- Ҷанг дар Украина муносибати Маскавро бо Осиёи Марказӣ тағйир дод?
- Дар сурати шикасти Русия, Тоҷикистон ва ҳамсояҳояшро чӣ интизор аст?
- Фоида ва таҳдиди бештар аз кӣ мерасад: Аз Кремл ва ё аз Ғарб?
Ба ин ва суолҳои дигар Алишер Илҳомов, мудири маркази таҳлилии Central Asia Due Diligence дар Лондон, посух дод.
Айнура Жекше-Кизи, бахши қирғизии Радиои Озодӣ
Радиои Озодӣ: Оё бо оғози ҳамлаи бедалели Русия ба Украина равобити Маскав бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дигар шудааст?
Алишер Илҳомов: "Бале, дар баъзе самт дигаргунӣ ҳаст, вале дар бораи тағйироти куллӣ гуфтан ғайриимкон аст. Дар умум, сустшавии Русияро дар бахши сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳарбӣ мебинем. Шикастҳои пайиҳам дар ҷабҳа заъфи артиши Русияро бармало кард. Ин ҷанг ақибмонии технологии Русияро аз Ғарбу аз кишварҳои узви НАТО нишон дод. Имконе ба вуҷуд омад, ки Осиёи Марказӣ бояд аз Русия фосила бигирад ва дар сиёсати хориҷии худ нисбатан мустақил бошад.
Русияи зери раҳбарии Путин то ҳол доктринаеро ба мисли барқарории мавқеъҳои пешинаи Маскав қабул кардааст. Онҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ кор надоранд. Бештар аз пайи онанд, ки ҷумҳуриҳои мо бо кӣ дӯстӣ доранд. Бахусус, дар бахши ҳарбӣ. Ҳоло эҳёи баъзе робитаҳоро бо бозигарони дигари минтақаӣ ва ҷаҳонӣ мушоҳида мекунем. Кӯшиши бунёди роҳҳои алтернативии нақлиёт ва боркашониро мебинем.
Дар мавриди мустақилии сиёсӣ пешравии зиёд дида намешавад. Ин истиқлол қобилияти кишварҳои моро дар муқобила бо таҳдиди эҳтимолӣ пешбинӣ мекунад. Чунин таҳдид, пеш аз ҳама, аз худи Русия ба миён меояд. Чизе, ки ҳоло дар Украина аст ва дар гузашта дар Молдова ва Гурҷистон рух додааст. Чанде пеш байни Қазоқистону Узбекистон созишнома имзо шуд. Маълум нест, банди ёрӣ ба ҳамдигар дар сурати ҳамлаи кишвари сеюм ҳифз шудааст ё на. Маҳз ҳамин нукта дар Маскав вокуниши манфӣ ба бор овард. Путин иттиҳоди сеҷонибаро пешниҳод кард ва, ба ин тартиб, кӯшиш кард, нақшаро аз байн бибарад. Ҳанӯз рӯшан нест, ки созишнома кай нашр мешавад. Агар ин банд бардошта нашавад, метавонад, қадами аввалин барои ноил шудан ба дифоъ ва амнияти дастҷамъӣ дар минтақа бошад."
Радиои Озодӣ: Яъне, ба назари Шумо, кӯшиши пеш гирифтани сиёсати мустақилона дида мешавад?
Алишер Илҳомов: "Бале, баъзе кӯшишҳо ҳастанд. Мо инро дар мисоли риояи таҳримҳои Ғарб мебинем. Чанд рӯз пеш як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия вокуниши сахт нишон дод ва ҳатто ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид кард. Вай гуфт, барои Русия қобили қабул нест, ки кишварҳои минтақа талош доранд, қоидаи таҳримро риоя кунанд. Аз ин пеш дар як нишаст дар Бишкек раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, зидди таҳримҳо аст, аммо наметавонад онҳоро риоя накунад. Вай мавқеи дурустро ишғол кард. Русия саъй дорад, Осиёи Марказиро ҳамчун як минтақаи транзитӣ истифода барад ва як навъ таҳримҳоро давр занад. То андозае комёб хоҳад шуд. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар навбати худ зери фишори Амрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ ҳастанд, ки онҳоро ба риояи таҳрим даъват мекунанд. Аллакай аввалин таҳримҳо нисбати як ширкати Узбекистон татбиқ шуд. Аз ин рӯ, ҳоло кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд интихоб кунанд. Дар айни замон аз ҷониби Русия таҳдидҳои иқтисодӣ ва фишанги фишор ҳаст."
Радиои Озодӣ: Кадом фишанги фишор ҳаст? Муҳоҷирон? Равобити иқтисодӣ?
Шояд танҳо тағйири режим, баъзе элитаҳо ва афроди мушаххас сурат бигирад. Сенарияи дигар ин фурӯпошӣ аст.
Алишер Илҳомов: "Нисбат ба кишварҳои гуногун фишангҳои гуногун ҳаст. Масалан, Қазоқистон аз муҳоҷирони корӣ дар Русия сахт вобаста нест. Аз интиқоли нафти худ тавассути лӯлае вобаста аст, ки аз қаламрави Русия мегузарад. Вақте Тоқаев дар бораи эътироф накардани "ДНР" ва "ЛНР" гуфт, Русия чораи лӯларо дид. Албатта, бо ягон баҳонаи техникӣ. Дар робита ба Қазоқистон чунин фишанг вуҷуд дорад. То ҳол дар бораи хатари ба бозӣ даровардани қартаи ҷудоихоҳон дар манотиқи шимолии Қазоқистон гап намезанем. Чунин таҳдидҳо низ садо додаанд."
