Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарб таҳрим кард. Тоҷикистону ҳамсояҳояш ба Русия чӣ доданд ва чӣ гирифтанд?


Додугирифти байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввали соли 2022 афзудааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар як гузориши таҳқиқӣ маълум карда, ки аз кишварҳои минтақа ба Русия ва ё баръакс чӣ бурданд ва чӣ оварданд.

ҚАЗОҚИСТОН: КОМПЮТЕР, ЯХДОН

Бино ба омори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти иқтисодӣ дар Остона, Русия ва Қазоқистон дар моҳҳои январ-августи соли 2022 ба маблағи 15,9 миллиард доллар додугирифт кардаанд. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 дарсад бештар аст.

Дар умум тағйирот зиёд нест, аммо таваҷҷуҳ ба навъи маҳсулоти додугирифтшуда вазъро комилан дигар тасвир мекунад. Барои мисол, содироти телевизиору мониторҳо 312 баробар; компютерҳо 215 ва телефон 88 баробар афзудааст. Ҳамчунин, дар 8 моҳи имсол дар муқоиса ба соли 2021 Остона ба Маскав 2,5 баробар бештар гилхок, 2,1 маротиба зиёдтар рӯҳ (синк)-и коркарднашуда ва 2 баробар бештар уран фурӯхтааст.

Пас аз ҳамлаи таҷовузкоронаи артиши Русия ба Украина аксар кишварҳои Ғарб содироти маҳсулоти зиёди техникӣ ва барқиро ба Маскав бас карданд. Садҳо ширкати борбар фаъолияти худро дар қаламрави ин кишвар манъ намуданд. Инчунин, барои харидану овардани чунин таҷҳизот ба Русия муомилоти молӣ тавассуи бонкҳо маҳдуд гардид.

Сарҳади Қазоқистону Русия
Сарҳади Қазоқистону Русия

Сабаби афзоиши бурдани таҷҳизоти барқӣ ва компютерӣ аз Қазоқистон ба Русия ҳам ҳамин будааст. Мутахассисони соҳа мегӯянд, тоҷирони қазоқ дарвоқеъ аз кишварҳои дигар молу маҳсулоти зиёд харида, ба Русия интиқол медиҳанд.

Оҷонси Bloomberg дар охири моҳи октябри имсол бо нашри таҳқиқоте гуфт, Қазоқистон аз бозори Аврупо таҳизоти маишӣ, ба мисли мошинҳои ҷомашӯйӣ ва яхдонҳоро бисёр мехарад. Ба навиштаи расона, интиқоли ин таҷҳизот аз Остона ба Маскав ҳам зиёд шудааст.

Оҷонси молӣ ва иттилоотии Амрико аз камбуди таҷҳизоти маишӣ дар бозорҳои Русия хабар дода, ҳамзамон таъкид кардааст, ки асбобҳои реэкспорт ё аз кишвар дуюм воридшуда дар Маскав “эҳтимол бо ҳадафҳои низомӣ истифода мешавад.”

Қаблан мансабдорони ғарбӣ эълон карда буданд, ки дар тонкҳои Русия баъзе аз қисмҳои яхдон ва мошинҳои ҷомашӯйӣ ошкор шудааст. Барои мисол, моҳи сентябр раиси Кумисюни Аврупо, Урсула фон дер Лейен, изҳор дошт, ки дар таҷҳизоти ҳарбии Русия микрочип ё микросхемаҳои асбобҳои рӯзгор истифода шудааст. Вазири Амрико, Ҷин Роймонд ҳам моҳи май айни ҳамин гапро такрор кард.

УЗБЕКИСТОН: ТЕЛЕВИЗОР, ТЕЛЕФОН, МИКРОСХЕМА

Тибқи ҳисоботи Кумитаи омори Узбекистон, дар 8 моҳи соли 2021 додугирифти молу маҳсулот бо Русия 4,4 миллиард долларро ташкил додааст. Ин рақам дар ҳамин давраи имсол ба 5,6 миллиард доллар расида. Аз аввали сол ин нишондод беш аз 27 дарсад афзудааст.

Додугирифти Тошканд бо Маскав бештар аз кишварҳои дигар будааст. Соле пеш Узбекистон ба Русия ба маблағи 1,2 миллиард доллар молу маҳсулот фиристода буд. Имсол мизони тиҷорат ба 1,8 миллиард доллар расидааст. Содирот ба Маскав беш аз 45 дарсад зиёд шудааст.

Ҷолиб ин аст, ки ҳамзамон воридоти молу маҳсулот аз Чин ба Узбекистон афзудааст. Дар 8 моҳи соли гузашта Тошканд аз Чин ба маблағи 3,7 миллиард доллар маҳсулот харида буд. Имсол ин рақам ба 4,2 миллиард доллар баробар аст. Аз эҳтимол дур нест, ки як бахши зиёди ин молу маҳсулот реэкспорт ё такроран содирот мешаванд.

Бо истифода аз омори манбаъҳои гуногун, хабарнигорон маълум кардаанд, ки аз Узбекистон ба Русия асосан маҳсулоти саноатӣ, маводи озуқа, сабзавоту мева, молҳои нассоҷӣ, газ ва тиллову таҷҳизоти рӯзгор интиқол мешавад.

Тошканд
Тошканд

Бино ба иттилои Кумитаи омори Узбекистон дар 9 моҳи аввали имсол аз ин кишвар ба хориҷ 136 ҳазор телевизор содирот шудааст, ки 26,1 дарсад бештар аз соли 2021 аст. Қисми зиёди ин таҷҳизот ё 73 ҳазори онро ба Русия интиқол додаанд.

Тобистони имсол хабаргузории русии «Ведомости» хабар дод, ки “Honor”, ширкати истеҳсолкунандаи смартфонҳо, моли худро дигар тавассути Тошканд ба Русия мерасонад. Содироти мустақими моли ширкат ба Маскав аз тарси таҳрим шудан аз моҳи март бас шудааст. Телефонҳои “Honor” дар бозори Русия аз нигоҳи харидорӣ дар ҷойи 5-ум қарор дорад.

Пеш аз ин, дар охирҳои моҳи май, Амрико ширкати узбекистонии “Promcomplektlogistic”-ро барои фурӯши микросхемаҳо ба Русия ба рӯйхати таҳримҳо ворид кард.

ҚИРҒИЗИСТОН: АТРУ ДАНДОНШӮЯК

Додугирифти маҳсулот байни Қирғизистон ва Русия дар моҳҳои январ-августи 2021 ба 1,4 миллиард доллар баробар буд. Дар ҳашт моҳи имсол ба 2 миллиард доллар расид. Ҳамчунин дар баробари воридот, содирот ҳам зиёд шуд.

Кумитаи миллии омори Қирғизистон эълон кард, ки давоми 8 моҳи соли гузашта аз ин кишвар ба Русия ба 238 миллион доллар молу маҳсулот фиристоданд. Ин рақам дар соли равон якбора ба 445 миллион доллар расид. Яъне, дар як сол додугирифт миёни ду кишвар 87 дарсад бештар шуд.

Аз Қирғизистон асосан либос, пояфзол, асалу сабзавот ва меваҳои хушку тар, мошин ва асбобҳои он, маҳсулоти ширӣ, моҳӣ ва метали сиёҳу молҳои дигар фиристода мешавад. Ҳарчанд мизони умумии содирот чандон зиёд ба назар намерасад, интиқоли баъзе аз молҳо якбора зиёд шудааст. Масалан, дар ҳашт моҳи гузашта аз Қирғизистон ба Русия ба таври бесобиқа таҳҷизоти зиёди электрикӣ фиристода шудааст. Аз ҷумла, гӯшиҳо, бухориҳои барқӣ, тафдону асбобҳои сартарошӣ, дурбинҳои наворбардорӣ.

Расонаи Factcheck.kg бо таҳлили нишондодҳои Кумитаи омори Қирғизистон ба ин натиҷа расид, ки имсол ба Русия ба маблағи рекордӣ гӯшӣ (наушник) ва микрофон фурӯхта шудааст. Ин маблағ ба 432 миллион сом ё 5,2 миллион доллар баробар будааст. Соли гузашта фурӯши ин таҷҳизот ба Русия ҳамагӣ 2,2 миллион сом ё 26,4 ҳазор доллар буд. Яъне, содирот 200 баробар зиёд шудааст.

Соли гузашта аз Қирғизистон ба Русия ягон дона плитаи барқӣ содир нашуда буд, аммо имсол 24 ҳазор чунин таҷҳизотро аз Бишкек ба Маскав бурдаанд. Ҳамчунин имсол Русия аз Қирғизистон ба маблағи 1 миллиону 148 ҳазор бухории гармидиҳӣ (обогревател) харидааст.

Бишкек
Бишкек

Аксар кишварҳои ғарбӣ фурӯши тило ва ороишоти гаронбаҳо, ҷузвдон, нӯшокӣ ва ороишоти занонаро ба Русия манъ кардаанд. Вашингтон содироти 570 номгӯи чунин маҳсулотро ба Маскав боздошт. Дар пай воридоти ин маҳсулот аз кишварҳое чун Чин шуруъ шуд. Ҳамзамон маҳсулоти манъшуда тариқи кишварҳои дигар, махсусан давлатҳои Осиёи Марказӣ, ба бозори Русия роҳ меёбад.

Агар Бишкек соли гузашта ба Маскав 1 тонна маводи ороишӣ фиристода бошад, имсол ҳаҷми он ба 50 тонна расид. Соҳибкорони қирғизистонӣ содироти маҳсулоти ороишии занонаро дар як соли охир аз 8 то ба 260 тонна зиёд кардаанд. Содироти шампун ва собун ҳам аз Қирғизистон ба Русия ба таври бесобиқа афзудааст.

Дар айни замон ҳаҷми воридоти ҳамин маҳсулот ба худи Қирғизистон ҳам зиёд шуда. Масалан, соли гузашта ба Бишкек ба маблағи 800 миллион доллар чунин маҳсулот ворид шудааст, имсол ин омор якбора ба 2,5 миллиард доллар расид.

