Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интерпол "Абу Довуд"-ро меҷӯяд


Парвиз Саидраҳмонов, маъруф бо номи "Абу Довуд"
Парвиз Саидраҳмонов, маъруф бо номи "Абу Довуд"

Интерпол ё пулиси байналмилалӣ бо дархости Русия Парвиз Саидраҳмонов – ҷангҷӯи тоҷики узви гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро таҳти ҷустуҷӯ қарор дод. Саидраҳмонови 30-сола, ки бо номи “Абу Довуд” низ маъруф аст, соли 2014 ба Ироқ рафтааст. Мақомоти Тоҷикистон соли 2015 алайҳи ӯ бар асоси моддаи “зархаридӣ” парванда боз карда буданд.

Чун ноболиғ буд, ҳаққи танҳо ба берун рафтанро надошт. Абу Довуд ба ӯ супориш додааст, ки дар Русия “ҷиҳод” кун.

Мақомоти Русия дар дархости худ ба Интерпол гуфтаанд, ки ӯро барои кумак дар таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар хоки ин кишвар ҷустуҷӯ доранд. Ҷониби Русия то ҳанӯз дар ин бора ҷузъиёт надодааст. Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, Парвиз Саидраҳмонов, ки то пайвастан ба гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Русия буд ва ҳамеша талош дошт, муҳоҷиронро ба сафи ин созмони тундрав ҷалб кунад.

Ташвиқи ноболиғ: “Назди арчаи Соли нав худро таркон”

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Абу Довуд” чанд дафъа қасди анҷоми амали террористӣ дар Тоҷикистону Русияро кардааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи манбаъ, дар остонаи соли 2017 дар ҳамкорӣ бо мақомоти рус ноболиғи 16-солае дар Маскав боздошт шуд, ки зери таъсири “Абу Довуд” барои анҷоми амали террористӣ дар Соли Нав омодагӣ медидааст.

Ин ноболиғ баъдан ба Тоҷикистон истирдод шуд. Вай дар бозпурсиҳо иқрор шудааст, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо “Абу Довуд” ошно шуд. “Ин ноболиғ гуфт, ки аввал мехост ба Ироқ биравад. Чун ноболиғ буд, ҳаққи танҳо ба берун рафтанро надошт. Абу Довуд ба ӯ супориш додааст, ки дар Русия “ҷиҳод” кун. Шаш моҳ ӯро барои ҳамла дар шаби Соли нав омода кард, вале мақомоти тоҷик аз ин огоҳ шуда, дархости боздошташро карданд”, - афзуд манбаъ.

Раҳмат Оқилов
Раҳмат Оқилов

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Русия дар мавриди талошҳои дигари “Абу Довуд” барои анҷоми амалҳои террористӣ далел дорад, вале онҳоро ҳанӯз дар ихтиёри Тоҷикистон нагузоштааст.

Раҳмат Оқилов: “Аз Абу Довуд илҳом гирифтам”

Парвиз Саидраҳмонов то охири соли 2017 наворҳои таблиғии гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мекард. То озодшавии шаҳри Мавсили Ироқ аз дасти ДИИШ дар наворҳои таблиғиаш мегуфт, онҷо ҳузур дорад. Замоне ки Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик ба ДИИШ пайваст, дар наворҳо дида мешуд, ки ӯро “Абу Довуд” раҳнамоӣ мекунад. Моҳи августи соли 2017 низ пас аз нашри хабари марги Ҳалимов ӯ дар як навори аудиоӣ гуфт, Гулмурод зинда аст ва хабари марги ӯ овозае беш нест.

Аз замони пайвастанаш ба гуруҳи “Давлати исломӣ” номи Парвиз Саидраҳмонов зуд-зуд дар расонаҳо пайдо мешавад. Моҳи феврали имсол исми ӯ дар парвандаи Раҳмат Оқилов, шаҳрванди Узбекистон, ки соли гузашта дар Шветсия ҳамлаи террористӣ анҷом дод, зикр шуд.

Муҳаббат Маҳмудова
Муҳаббат Маҳмудова

Раҳмат Оқилов, ки тариқи мошини боркаш дар шаҳри Стокҳолм панҷ нафарро зер карда кушт, ҳангоми бозпурсии муфаттишони додситонии швед гуфтааст, аз наворҳои таблиғии “Абу Довуд” илҳом гирифта буд. Ӯ гуфтааст, мустақим бо “Абу Довуд” сӯҳбат накарда буд, вале маҳз тамошои наворҳои таблиғии ӯ аз ДИИШ ӯро водошт, ки ба ин созмони тундрав савганди садоқат бихӯрад.

Муҳаббат Маҳмудова, модари “Абу Довуд” мегӯяд, аз соли 2015 ба ин сӯ аз писараш ҳеҷ хабар надорад. Ӯ гуфт, пас аз инки наздиконаш ташвиқи ӯ барои сафар ба Ироқро рад карданд, тамосаш канда шуд. Ин модар гуфт, дар бораи писараш танҳо аз матбуот хабар пайдо мекунад.

Парвиз Саидраҳмонов дар Тоҷикистон ҳамсару ду кӯдаки хурдсол дошт. Соли 2016 пайвандонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Сумая, духтари чаҳорсолаи ӯ, Шаҳриёри Давлат, овозхони тоҷикро “падар” мехонад. Шакли зоҳирии ин овозхон ба “Абу Довуд” бисёр монанд аст.

XS
SM
MD
LG