Радиои Озодӣ: Тоқаев гоҳе Русияро танқид мекунад, гоҳе дигар мегӯяд, дар Қазоқистон соли забони русӣ эълон шудааст. Чунин сиёсати дугона чӣ маъно дорад?
Алишер Илҳомов: "Айни сиёсатро Ислом Каримов дар Узбекистон дошт. Шояд ӯ бештар аз ҳама дар Осиёи Марказӣ мехост, худро аз Маскав дур нигоҳ дорад. Мо дар мисоли Тоқаев ҳаминро мушоҳида мекунем. Зоҳиран, пас аз баста шудани лӯла ва пас аз як силсила таҳдидҳои дорои хусусияти ҳудудӣ, ӯ низ бархӯрди дугонаро пеш гирифт. Аз як сӯ талош барои изҳори садоқат ба Маскав, аз тарафи дигар, риояи таҳримҳо. Ӯ кӯшиш мекунад, байни ду қутб мувозинатро нигоҳ дорад. Ҳузури сармоягузорони ғарбӣ дар иқтисоди Қазоқистон чашмгир аст. Ҳеч кас намехоҳад, онро ба хотири Русия аз даст бидиҳад."
Радиои Озодӣ: Раҳбарони Осиёи Марказӣ ва Русия дар соли 2022 дидорҳои зиёде доштанд. Владимир Путин ба панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ рафт. Тоқаев 5-6 бор дар Русия буд. Ин мулоқот то чӣ андоза ҳосил дод ва дар навбати аввал ба фоидаи кӣ?
Алишер Илҳомов: "Русия ҳоло дар инзивои байнулмилалӣ аст. Барояш муҳим аст, ки назоратро дар минтақаи, ба истилоҳ, буферӣ аз даст надиҳад. Барои Русия бисёр муҳим аст, ки нишон диҳад, танҳо нест ва қобилияти давр задани таҳримҳоро дорад. Инчунин, набояд аз ёд бурд, ки Осиёи Марказӣ дар байни Русия ва Чин мондааст. Бозии бисёр печидае ҷараён дорад: аз як тараф Русия бо Чин ва Осиёи Марказӣ дар як даста амал мекунад ва аз тарафи дигар намехоҳад, мавқеи раҳбариро дар минтақа ба Чин вогузорад."
Радиои Озодӣ: Оё метавон гуфт, ки Русия кишварҳои Осиёи Марказиро қадр мекунад?
Алишер Илҳомов: "Бале, маҷбурӣ. Масалан, ҳамкории тиҷоратӣ бо Узбекистон афзуд. Ин бештар ба он вобаста аст, ки дар бозори Русия холигоҳ ба вуҷуд меояд. Русия кишварҳои дигарро ба худ ҷалб карда, монеаҳоеро, ки қаблан вуҷуд дошт, аз байн мебарад. Аммо фикр мекунам, ин на танҳо барои пур кардани холигоҳ, балки барои бештар такя кардан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун як минтақаи транзитӣ аст."
Радиои Озодӣ: Оё Осиёи Миёна аз ин манфиат мебинад?
Алишер Илҳомов: "Табиист, ки барои Узбекистон ва кишварҳои дигар барои ба бозори Русия баровардани маҳсулот баъзе имкониятҳо фароҳам шуд. Аммо, барои мисол, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон, ду дафъа шикоят кард, ки барои содироти маҳсулоти кишвараш ба бозори Русия ҳанӯз монеаҳо вуҷуд доранд."
Радиои Озодӣ: Муносибати Ғарбро ба Осиёи Марказӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Алишер Илҳомов: "Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 тамоми таваҷҷуҳ ба Аврупо нигаронида шуда буд. Ба Осиёи Миёна вобаста набуд. Ҳоло ки вазъият дар ҷабҳа ба эътидол омад, онҳо метавонанд, таваҷҷуҳ ва захираҳои худро тақсим кунанд. Ба кишварҳои Осиёи Миёна бештар диққат диҳанд. Ва мо онро мебинем. Аммо афзалиятҳо то ҳол ба Украина ва Аврупо нигаронида шудаанд."
Радиои Озодӣ: Баробари ба охир расидани ҷанг дар Украина вазъият чӣ гуна хоҳад шуд? Оё таҳлиле ҳаст, ки дар сурати шикасти Русия кишварҳои Осиёи Марказиро чӣ сарнавиште интизор аст?
Алишер Илҳомов: "Дар ин мавзуъ, ба назар мерасад, аллакай баъзе мулоҳиза ҳаст, вале баррасии умумӣ нест. Ҳадди ақал аз забони раҳбарон ва ё намояндагони элитаи ҳукмрон ин суханонро нашунидем. Аммо ин мавзуъҳо мағзи ҳукумат ва атрофиёнро банд медорад. Албатта, ба мо лозим меояд, ки аз ҳозир баъзе чораҳоро бинем, омода бошем. Пешгӯиҳои гуногуне вуҷуд доранд, ки дар сурати шикасти комили Русия чӣ рӯй дода метавонад. Ҳоло гуфтан душвор аст, ки чӣ мешавад. Шояд танҳо тағйири режим, баъзе элитаҳо ва афроди мушаххас сурат бигирад. Сенарияи дигар ин фурӯпошӣ аст. Дар ҳарду ҳолат кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд омода бошанд ва стратегияи муайяне дошта бошанд: “Нақшаи А” ва “Нақшаи Б”. То ҳол нашунидам, ки чунин таҳлиле анҷом шуда бошад."
Гуфтугӯ