ТОҶИКИСТОН: САБЗӢ, КАРАМ, ҚИСМҲОИ ЭҲТИЁТӢ

Мақомоти Тоҷикистон омори нави додугирифти молу маҳсулотро бо Русия оммавӣ накардаанд. Маъмулан дар сомонаи ин ниҳод нишондодҳои пешина нашр мешавад.

Расонаҳои Тоҷикистону Русия аз афзоиши додугирифти молу маҳсулот миёни ду кишвар хабар додаанд. Зимни мулоқоти президенти Русия Владимир Путин бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи майи соли равон дар Маскав гуфта шуд, ки дар 3 моҳ додугирифти ду кишвар 70 дарсад зиёд шудааст.

Моҳи июн ҳангоми дидори навбатии Раҳмон ва Путин дар Душанбе гуфта шуд, ки додугирифти ду кишвар дар 5 моҳ 50 дарсад афзуд. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳангоми сафараш ба Маскав гуфт, дар давоми 8 моҳи охир тиҷорати байни ду кишвар 40 дарсад зиёд шудааст.

Бино ба омори Вазорати рушди иқтисоди Русия ҳаҷми додугирифт бо Тоҷикистон дар 8 моҳ 922.6 миллион доллар баробар аст. Ин нишондод 22 дарсад бештар аз ҳамин давраи соли гузашта будааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Хадамоти гумруки кишвар ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистону Русияро дар 9 моҳ 1,22 миллиард доллар гуфт, аммо қисми зиёди ин маблағ (1,15 миллиард доллар) ба воридот ва ҳамагӣ 66 миллион доллар ба содироти молу маҳсулот рост меомадааст.

Қисми зиёди маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро ба Русия тило, нуқра, алюминий, асал ва сангҳои дигари гаронбаҳову сиёҳ ташкил медиҳад. Эҳтимол соли равон содироти ин маҳсулот боз ҳам бештар шавад.

Ҳамчунин, аз кишвар ба Русия меваҳои тару хушк ва пахта мебаранд. Маскав аз Душанбе баъзе аз навъҳои мошин ва қисми эҳтиётиро ҳам мехарад, ки ин бештар реэкспорт аст, яъне аз кишварҳои дигар ба Душанбе ва аз инҷо ба Русия содирот карда мешавад.

Раиси Оҷонсии содироти Тоҷикистон, Баҳодур Раҳимзода, моҳи май дар суҳбат бо нашрияи расмии “Ҷумҳурият” гуфт, имсол кишвар дар ҳаҷми калон маҳсулоте мисли тухм, меваи хушк, сабзӣ, ангур, карам, мағз ва лимонро содирот хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, дар байни кишварҳое, ки ин маҳсулотро мехаранд, Русия дар ҷойи аввал қарор дорад.

ТУРКМАНИСТОН: МЕВА, ПАШМ

Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пайваста ҳушдор медиҳанд, ки кишварҳое, ки ба Русия мадад мекунанд, таҳрим хоҳанд шуд. Моҳи июл Вазорати молияи Амрико Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистону Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳое ворид кард, ки эҳтимол барои ворид кардани маҳсулоти манъшуда ба Русияву Беларус мадад кунанд.

Туркманистон дар ин рӯйхат набуд, вале ин кишвар ҳам яке аз шарикони асосии тиҷоратии Русия аст. Маъмулан мақомоти Туркманистон дар бораи додугирифти иқтисодии худ бо кишварҳои дигар маълумоте нашр намекунанд. Дар сомонаи Кумитаи омор қариб дар бораи ягон соҳа маълумоте нест. Аммо зимни мулоқоти Владимир Путин ва президенти Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммедов, дар Кремл хабар дода шуд, ки додугирифти байни ду кишвар дар нимсолаи аввал ба 171,1 миллион доллар баробар шудааст, ки ин 45 дарсад бештар аз соли 2021 аст.

Сафири Русия дар Туркманистон моҳи сентябр дар сӯҳбат ба хабаргузории давлатии “ТАСС” изҳор дошт, ки дар давоми 5 моҳи имсол додугирифт ба 278 миллион доллар баробар буда, 18 дарсад бештар аз соли гузашта аст. Дар ҳамин ҳол, омори содирот аз Туркманистон ба Маскав 27 дарсад бештар будааст.

Русия ба Туркманистон асосан мошину хӯрокворӣ ва маводи хом барои хоҷагии қишлоқ, маводи кимиёӣ ва метал мефурӯшад. Ишқобод дар навбати худ ба Маскав маҳсулоти нассоҷӣ, либосу пояфзол ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунад. Содироти мева ва сабзавот аз ин кишвар ба Русия 30 дарсад ва фурӯши пашми гӯсфанд 50 дарсад зиёд шудааст.

Афзоиши додугирифт бо Русия ба манфиати кившарҳои Осиёи Марказӣ аст, вале фоидае, ки метавонад ба таҳрими ин кишварҳо поён ёбад. Кишварҳои ғарбӣ ҳушдор додаанд, ки нисбати давлатҳое, ки ба Русия ёрӣ мекунанд, чораҳои ҷиддӣ хоҳанд андешид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG