Соли гузашта дар ҷангҳои Ироқу Сурия беш аз 150 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин афрод дар сафи гурӯҳҳои террористӣ меҷангиданд. “Соли гузашта 111 шаҳрванди Тоҷикистон бо ихтиёри худ ба ватан баргаштанд ва ҳамаашон аз ҷавобгарӣ озод шудаанд”, - афзуд вазир.
Рамазон Раҳимзода дар идома гуфт, соли гузашта ниҳоди зери раҳбарии ӯ тақрибан чиҳил амали террористиро ошкор кардааст. “Аз ин ҳисоб 16 сӯиқасд ба терроризм мебошад”, - шарҳ дод ӯ.
Вазири корҳои дохилӣ нақши мақомоти қудратиро дар ошкор кардани ҳодисаҳои террористӣ дар кишварҳои дигар низ назаррас донист. Вай гуфт, “бар асоси саривақт пешниҳод кардани маълумот дар боари ҳодисаҳои террорристӣ, аз ҷумла дар Русияву Чин, Қазоқистон ва Узбакистону Украина чандин ҷиноят ба қайд гирифта шудааст”.
Вазир дар бораи Гулмурод Ҳалимов: "То ҷое медонем, ӯ кушта шудааст"
Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, чунин маълумотро аз ҷониби шарикони русии худ дарёфт кардаанд ва ҳоло дурустии онро бо роҳҳои худ таҳқиқ мекунанд.
Рамазон Раҳимзода рӯзи 8-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар робита ба сарнавишти Гулмурод Ҳалимов гуфт, "то ҷое медонем, вай кушта шудааст".
Раҳимзода дар робита ба изҳори назари Ҳенри С. Эшнер, муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки чанд рӯз қабл дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ баён дошт, "ҳоло дар мавқее нестем, ки хабари кушта шудани Гулмурод Ҳалимовро тасдиқ кунем", гуфт, "беҳтар аст, инро аз худи онҳо бипурсед."
Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи дастаи таъиноти махсус ё худ ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон ғайб зад ва моҳи май бо нашри як паёми видеоӣ гуфт, ки ба ДИИШ пайвастааст. Як сол пас, моҳи феврали соли 2016, Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуввуми ӯ низ аз Тоҷикистон фирор кард.