Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон дигар аз рифола ҳазар намекунанд? ВИДЕО


Чиҳил дарсади занони қобили таваллуд дар Тоҷикистон аз васоили пешгирӣ аз ҳамли номатлуб истифода мекунанд, ки дар муқоиса ба солҳои гузашта ба маротиб зиёд аст.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ гуфтанд, дар 25 соли пеш камтар аз 20 дар сади занон аз ин васоил истифода мекардаанд, то фарзанди зиёд надошта бошанд. 26-уми сентябр рӯзи байналмилалии васоили пешгирӣ аз ҳамл аст. Ҳадаф аз эълони ин рӯз ташвиқи занон ба таваллуди барномарезишуда аст.

Масъалаи танзими таваллуд ё пешгирӣ аз ҳамлҳои нохоста дар Тоҷикистон солҳо боз доғ аст. Баъзе аз сокинон бо таваҷҷуҳ ба вазъи бади иқтисодӣ тарафдори кам кардани таваллуд ҳастанд, вале гуруҳи дигар мегӯянд, ҳарчӣ Худо дод бояд таваллуд кард. Ҳарчанд ин қишри занон сол ба сол камтар мешавад.

Коҳиши ҳамли нохоста дар оилаҳои тоҷик: дастовард ё камбудӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Дилором, сокини 33-солаи шаҳри Душанбе соҳиби се фарзанд аст. Ӯ гуфт, намехоҳад фарзанди зиёд дошта бошад, чун шароити тарбияи муносибу дурусти онҳоро нахоҳад дошт. Барои ҳамин, аз истифодаи васоили ҷилавгирӣ аз ҳамл ҳазар намекунад.

"Вазъи зиндагиро медонед. Таъмини се фарзанд осон нест. Барои ҳамин пешгирӣ мекунам," – афзуд ӯ.

Ба мисли Дилором 40 дарсади занони қобили таваллуд дар Тоҷикистон, ки аз 15 то 49-сола ҳастанд аз васоили пешгирӣ аз ҳамл истифода мекардаанд. Барои мусоидат ба танзими оила, сиҳатии занон дар Тоҷикистон як созишномаи сеҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон ва Бунёди нуфуси Созмони Милал имзо шудааст ва як қисме аз кумаки ниммиллиондолларӣ, ки ба Тоҷикистон медиҳанд, барои хариди васоили ҷилавгирӣ аз ҳамл харҷ мешудааст.

Мунира Ғанизода, мудири Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ рӯзи 26-уми сентябр гуфт, ҳадафи барномаи нав монеъ шудан ба ҳамли нохоста дар миёни садҳо ҳазор зан аст. Ба қавли Ғанизода, дар барнома пешбинӣ шудааст, ки агар истифодаи василаҳои пешгирӣ аз ҳамли номатлуб зиёд шавад, мумкин аст, аз марги 5-7 модар ҷилавгирӣ кунанд.

Тақсими бепули рифола имкон додааст, солона дар Тоҷикистон аз 100 ҳазор таваллуди нохоста ҷилавгирӣ шавад. "Ҳафтод дарсади аҳолӣ дар деҳот дар бораи васоили пешгирӣ аз ҳамли нохоста маълумот доранд ва истифода мекунанд. Бештар дар деҳаҳо се навъи ин мавод аз ҷумла сӯзандору, ҳаб ва рифола истифода мешавад", -- гуфт ӯ.

Мақомот мегӯянд, барномаҳои танзими оила ва ривоҷ ёфтани истифода аз васоили пешгирӣ аз ҳамл, ҳамчунин имкон додааст, исқоти ҳамл, яке аз роҳҳои хатарноки танзими оила камтар шавад.

Аммо иддае аз сокинони Тоҷикистон исқоти ҳамлу истифодаи ҳамагуна воситаҳои пешгирӣ аз ҳамлро мухолифи фармудаҳои шариати Ислом медонанд ва мегӯянд, "беҳтар аст фарзанд ба дунё ояд".

Алишер Қосимов, як сокини пойтахт ва соҳиби панҷ фарзанд, мегӯяд, мухолифи истифодаи ин гуна васоил аст. "Фарзанд як неъмати бебаҳост. Лекин бисёриҳо аз ҳамл пешгирӣ мекунанд. Фикри ман ин аст, вақте зан ҳомила шуд, бигзор таваллуд кунад. Ман зидди истифодаи пешгирӣ бо ҳаргуна мавод ҳастам", - гуфт Қосимов.

Дар оилаҳои тоҷикон, ки беш аз навад дарсад мусалмон ҳастанд, мисли Алишер Қосимов фарзандро новобаста аз шумора "атои Худо" медонанд. Вале мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки қабули барномаҳои солимии репродуктивӣ на барои тарғиби ҷавонон ба таваллуди кам, балки ҳифзи сиҳатии онҳо, роҳ надодан ба таваллуди пайдарпай ва кам кардани маргу мири модару кӯдак дар Тоҷикистон аст.

Бар асоси омори расмӣ, беш аз 50 дар сади занони қобили таваллуд барои пешгирӣ аз обистанӣ, ҳалқаҳои дохилираҳмӣ ба кор бурда, аз 16 фоиз бештари онҳо дору мехӯрдаанд ва бақия аз роҳҳои дигар кор мегиранд. Ин хоҳиши занон дар бораи ба назм даровардани ҳамл гоҳе ба интиқоди шадид рӯ ба рӯ мешавад.

Мақомот мегӯянд, омилҳои иқтисодӣ, боло рафтани огаҳии ҷавонон аз паёмадҳои серфарзандӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ имкон додаанд, ки суръати афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон кунд шавад. Бар асоси оморӣ расмӣ, дар муқоиса ба солҳои 90-ум дар кишвар теъдоди фарзандон дар як оила аз 6-7 фарзанд, то ба 3-5 фарзанд коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG