Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, дар як тамоси телефонӣ аз Маскав гуфт, пас аз баҳсу баррасӣ онҳо ба хулосае омаданд, ки бояд барои ҳалли мушкили муҳоҷирон як Шӯро ташкил бишавад.
Вай гуфт, ин Шӯро аз намояндагони қишрҳо ва манотиқи мухталифи Тоҷикистон таркиб ёфта, новобаста аз вақту макон нисбат ба сарнавишти муҳоҷирон бетараф набошад, вокуниш нишон бидиҳад ва барои ҳалли мушкили онҳо бикӯшад.
“Дигар бо ин парешонӣ як миллат дар муҳоҷират наметавонад зиндагӣ кунад. Нанговараш ҳам он аст, ки бародарони мо аз дасти худи тоҷикон кушта мешаванд. Ҷанҷол миёни худи тоҷикон низ кам нест”,-афзуд ӯ.
Дар мавриди навори латукӯби муҳоҷири тоҷик Иззат Амон гуфт, онҳо дар қадами аввал талош доранд, то ҳуввияти нафареро, ки дар навор ба унвони муҳоҷири ҷавони тоҷик мавриди латукӯб қарор гирифтааст, мушаххас намоянд. Аммо ҷаноби Амон эҳтимоли фармоишӣ будани ин наворро ҳам сарфи назар намекунад. Вай мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, ки Тоҷикистону Русия бо ҳам забон намеёбанд, ин навор метавонад вазъиятро боз ҳам мушкилтар бикунад.
Вай афзуд, “мо дар ин гумон ҳам ҳастем, ки шояд ин навор фармоишӣ бошад. Метавонанд ин наворро ташкил карда партоянд, то байни тоҷикҳову русҳо танишҳо пайдо бишавад.”
Бино ба гуфтаи Иззат Амон, қарор аст дар рӯзҳои наздик онҳо бо мақомоти Вазорати умури дохилии Русия вориди гуфтугӯ шаванд ва аз онҳо бихоҳанд, ки иштирокдорони латукӯби муҳоҷири ҷавони тоҷикро пайдо намоянд.
Видеои латукӯби шудани ҷавони тоҷик дар Русия ҳамоно мавриди баҳс аст, аммо то ҳанӯз ҳувияти ӯ шиносоӣ нашудааст. Мақомоти давлати Тоҷикистон низ мегӯянд, дар ҷустуҷӯи ӯянд. Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба Радиои Озодӣ гуфт, нусхаи ин навор ба Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фиристода шуд, то ҳувияти ҷавон муайян гардад.
Дар видео дида мешавад, ки муҳоҷир забони русиро намедонад ва ҳангоми ҳадафи зарбаҳои ваҳшиёнаи ҷавонакҳои рус қарор гирифтанаш, аз онҳо хоҳиш мекунад, бераҳмӣ накунанд, зеро ҳамаи инсонҳо бародари ҳаманд. Вале русҳо бо кароҳат ӯро ҳушдор медиҳанд, ки ба онҳо даст нарасонад ва агар худашро ба рӯдхона напартояд, ӯро хоҳанд кушт.
Дар оғози навор яке аз нажодпарастон, ки худро “натсионал-сотсиалистҳои рус” меноманд, бо санги калоне ба сари тоҷик, ки рӯйи алафҳо афтодааст, мезанад ва фиғони муҳоҷир баланд мешавад. Танҳо пайдо шудани афроде дар наздикии ҷои воқеа тоҷик сабаб мешавад, ки муҳоҷир онҳоро ба кӯмак хоста, фирор кунад.
Муҳоҷир забони
русиро намедонад ва ҳангоми ҳадафи
зарбаҳои ваҳшиёнаи ҷавонакҳои рус қарор гирифтанаш, аз онҳо хоҳиш мекунад, бераҳмӣ накунанд...
Вай гуфт, ин Шӯро аз намояндагони қишрҳо ва манотиқи мухталифи Тоҷикистон таркиб ёфта, новобаста аз вақту макон нисбат ба сарнавишти муҳоҷирон бетараф набошад, вокуниш нишон бидиҳад ва барои ҳалли мушкили онҳо бикӯшад.
“Дигар бо ин парешонӣ як миллат дар муҳоҷират наметавонад зиндагӣ кунад. Нанговараш ҳам он аст, ки бародарони мо аз дасти худи тоҷикон кушта мешаванд. Ҷанҷол миёни худи тоҷикон низ кам нест”,-афзуд ӯ.
Иззат Амон бо муҳоҷире, ки дар пайи таркиш дар фурудгоҳи "Домодедово" захмӣ шудааст, сӯҳбат мекунад (Акс аз бойгонӣ)
То кунун аъзои ин Шӯро таъйид нашудааст. Иззат Амон ҳам мегӯяд, ин Шӯро бояд бо иштироки тамоми намояндагони созмонҳо ва ҷунбишҳои муҳоҷирон дар Русия ташкил шуда, салоҳият дошта бошад. Ӯ гуфт: “Дар як ҷое метавонад дурушттар ва дар ҷое нармтар бошад, рафтор кунад. Яъне, ин Шӯро роҳҳои гуногуни ҳалли масоилро пайдо кунад ва фаъолият барад. Дар оянда низ барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон саҳлангорӣ накарда, саривақт талош бикунад.”Дар мавриди навори латукӯби муҳоҷири тоҷик Иззат Амон гуфт, онҳо дар қадами аввал талош доранд, то ҳуввияти нафареро, ки дар навор ба унвони муҳоҷири ҷавони тоҷик мавриди латукӯб қарор гирифтааст, мушаххас намоянд. Аммо ҷаноби Амон эҳтимоли фармоишӣ будани ин наворро ҳам сарфи назар намекунад. Вай мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, ки Тоҷикистону Русия бо ҳам забон намеёбанд, ин навор метавонад вазъиятро боз ҳам мушкилтар бикунад.