Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз марги сардухтур таваллудхонаи вилояти Суғдро карантин карданд. ВИДЕО


Шоира Бузрукова, сардухтури таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд рӯзи 5-уми июл даргузашт
Шоира Бузрукова, сардухтури таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд рӯзи 5-уми июл даргузашт

Пас аз марги сардухтур, таваллудхонаи вилоятии Суғд дар Хуҷанд таҳти карантин гирифта шудааст. Шоира Бузрукова, сардухтури ин зоишгоҳ рӯзи 5-уми июл дар шифохонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ фавтид, ки он ҷо гирифторони СOVID-19-ро табобат мешуданд.

Рӯзи 8-уми июл таваллудхонаи вилоятӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бемор қабул намекард, вале даромадан ба он иҷозат буд.

Табибони зоишгоҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, карантин ҳадди ақал ду ҳафта давом хоҳад кард. Дар ин муддат таваллудхона бояд поккорӣ ё дезинфексия карда шавад. Инчунин бо дастури Маркази беҳдоштиву сироятшиносӣ, табибон ва дигар кормандони ин зоишгоҳ бояд тести COVID-19 супоранд.

Бо инки таваллудхонаи вилоятии Суғд зери карантин гирифта шуд, то ҳол сабаби марги сардухтури он расман шарҳ дода нашудааст. Шоира Бузрукова, арӯси хонаводаи Муҳиддин Хоҷазод, адиби тоҷик буд. Моҳи апрел хабар нашр шуда буд, ки ин адиби тоҷик бо нишонаҳои “илтиҳоби шуш” ҳамроҳи як писараш дар бемористони шаҳрии рақами 2-и Хуҷанд таҳти табобат қарор доранд.

Баъд аз марги сардухтур таваллудхонаи вилояти Суғдро карантин карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Бо қатъ шудани қабули беморон дар таваллудхонаи вилоятии Суғд назди зоишгоҳи шаҳрии Хуҷанд акнун серодам аст. Аммо дар инҷо ҳам ба ҷуз аз занони бемор ва ҳомила ба дигарон иҷозаи ворид шудан намедиҳанд.

Малоҳат Рауфова, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ду рӯз аст, ки дар назди таваллудхонаи шаҳрӣ мунтазир аст.

"Дирӯз келинамро барои таваллуд овардам, дар берун интизорам. тартибот хеле ҳам сахт. Назораташон нағз, саломатии занонро муҳофизат карда истодаанд,"- гуфт Рауфова.

Зоишгоҳи шаҳрии Хуҷандро моҳи апрел ба табобати гирифторони вируси COVID - 19 табдил дода буданд ва ҳудуди якуним моҳ ҳамчун таваллудхона кор намекард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG