Мақомот марги модару тифлаш дар таваллудхонаи Файзободро таҳқиқ мекунанд

Аз Фарида Шарифова се фарзанд боқӣ монд.

Хешовандони як зани ҳомила дар ноҳияи Файзобод, ки ҳангоми таваллуд бо тифли батнаш фавтид мегӯянд, беэътиноии пизишкон сабаби марги модару кӯдак шудааст. Пизишкон иддаои хонаводаи занро рад мекунанд.

Фарида Шарифова, сокини 30-солаи ноҳия рӯзи 16-уми июл дар таваллудхонаи ноҳия фавтидааст ва додситонӣ мегӯяд, сабабҳои марги ӯро таҳқиқ мекунанд.

Хешовандонаш мегӯянд, Фарида Шарифова соати ҳафти субҳ барои таваллуд ба зоишгоҳ рафта, вале соате баъд фавтидааст. АммаашЗубайда Шарифова иддао дорад, ки "хунукназарии пизишкон" сабаби марги Фарида шудааст. Ӯ рӯзи 8-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ин ки ҷиянаш, баъди оғози дарди таваллуд ба зоишгоҳ рафтааст, вале пизишкон ба ӯ доруе додаанд, ки ба ҳамли зудтар мусоидат мекунад.

Дар номаи пайвандони зан ба унвони раиси ҷумҳур ва вазири тандурустӣ, ки нусхаи он ба Радиои Озодӣ ҳам расид, хоста шудааст, сабаби марги модари ҷавон мунсифона таҳқиқ шавад. Дар нома омадааст: “Вақте Фаридаро ба таваллудхона оварданд, духтури занона Шарқия Мирзоева, ки он рӯз навбатдор буд, бидуни ташхису муоина аз ҷайбаш дорухатеро ба шавҳари Фарида додаву хост, доруҳоро аз дорухона биёрад. Баъдан ба Фарида барои ҳарчӣ зудтар таваллуд кардан сӯзандору гузаронида, худ аз пайи таваллуди занони дигар меравад. Вале чанд лаҳза пас ба ӯ хабар медиҳанд, ки вазъи Фарида бад шудааст”.

Табибон мегӯянд, модар аз бемории дигар фавтид

Зубайда Шарифова гуфт, зоҳиран ба Фарида доруи “окситотсин” додаанд, ки зудтар ва ҳангоми навбатдории Шарқия Мирзоева таваллуд кунад. Идаое ки пизишк рад мекунад ва мегӯяд, барои наҷоти модар ва тифли батнаш ҳар кореро, ки аз дасташон омад, карданд, вале бенатиҷа.

Шарқия Мирзоева дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳеҷ гоҳ ба Фарида дору нагузаронидааст ва сабаби марги ӯ бемории дил будааст: “Вақте соати 8 вазъи зан бад шуд, ман тамоми духтуронро даъват кардам. Вақте пурсидам, ки чӣ шуд, гуфт, нафас кашида наметавонад. Дар ҳамин вақт рӯяш кабуд шуд. Ин зан худаш варикоз (васеъ шудани рагҳои пой) дошт ва ин метавонад ба дил таъсир гузорад. Ин ки ман ба дасти ӯ сӯзандору гузаронидам, дурӯғ аст. Доруро баъди бад шудани вазъи ӯ, барои кумаки аввалия анестезиолог гузаронд”.

Ба қавли пайвандон, Фарида Шарифова дар ноҳияи Файзобод зиндагӣ мекард ва се фарзандашро ҳам дар таваллудхонаи ноҳия ба дунё овардааст. “Ман бо чанд духтур суҳбат кардам, ки сабаби марг чӣ буда метавонад, гуфтанд, ки зоҳиран барои онки тезтар таваллуд кунад, доруи окситотсин гузаронданд. Ҳатто ҷои сӯзандору ҳаст, аммо ҳама худро бегуноҳ мегирад” - гуфт Зубайда Шарифова.

