Як муфаттиши собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки ба қавли худаш дар хориҷи кишвар қарор дорад, ҷузъиёти амалиёти тобистони соли гузашта алайҳи наздикони Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро ошкор кард. Капитани милиса Иззатулло Дадабоев, ки иддао мекунад, парвандаҳои ҷиноятии марбут ба терроризмро таҳқиқ мекард, рӯзи 19-уми апрел дар суҳбати вижа бо Радиои Озодӣ гуфт, фирори бародарони Гулмурод Ҳалимов ба тарафи Афғонистон аз ҷониби худи полковник Ҳалимов роҳнамоӣ мешуд.
Афзал, бародари Гулмурод Ҳалимов, дарро боз кард ва бо корд ба ҳамкори мо ҳуҷум намуд. Ҳамон вақт ба сӯи онҳо тир кушода шуд
Ин муфаттиши собиқ гуфт, қарор буд, бародарону наздикони Гулмурод Ҳалимов зинда дастгир шаванд, аммо баъди нигоҳ доштани мошин ва ҳамлаи яке аз онҳо бо корд ба сӯяшон оташ кушода шуд. Дар дохили мошин, дар маҷмуъ, ҳафт пайванди Гулмурод Ҳалимов буданд. Чаҳор нафари онҳо дар ин ҳодиса дар деҳаи Ибратии ноҳияи Восеъ, наздикии марз бо Афғонистон, кушта шуда, се нафари дигарашон боздошт гардида, баъдан ба зиндон маҳкум шуданд. Мақомот гуфтанд, ки онҳо ба сафи гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" дар Афғонистон пайвастанӣ буданд.
Иззатулло Дадабоеви 34-сола, ваколатдори собиқи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, рӯзи 19-уми апрел гуфт, бар асоси иттиллое, ки онҳо ба даст оварда буданд, бародарони Гулмурод Ҳалимов бо раҳбаладии ӯ тариқи паёмрасонҳои интернетӣ, озими минтақаи Дашти Арчии Афғонистон буданд.
Ба қавли ӯ, мошини навъи "Старекс"-ро, ки наздикони Ҳалимов дар он буданд, се мошини Раёсати корҳои дохилии Душанбе пайгирӣ мекард. “Назди деҳаи Ибратии ноҳияи Восеъ, зери кӯҳи намаки Хоҷа Мӯъмин пеши роҳи мошин гирифта шуд. Анвар Ҳусейнов, ҳамкори мо ба назди мошини Ҳалимовҳо рафт. Афзал, бародари Гулмурод, дарро боз кард ва бо корд ба ӯ ҳуҷум намуд. Ҳамон вақт ба сӯи онҳо тир кушода шуд”, - гуфт ӯ.
“Гулмурод нияти ба Афғонистон рафтан дошт”
Ба гуфтаи муфаттиши собиқ, то моҳи июли соли гузашта Гулмурод Ҳалимов бо Назир Ҳалимов, бародараш ва Мирзомурод Бобокалонов, тағояш иртибот дошт. Аксҳои “селфи”-и Гулмурод Ҳалимовро бо духтараш аз телефони Назир Ҳалимов пайдо кардаанд. Муфаттиши собиқи тоҷик мегӯяд, бародари полковники ифротии тоҷикро худаш бозпурсӣ кардааст
“Баёноти Назир Ҳалимовро гирифтам. Худи иқрори ӯ ва тафтиши мо собит кард, ки ин гурӯҳи ҳафтнафарӣ бевосита бо роҳнамоии Гулмурод Ҳалимов ба Афғонистон мерафтанд. Худи Гулмурод онҳоро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбаладӣ мекард, ки ба Дашти Арчӣ бираванд ва ӯ рӯзҳои наздик ба назадашон меояд. Дар Дашти Арчӣ гурӯҳе аз аъзои ДИИШ амал мекард, ки ба Гулмурод итоат менамуданд”, - гуфт ӯ.
