Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ман ҳам ғуломеро дидаам


Ин шарҳест, ки дар ҳошияи “Фоҷиаи ғуломии як ҷавони тоҷик”, навиштаи ҳамкори мо Ҳарамгули Қодир ба мо расид.

Сайфулло, муҳоҷири тоҷик аз Маскав
Саломалейк. Ташаккур Ҳарамгул воқеан ҳам қиссаи ин бародар сараввал дарди ҷомеаи кунунӣ буда, баъд дарди рӯҳиву ҷисмии Муҳаммад аст.

Имрӯз кам нестанд нафароне, ки бо нияти пайдо кардани қути лоямуте аз ватан бурун мегарданд ва дар баробари убури марзи Тоҷикистон ва ворид шудан ба марзи кадом як давлате хоҳ Русия бошад, хоҳ Қазоқистону хоҳ Узбакистон аллакай он шиносномае, ки шаҳрванди Тоҷикистон дорад, қадри худро гум мекунад ва ҳама он қарордодҳои байнидавлативу гуфтушунидҳои дипломатӣ вобаста ба дифоъи ҳуқуқи шаҳрванди Тоҷикистон, ба хусус муҳоҷирон поймол мешаваду он нафар аз надонистани ҳуқуқҳои худ ва ё забони муоширати он миллат бевосита ба он он вартае меафтад, ки ҳуқуқҳояш на танҳо аз тарафи полис ё гурӯҳи роҳзанҳову нажодпарастон, балки аз тарафи як нафар шахс поймол гардида, ғуломи нафаре мегардад, ки ҳам аз сиёсат ва ҳам аз поймолкунии ҳуқуқи шаҳрванде дарак ва парво надорад, зеро ӯ пул дораду ҳама мушкилиҳояш бо пул ҳал мешавад...

Масалан, соли 2008 як ҳамсинфам наздам омаду гуфт, ки як хешбачаашро, ки муддати 10 моҳ бедарак буд, пайдо кардаанд. Гӯё касе ба ӯ занг задаасту гуфтааст, ки дар кадом як деҳаи вилояти Тула даҳмардагӣ мекунад. Ва аз ман хоҳиш карданд, ки агар имкон бошад, хамроҳи ӯ рафта, хешашро ёбем. Хулоса як ӯуз то бегоҳ (бахшиш номи деҳаро фаромӯш кардам) ҳамон деҳаро ҷустем ва пас маълум шуд, ин деха дар сарҳади Воронеж ва Тула карор доштааст. Дақиқтараш он ҷо деҳа не, намедонам онро чӣ гӯям... роҳи мошингард надорад, фақат тобистон рафтан мумкин асту тамом, мардум асосан пиронсолон хастанду халос.

Пас аз пурсуҷӯ як пиразани рус ба мо гуфт, ки дар ин деҳа танҳо як марди озарӣ бо ду нафар хешаш ба чорводорӣ машғул аст.

Ба он ҷо расидан баробар он нафареро, ки ба ҷустуҷӯяш омада будем, пайдо кардем. Як ҳоли зоре дошт. Дар танаш либосҳои бениҳоят ифлос, ришу мӯяш расида, нохунҳояш, бовар кунед ба навиштан рост намеояд, бехад дароз (ба ғулом буданаш пас аз дидани ин манзара бовар кардам).

Моро дидан баробар намедонист, аз хурсандӣ чӣ кор кунад ҳамроҳаш як ҷавони узбак кор мекард, вақте пурсидем, ки ин хонаи кист ва ӯ ин ҷо чӣ кор мекунад ва чаро қариб як сол аст аз худ хабаре намедиҳад.
Вай гуфт: "Дед Саш мора мезана, пулмона баъд худаш роҳӣ мекуна, мара набаре, ки дед Саш ҷӯраҳои бандит дора, миласахонадам шиносош бисёранд...”

Бовар кунед чизе ин ҷо аз худ илова накардам. Хулоса, он рӯз ё такдири ин нафар ё такдири мо баландӣ кард, ки хозяин (аз забони ҷабрдида) он ҷо набуд ва мо ӯро аз асорат гӯям ё аз ғуломӣ гӯям, намедонам, раҳо кардем.

Фақат худашро, зеро дар масъалаи ҳуҷҷатҳояш, гуфт, гӯё “Дед Саш” онҳоро гирифта бошад, ягон маълумот ҳам пайдо карда натавонистем. Ҳарчанд баъдан ба он рақамҳое, ки ба мо доданд, ба “Дед Саш” занг задем танҳо як мартаба ҷавоб доду дигарбора, пас аз фаҳмидани ҳақиқати ҳол телефонаш дигар ҷавоб надод.

Пас аз чанд муддат аз тарафи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия маълумотнома гирифта, он ҷавонро ба хона фиристодем.

Ин танҳо як воқеаест, ки шахсан ман шоҳид ва ширкаткунандаи он будам. Пас моро мебояд сараввал аз ҳамаи ҳуқуқҳои худ огоҳ ва бархурдор бошем ва ғами ҳамдигарро хӯрда, тифоқу якҷоя амал кунем, шояд он гоҳ чунин ҳодисаҳо камтар рух дихад.Шояд!!!
XS
SM
MD
LG