Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон ба зане, ки 3 тифл дар батн дошт, баъди таваллуд 2 тифл доданд


Фарида Ғозиева, сокини Фарғонаи Узбекистон бо навзодонаш Фотима ва Зуҳро.
Фарида Ғозиева, сокини Фарғонаи Узбекистон бо навзодонаш Фотима ва Зуҳро.

Як сокини Узбекистон ба додситонии кишвар шикоят карда иддао кардааст, ки баъди таваллуди сегоникҳо дар як зоишгоҳи Фарғона табибон ба ҷои се кӯдак ба ӯ ду навзодро додаанд. Фарида Ғозиева, сокини 28-солаи вилояти Фарғонаи Узбекистон гуфтааст, ки ҳангоми ҳомиладорӣ ташхис обистани се тифл будани ӯро нишон медод. Ғозиева рӯзи 4 июл бо роҳи ҷарроҳӣ таваллуд кард ва ба дасташ ду тифлро доданд. Фарида Ғозиева бовар дорад, ки пизишкон як кӯдаки ӯро пинҳон мекунанд.

Аммо Мадҳия Суярқулова, сардухтури зоишгоҳи вилояти Фарғона мегӯяд, дастгоҳи ташхис ғалат кардааст ва ин зан на се, балки ду фарзанд дар батн дошт. Сокини вилояти Фарғона мегӯяд, дар давраи ҳомиладорӣ 21 маротиба ташхис гузашта ва ҳар бор ташхис нишон додааст, ки вай обистани се тифл аст.

"Як ҳамшира ба ман гуфт, ки ман дар воқеъ се кӯдак таваллуд кардам, аммо якеаш, ки писар буд, фавтид. Аз ҳамин хотир ман бовар дорам, ки пизишкон марги тифли севуми маро пинҳон мекунанд", - гуфт Фарида Ғозиева.

Фарида Ғозиева мегӯяд, агар кӯдак фавтида бошад, ҷасади ӯро барои хоксупорӣ мехоҳад ва агар зинда бошад, шубҳа дорад, ки шояд ӯро ба дасти афроди дигар додаанд. Додситонӣ ба тафтиши пешакии ин шикоят шурӯъ кардааст.

То таваллуди тифлони охир, Фарида бо шавҳараш се кӯдаки дигар доштанд. Ҳамакнун шумори фарзандони ин хонавода ба 5 расид.

XS
SM
MD
LG