Иззатулло Дадабоев, ки 10 сол ба ҳайси муфаттиши калон ва муфаттиш дар Вазорати умури дохилӣ кор кардааст, гуфт, дар мавриди таърихи “сафар”-и Гулмурод Ҳалимов ба Афғонистон маълумоти зиёд дастрас карданд, вале тасдиқи сад дарсадӣ надоштанд. Вай гуфт, дар ниҳоят маълум нашуд, ки Гулмурод аз куҷо бо наздиконаш тамос мегирад, зеро маҳалли зисташро аз онҳо низ пинҳон медошт. Маълумотеро, ки муфаттиши собиқ дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор дод, мақомот расман тасдиқ ё рад накарданд.
Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи дастаи таъиноти махсус ё худ ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон ғайб зад ва моҳи май бо нашри як паёми видеоӣ гуфт, ки ба ДИИШ пайвастааст.
“Вақте устоди Донишкадаи исломиро боздошт кардам...”
Иззатулло Дадабоев, ки рутбаи капитани милисаро дорад, мегӯяд, таҳқиқи парвандаҳои марбут ба терроризм дар ниҳоят ба ӯ “дарди сар овард” ва маҷбур шуд, моҳи сентябри соли 2017 Тоҷикистонро тарк кунад. Вай афзуд, соли 2017 Мирзоҷумъа Табаров, як сокини ноҳияи Нурободро бо иттиҳоми ҷалби сокинон ба ҷангҳои Сурия боздошт кард ва бар асоси баёноти ӯ, 11 нафари дигар низ ҳамчун аъзои гурӯҳ дастгир шуданд. Ба қавли Иззатулло Дадабоев, Мирзоҷумъа Табаров, ки дар Сурия таҳсил кардааст, раҳбари гурӯҳи “Ҷайш ал-Ҳур”, шохаи “Ҷабҳат-ан-Нусра”, як созмони террористӣ дар Сурия будааст.
Мақомоти Тоҷикистон охири соли гузашта аз боздошти Мирзоҷумъа Табаров расман хабар дода буд.
Ин муфаттиши собиқ мегӯяд, дар миёни боздоштшудаҳои аъзои ин гурӯҳ як устоди Донишкадаи исломӣ низ буд, ки узвияташро эътироф кардааст. “Ин нафарро, ки тамоми далелҳои узвияташ дар гурӯҳ буд, бе огоҳии ман озод карданд. Эътироз кардам, ки чаро ӯро озод намудед? Ба президент нома навиштам, ки террористро озод кардаанд. Чап гирифтанд. Аввали моҳи сентябри соли 2017 аз кор озод намуданд”, - афзуд ӯ.
Изатулло Дадабоев мегӯяд, пас аз шикояташ ба номи президент, ӯро ба шиканҷаи ин боздоштшуда ва мусоидат ба фирори як боздоштшудаи дигар аз бинои Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар Душанбе муттаҳам карданд. Ӯ гуфт, “барои ҳақталошӣ болои сарам фишор зиёд шуд ва мехостанд, нисбатам парванда боз кунанд ва ё ягон зиёни дигар расонанд. Чун инро фаҳмидам, Тоҷикистонро тарк кардам ва ҳоло дар яке аз кишварҳои Шӯравии собиқ зиндагӣ мекунам.”
Мақомот: "Нисбат ба Дадабоев парванда нест"
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иддаои фишор болои Дадабоевро рад мекунанд. Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, “Дадабоев Иззатулло бинобар вайрон кардани интизоми хизматӣ аз кор озод карда шуда буд, вале нисбат ба ӯ ҳеҷ парванда вуҷуд надорад ва мавриди пайгард низ нест”.
Ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо нафар бо итттиҳоми даст доштан дар терроризм ва ифротагроӣ боздошт мешаванд. Мақомот замоне муборизаро ҷиддитар гирифтанд, ки беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳҳои тундрав дар Сурияву Ироқ пайвастанд.