Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ширкати “БТК Групп” давоми ду соли охир 5,5 ҳазор гектар заминро дар Тоҷикистон ба иҷора гирифта, ба ду корхонаи нассоҷӣ сармоягузорӣ кардааст ва дар ниҳоят барои низомиёни Русия, ки дар Украина меҷанганд, аз Тоҷикистон либос бурдааст.
“БТК Групп”-ро Таймураз Боллоев, яке аз ёрони наздики Владимир Путин, президенти Русия, таъсис додааст ва Иттиҳоди Аврупо моҳи июни соли 2024 Боллоевро таҳрим кард. Дар махзани бози таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо аз Боллоев ба унвони шахсе ёд шудааст, ки “бо афроди тасмимгиранда дар Русия робитаи наздик дорад.”
Маҳсулот барои "амалиёти махсус"
Радиои Озодӣ якҷоя бо тарҳи “Схема”-и бахши украинӣ омори воридоту содироти “БТК Групп”-ро ба Тоҷикистон аз соли 2022 то чор моҳи аввали соли 2024 ба даст овард. Оморҳо баёнгари онанд, ки “БТК Групп” аз нимаи дуюми соли 2022 содироти маҳсулотро аз Тоҷикистон ба Русия оғоз кардааст.
Коршарики “БТК Групп” дар оғоз корхонаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” буд. Ин корхонаи муштараки саноатӣ соли 2016 дар Данғара аз сӯйи соҳибкорони чинӣ бунёд шудааст. Тибқи омор, “БТК Групп” аз моҳи июл то декабри соли 2022 аз ширкати “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” либосҳои пахтагӣ, аз ҷумла курта, фуфайка, нимтана (футболка), комбинезон харида ба Русия бурдааст. Дар ҳамин давраи соли 2022, “БТК Групп” аз Русия дастгоҳҳои нассоҷӣ оварда, ба “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” додааст.
Бар асоси омори воридоту содирот, доираи фаъолияти "БТК Групп" соли 2023 дар Тоҷикистон васеътар шудааст. Ба ҷуз корхонаҳои “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”, ду корхонаи дигар "Ситораи тоҷ" ва ҶДММ "Ваҳдат" коршарикони "БТК Групп" дар Тоҷикистон шудаанд. Ширкати русӣ дар ин сол 54 дафъа аз корхонаи “Ваҳдат” либос, бахусус ҷӯробҳои зимистона харида, ба Русия бурдааст. Дар гузоришҳои “БТК Групп” таъиноти ин маҳсулот “барои амалиёти махсус ” (ТОВАР ПОСТАВЛЯЕТСЯ ДЛЯ ЦЕЛЕЙ СВО) ишора шудааст. Русия ҷангашро дар Украина "амалиёти махсус" меномад.
Ба ғайр аз ин, "БТК Групп" соли 2023 аз ҶДММ "Ситораи тоҷ" либосҳои мардона, аз ҷумла костюми корӣ, таҳпӯш ва нимтанаҳои пахтагӣ (футболбка) харида, бо ҳадафи "амалиёти махсус" (ВВОЗЯТСЯ ДЛЯ ЦЕЛЕЙ СВО) вориди Русия кардааст. Бар асоси санадҳои воридоту содирот, маблағи ин либосҳо ба ҳисоби доллар қариб 13 миллион доллар ($12 967 990) мешавад.
Давоми чор моҳи аввали соли 2024 “БТК Групп” аз корхонаи “Ваҳдат” ва “Ситораи тоҷ” ба 379 миллиону 420 ҳазор рубл ($4 миллион) либос харида, ба Русия ворид кардааст. Аз ҷумла, ин ширкати русӣ аз корхонаи “Ваҳдат” 1,5 миллион ҷуфт ҷӯроб, аз корхонаи “Ситораи тоҷ” либосҳои мардона, аз ҷумла 1492 костюм, 85 ҳазор нимтана (футболка) ва 55 ҳазор таҳпӯш харида, аз Тоҷикистон ба Русия бурдааст. Аммо дар ҳисоботи чор моҳи аввали соли 2024, таъиноти ин маҳсулот нишон дода нашудааст.
Фаъол кардани корхонаҳои нассоҷӣ
Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки “БТК Групп” дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ду корхонаи нассоҷӣ фаъол кардааст. Бар асоси омори воридоту содирот, ки Радиои Озодӣ ва тарҳи “Схема”-и бахши украинӣ ба даст оварданд, “БТК Групп” соли 2023 ва чор моҳи 2024 барои корхонаи “Ситораи тоҷ” аз Русия садҳо дастгоҳи нассоҷӣ овардааст.
Ин корхона соли 2023 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон фаъол шуда, дар эълонҳо барои ҷойи кор мушаххас номи “БТК Групп” зикр шудааст. Айни чунин корхонаи нассоҷиро "БТК Групп" дар моҳи сентябри имсол дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд фаъол кард. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи корхона ҳузур дошт. Аммо дар хабари расмии дафтари матбуоти президент, аз "БТК Групп" ном набурданд ва танҳо сармоягузорони хориҷӣ навиштанд.
Дар вақти ифтитоҳи корхона шасхе Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекард ва бо расонаҳои давлатӣ суҳбат дошт, аммо номашро дар телевизионҳо нанавиштанд. Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ӯ Сергей Костогриз, мудири кулли ҶДММ “Ситораи тоҷ” дар Тоҷикистон аст. Ӯ пештар мудири бахши истеҳсолии “БТК Групп” буд.
Сомонаи президенти Тоҷикистон навишт, ин корхона дар як сол метавонад “то 120 ҳазор маҷмуъ сару либоси махсус ва ягонаи корӣ ва зиёда аз 1 миллион сару либоси трикотажӣ”-ро тавлид кунад. Дар телевизионҳои давлатӣ ҳам нишон доданд, ки дар ин корхона либоси корӣ медӯзанд.
Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд гуфтанд, корхонаи “Ситораи тоҷ”, ки ба “БТК Групп” тааллуқ дорад, асосан ба дӯхтани либоси низомӣ машғул аст. Як масъули ҳукумати Хуҷанд бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “БТК Групп” дар ҷойи корхонаи собиқи “Зиннат” коргоҳи нави дӯзандагӣ сохта, бо номи “Ситораи тоҷ” ба кор оғоз кард.
“Дар корхонаи “Ситораи тоҷ” либосҳои ҳарбӣ, аз қабили болопӯши сарбозӣ (камуфляж), комбинезон (спетсовка) ва либосҳои дигар барои сарбозон медӯзанд. “БТК Групп” бо Вазорати мудофиаи Русия шартнома дорад ва асосан дархостҳои онҳоро иҷро мекунад,” -- гуфт ин манбаи мо дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд.
“БТК Групп” чӣ гуна вориди Тоҷикистон шуд?
Ширкати "БТК Групп" соли 2022 ва баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина вориди Тоҷикистон шуд. 25-уми феврали соли 2022, як рӯз баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Михаил Бочаров, мудири “БТК Групп” вохӯрд.
Ба гузориши Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон, “таъсиси корхонаву коргоҳҳои муштарак, сармоягузорӣ, коркарди ниҳоии маҳсулот” аз мавзуъҳои ин дидор буд. Моҳи сентябри 2022 дар ҷараёни форуми сармоягузорӣ дар Душанбе, Тоҷикистон ва намояндагони “БТК Групп” ба 200 миллион доллар дар бораи сармоягузорӣ созишнома имзо карданд.
Мансабдорони Тоҷикистон, аз ҷумла Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар сафарҳояшон ба Русия бо намояндагони “БТК Групп” вохӯрдаанд.
“БТК Групп” чӣ гуна ширкат аст?
“БТК Групп” яке аз калонтарин ширкатҳои нассоҷӣ дар Русия аст, ки соли 2005 аз сӯи Таймураз Боллоев таъсис ёфтааст. Боллоев яке аз соҳибкорони наздик ба Владимир Путин гуфта мешавад. Ӯ дар ду интихоботи президентӣ дар солҳои 2000 ва 2004-ум шахси боварманди Владимир Путин буд. Нуҳ моҳ пеш, нашрияи "The Guardian" Таймураз Боллоевро “аз дӯстони президенти феълии Русия” ном бурд. Ба навиштаи ин нашрия, Боллоев аз сӯи Украина ҳам таҳрим шудааст.
Иттиҳоди Аврупо дар моҳи июни соли 2024 Таймураз Боллоевро барои робитаи наздикаш бо роҳбарони Русия таҳрим кард. Далели асосии таҳрими Боллоев ин буд, ки ӯ ғайриқонунӣ роҳбарии намояндагии ширкати ҳолландии Carlsberg Group-ро дар Русия ба даст гирифтааст.
Ин ширкат дар Русия оби ҷави “Балтика” истеҳсол мекард ва моҳи июли соли 2023 саҳмияҳояш аз сӯйи давлати Русия мусодира шуд. Баъди ба ихтиёри Оҷонси федероли идораи амволи давлатӣ (Росимушество) гузаштани филиали ширкати ҳолландӣ, Таймураз Боллоев мудири он таъин гардид. Ширкати Carlsberg Group ин тасмимро ғайриқонунӣ гуфт ва Иттиҳоди Аврупо ҳам Таймураз Боллоевро шомили рӯйхати таҳримҳо кард.
Коршарики Вазорати дифои Русия
Як бахши асосии кори “БТК Групп” дӯхтани либос барои сарбозони Русия аст. Соли 2012 ҳукумати Русия “БТК Ггрупп”-ро таъминкунандаи ягонаи либоси нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар таъин кард. Албатта, ин коршарикӣ бидуни баҳсу даъво набуд ва соли 2023 расонаҳои русӣ аз баҳси додгоҳии Вазорати мудофиа ва “БТК Групп” бар сари 623 миллион рубл хабар доданд.
Соли 2022 “БТК Групп” ягона таъминкунандаи либоси ҳарбии Горди миллии Русия шуд.
Заминҳо дар минтақаи Кӯлоб
Як бахши кори “БТК Групп” дар Тоҷикистон ба иҷора гирифтани заминҳо ва кишти пахта мебошад. Ин ширкат дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд садҳо гектар заминро ба иҷора гирифтааст.
Бар асоси ёфтаҳои Радиои Озодӣ, ин ширкати русӣ барои идора кардани заминҳои гирифтааш дар Кӯлоб, корхонаи “Пахтаи Кӯлоб”-ро таъсис додааст. Дар асоси қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 29-уми декабри соли 2023 таҳти рақами 662, ба ҶДММ "Пахтаи Кӯлоб" 1894 гектар замин додаанд. Ин миқдор замин то ин вақт дар ихтиёри хоҷагиҳои давлатии тухмипарварии С. А. Ҳамадонӣ ва Сабз-Ну буд.
Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб моҳи феврали соли 2024 дар нишасти хабарӣ гуфт, заминҳо ба муддати 20 сол ба “БТК Групп” дода шуданд. Мунаввар Ташрифзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, гуфт, ширкати "БТК Групп" то моҳи августи соли 2024 барои кишту кор дар заминҳои гирифтааш зиёда аз 2 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Аммо ин ширкат ба 1894 гектар замин қаноат накардааст.
Моҳи августи имсол шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода дар ҳузури хабарнигорон гуфт, танҳо дар марҳилаи аввал ба “БТК Групп” бояд на кам аз 11 ҳазор гектар замин ҷудо кунанд. Ба гуфтаи Назарзода, заминҳо аз ҳисоби шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ ба “БТК Групп” дода мешаванд. Ин ду ноҳия дар канори шаҳри Кӯлоб ҷойгир шудаанд.
“Мо заминҳоро ҷудо мекунем ва онҳо (манзур ширкати “БТК Групп" - Р. О.) ба сохтани корхонаи коркарди пахта, ресандагӣ ва бофандагӣ шуруъ мекунанд," -- гуфт раиси шаҳри Кӯлоб.
Замин аз кишоварзони маҳаллӣ ба ширкати русӣ?
Додани заминҳои кишоварзӣ ба ширкати “БТК Групп” барои баъзе аз ноҳияҳо душворӣ пеш овардааст. Нурулло Мирзозода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, дар моҳи августи имсол гуфт, ба ҳукумати ин ноҳия дастур додаанд, ки барои ширкати “БТК Групп” 1500 гектар замин ҷудо кунанд.
Мирзозода мегӯяд, дар ноҳия ҳамагӣ 72 гектар замин дар ихтиёри хоҷагиҳои давлатӣ аст ва заминҳои боқимонда ба кишоварзони маҳаллӣ дода шудааст. Раиси ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, ҳақ надорад, ки заминро аз дасти кишоварзони маҳаллӣ гирифта, ба “БТК Групп” диҳад.
“Ман ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардам, ки тартиби додану гирифтани заминро барои мо муайян кунанд. Бубинед, хоҷагии фермерӣ сертификат дорад ва даҳ ё бист сол боз кор карда истодааст. Ман аз пеши худам онро бекор кардаву ба "БТК" гирифта дода наметавонам. Бисёрияшон ҳуқуқшинос доранд. Мегӯянд, ки бародар Кодекси замин ва Конститутсия ин гапро мегӯяд," -- афзуд Нурулло Мирзозода.
Фаъолияти “БТК Групп” дар шимоли Тоҷикистон
“БТК Групп” ба ҷуз минтақаи Кӯлоб, дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон ҳам садҳо гектар заминро гирифта, пахта мекорад. Як масъули ҳукумати ноҳияи Спитамен ва ҳам як корманди маҳаллии ширкати "БТК Групп" розӣ шуданд, ки бе зикри номашон дар бораи фаъолияти ин ширкати русӣ ба Радиои Озодӣ суҳбат кунанд.
Ба гуфтаи ин ду ҳамсуҳбати мо, “БТК Групп” дар ноҳияи Спитамен 3550 гектар заминро гирифта, аз номи ширкати “Спитамен текстайл” кор мекунад.
“Соли гузашта ширкати “БТК” 3700 тонна пахта гирифта буд. Имсол ширкат ният дорад, ки то 4700-4800 тонна пахта рӯёнад. Албатта, имсол як қисм пахтаи ширкатро кирми ғӯза хурд. Пахтаи ҷамъшудаи ширкати “БТК” дар корхонаи “Спитамен текстайл” дар шаҳраки Нови Спитамен коркард шуда, нахаш барои идомаи коркард ба шаҳри Хуҷанд интиқол дода мешавад,” -- гуфтанд ду ҳамсуҳбати мо.
Ҳушдор аз таҳрим
Пас аз таҷовузи Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд. Амрико ва ҳампаймонҳои аврупоияш борҳо ба муттаҳидони Русия, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳушдор доданд, ки дар давр задани таҳримҳо ба Маскав кумак накунанд.
То ин вақт Иёлоти Муттаҳида нисбат ба чанде аз ширкатҳои Осиёи Марказӣ бо айни ҳамин далелҳо таҳрим ҷорӣ карда буд. Моҳи декабри соли 2023 Вазорати молияи Амрико ба сабаби содироти маҳсулоти зери таҳрим ба Русия нисбат ба ширкати “Кафолати Комил” аз Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ кард. Чунин таҳрим нисбати чанд ширкати қирғизистонӣ ҳам ҷорӣ шуд. Дастикам ду ширкат аз Қазоқистон CATU TECH LLP ва Defense Engineering LLP барои мадад ба Русия шомили рӯйхати таҳримҳои Амрико шуданд.
Радиои Озодӣ моҳи майи соли 2023 санадеро дастрас кард, ки Тоҷикистон содироти молу маҳсулотро ба Русия афзудааст ва қисми зиёди онҳо дастгоҳҳои компютерию блокҳо, аккумляторҳои барқӣ, диод, транзистор, микросхема ва ноқилҳо ҳастанд. Аксари ин навъи коло дар гузашта умуман ба Русия содирот нашуда буданд.
Наворро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад