Парвандаи Гулмурод Ҳалимов ба додгоҳ меравад

Гулмурод Ҳалимов

Бар асоси як тағйири нав дар Кодекси ҷиноятӣ, молу мулки он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои ташвиқ ва ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ айбдор шудаанд, мусодира мешавад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, таҳқиқи парвандаи Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик тақрибан ба поён расидааст ва мумкин аст, онро ба зудӣ ба додгоҳ фиристанд.

Полковники тоҷик моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон фирор кард ва ба сафи гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ пайваст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ рӯзи 15-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи Гулмурод Ҳалимов барои ирсол ба додгоҳ омода мешавад. Дар Тоҷикистон бар асоси қонун аз соли 2017 додгоҳҳо ҳақ доранд, ҳукми муттаҳам ба ҷиноятро дар ғайбашон содир кунанд.

Сарнавишти Гулмурод Ҳалимов маълум нест.

Ба гуфтаи манбаъ, далелҳое, ки ширкати Гулмурод Ҳалимов дар ҷангҳои хориҷиро тасдиқ мекунанд, дар доираи як парвандаи бузург ҷамъоварӣ шудааст.

Гулмурод Ҳалимов дар Тоҷикистон ба “зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ” айбдор мешавад. Ӯ таҳти таҳрими Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад ва Амрико барои маълумоти арзишманд дар бораи макони ӯ 3 миллион доллар подош ваъда кардааст.

Эҳтимоли мусодираи молу мулки Гулмурод

Парвандаи Гулмурод Ҳалимовро дар ҳоле ба додгоҳ мефиристанд, ки бар асоси як тағйири нав дар Кодекси ҷиноятӣ, молу мулки он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ташвиқу ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ айбдор шудаанд, мусодира мешавад.

Гулмурод Ҳалимов дар миёни дигар ҷангҷӯёни тоҷик аз доротарин фард маҳсуб мешуд. Дар навори таблиғиаш мегуфт, ки “тамоми дороиашро канор гузошта” ба гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастааст. Пайвандонаш мегуфтанд, ки ӯ дар Душанбе ва Варзоб ду хона дорад ва дар зодгоҳаш Дараи Фонӣ як маҷмаи варзишӣ бунёд мекард.

Гулмурод Ҳалимов то охири соли 2016 дар наворҳои таблиғии ДИИШ пайдо мешуд, вале пас аз эълони подош барои хабар дар бораи ӯ дигар дар наворҳо зоҳир нашуд.

Пештар гуфта мешуд, ки ӯ дар манотиқи зери назари “Давлати исломӣ” дар Сурия ва ё Ироқ қарор дорад. Борҳо хабари маргаш нашр шуд, вале ҳеҷ гоҳ он тасдиқи пурраи худро наёфтанд.

Ҳафтаи гузашта вакилони Маҷлиси олӣ ба моддаи 57-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “мусодираи молу мулк” тағйирот ворид карданд, ки бар асоси он, шаҳрвандоне, ки “дар хариду фурӯши одамону истифодаи силоҳҳои кимиёвӣ даст доранд ва онҳое, ки дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат мекунанд, молу мулкашон мусодира хоҳад шуд”.

Мусодираи молу мулк инчунин нисбати онҳое татбиқ мешавад, ки нияти ширкат дар ҷангҳои хориҷиро доштанд. Рӯзи 15-уми май дар палатаи болои парлумони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тағйироти мазкур бар асоси талабот ва тавсияҳои “Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм ва санадҳои дахлдори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст”.

“Аксари ҷангҷӯён соҳиби молу мулк набуданд”

Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ мегӯяд, аксари онҳое, ки ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд, ҷавонони аз 18 то 35 соларо ташкил медиҳанд, ки дороии зиёд надоштанд.

“Агар молу мулк ҳам дошта бошанд, танҳо аз манзили зист иборат ҳастанд. Дар манзили зисти аксарашон кӯдакони ноболиғ ва дигар пайвандон зиндагӣ мекунанд. Ин тарафи масъаларо низ бояд ба инобат гирифт, ки агар молу мулки ӯ гирифта шавад, кӯдакону занон чӣ мекунанд. Агар дар Тоҷикистон ҳабс шуда бошад, вақте аз маҳбас озод шавад, хона надошта бошад, тақдираш чӣ мешавад. Аз ин рӯ, дар қонунгузорӣ бояд манфиати дигар аъзоёни оилаи чунин шаҳрвандон ҳам ба назар гирифта шавад”- гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон аз аввал барои пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ ва ифротӣ дар хориҷи кишвар аз 5 то 20 соли зиндон таъйин карданд ва баъдан ҷазоҳо сахттар шуд.

То кунун додгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо нафарро барои ташвиқи ширкат дар ҷанг ва ҳам узвият дар гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки на камтар аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва хабари кушта шудани 500 нафари онҳо тасдиқ шудааст.