Пизишкон мегӯянд, окситотсин доруи барангезандаи қабз ва бахусус таҳрики раҳми зан аст, ки дарди зоишро кам ва суръати таваллудро тезтар мекунад. Ба гуфтаи табибон, истифодаи ин дору барои заноне, ки дар таваллуд мушкил надоранд, тавсия дода намешавад.

Шамсиддин Қурбонов, пизишки тоҷик ва раҳбари маркази тиббии “Насл” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Окситосинро барои он баъди таваллуд мегузаронанд, ки ҳамроҳак аз батни зан зудтар ҷудо ва хунравӣ кам шавад. Аммо агар дар таваллудҳои мушкилдошта, ки заъфи дарди зоиш дида мешавад, имкони гузаронидани окситосин вуҷуд дорад, ки он ҳам дар як дақиқа аз ҳафт то ҳашт қатра мумкин аст”.

Вазорат мегӯяд, аз ҳодиса бохабар аст

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ҳодиса огоҳ ҳастанд ва агар дар воқеъ пайвандони зан мехоҳанд, сабабҳои марги духтарашонро донанд, барои муайян кардани он бояд ҷасад колбадшикофӣ ва ё ташхис шавад. Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар вазорат гуфт: “Мо таҳлилҳои худро гузаронидем. Дар ягон ҳолат сокинон намегӯянд, фарзанди мо беморӣ дошт, ё чизи дигар. Мегӯянд, табиб гунаҳкор аст.”

Мутахассисон мегӯянд, мушкилоти иқтисодӣ, надоштани ғизои солим сабаби камхунии занон аст, ки ин вазъ ҳангоми таваллуд ба ҷонашон хатар эҷод мекунад. Баъзеи дигар ҳанӯз ҳам дар хона таваллуд мекунанд ва бинобар дурии роҳ ба зоишгоҳ намераванд. Ин ҳолат низ аз ҷониби пизишкон хатарнок ва як омили марги модар ё кӯдак дониста мешавад.

Қонунҳои нонавиштаи таваллудхонаҳо

Иддае аз худи занон ришвахорӣ, ё қонунҳои нонавишта дар бемористону таваллудхонаҳоро боиси маргумири занони ҳомила, ба хусус аз хонаводаҳои нодор медонанд. Яке аз ҳамсӯҳбатони мо бидуни бурдани номаш гуфт: “Ҳоло як кори дигар дар таваллудхона мӯд шудааст. Духтури навбатдор новобаста ба он ки зан барои таваллуд чанд соат вақт дорад, кӯшиш мекунад, ӯ тезтар таваллуд кунад ва онҳо пул бигиранд”.

Дар бораи марги Фарида Шарифова, чанде пеш Миралӣ Раҷабзода, раиси ноҳияи Файзобод ҳам дар нишасти хабарӣ суҳбат кард ва гуфт, «супориш додам, сабаби марги ӯро дақиқ менамоянд». Фазлиддин Зубайдов, cардухтури бемористони ноҳия 8-уми август гуфт, дар пайи ҳодиса “санад тартиб додем, чораҷӯӣ мешавад. Худи вазир ҳам омада буданд”.

Бино бар омори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, дар Тоҷикистон аз миёни ҳар 100 ҳазор модар ҳангоми таваллуд 24 нафар вафот мекунанд. Ин сабаб ҳам зикр гаштааст, ки барои фавти занон ҳангоми таваллуд ва беморони дигар бар асари хатои пизишкон тақрибан касе ҷазо намегирад ва биноан вазъ ҳам кам тағйир мекунад. Ҳоло волидони Фарида Шарифова, ки се фарзанди ӯ нимаятим шуданд аз мақомот мехоҳанд, ҳодиса мӯшикофона таҳқиқ ва аз маргумири модарони дигар ҷилавгирӣ шавад.