуруст кардааст, дар ҷустуҷӯи ин ҷавонанд. Вале, мутаассифона, дар он ҷо на ном асту на ҷои воқеа ва то ҳанӯз ҷавобе дастрас накардаем. Сипас мо ин навор ва номаи худро ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ фиристодем, то наздикони ҷавонро пайдо кунем.”

Суол: Шумо бовар доред, ки мақомоти Русия зимни муроҷиати Шумо даст ба чорае хоҳанд зад?

Абдулмаҷид Достиев: “Дар чанд соли охир мо мебинем, ки мақомоти Русия ба муроҷиату дархостҳои мо ба таври ҷиддӣ бархӯрд мекунанд. Дар чанд воқеа вокуниши онҳо хеле ҷиддӣ буд. Масалан, омилони чунин ҳамлаҳо боздошт ва муҷозот шуданд. Аммо дар ин маврид ҳанӯз посух нагирифтаем, то поёни ин моҳ интизор мебошем ва сипас, бори дигар муроҷиат мекунем. Шояд сабаб дар он аст, ки ин як кишвари паҳновар аст ва ҳатто дар кишварҳои хурди мисли кишвари мо низ на ҳамаи қазияҳо рӯшан мешаванд. Агар дар хотир дошта бошед, дар оғози соли 2008 наворе паҳн гашта буд, ки чанд нафар бо рамзҳои фашистӣ кушторе анҷом доданд ва яке аз қурбониёнро шаҳрванди Тоҷикистон номиданд. Аммо дертар маълум шуд, ки онҳо аз Тоҷикистон набуда, аз Доғистон будаанд. Ин парванда ҳам то охир фош нашудааст ва посухҳое, ки мо мегирем, моро қонеъ намекунад. Биноан, то ҳоло ду қазия ҳамин гуна муаллақ боқӣ мондаанд."

Муроҷиат ба хонандагон: Агар ҷавонеро, ки дар ин навор мебинед, мешиносед ва ё дар куҷо будани ӯро медонед, лутфан, ба мо иттилоъ диҳед.
XS
SM
MD
LG