Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти мол аз Олмон ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст


Мошинҳои олмонӣ дар Тоҷикистон харидор доранд.
Мошинҳои олмонӣ дар Тоҷикистон харидор доранд.

Хабаргузории "Рейтерс" маълум кардааст, ки баъди ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия барои ҷангаш зидди Украина, мизони воридоти мол аз Олмон ба кишварҳои атрофи Русия, аз ҷумла Тоҷикистон хеле афзоиш ёфтааст.

Ин хабаргузорӣ маълум кардааст, ки ҳаҷми содирот аз Олмон ба Қирғизистон 949 фоиз (то 170 миллион евро), ба Қазоқистон то 136 дарсад, ба Арманистон 172 дарсад ва ба Тоҷикистон 154 дарсад афзоиш ёфтааст.

Манбаъ мегӯяд, ин кишварҳо ба Русия дар давр задани таҳримҳо кумак мекунанд ва молҳое, ки аз Олмон ба кишварҳои атрофи Русия мераванд, дар ниҳоят боз ба Русия интиқол дода мешаванд.

Қаблан гуфтумонҳое дар сатҳи мақомоти аврупоӣ садо додааст, ки барои кӯмаки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия дар давр задани таҳримҳо онҳо низ бояд мавриди таҳрим қарор гиранд.

XS
SM
MD
LG