Амрико рӯзи 23 феврал ширкати "УКОН"-ро, ки дар Қирғизистон сабтином шудааст, таҳрим кард.
Ба иттилои Вазорати адлияи Қирғизистон, "УКОН" моҳи августи соли 2022 таъсис ёфта, ягона муассиси ӯ Ғафорзода Маҳдӣ Фикрат уғлу аст.
ИМА қаблан зидди ширкатҳои қирғизистонӣ таҳрим ҷорӣ кардааст. Аз ҷумла, ширкати "Weitmann Handeln Allianz" моҳи декабри соли гузашта таҳти таҳрим қарор гирифт ва Вазорати молияи Амрико гуфт, "Weitmann Handeln Allianz ба Русия садҳо дастгоҳи коркарди маълумот ва дастгоҳи ҳифзи иттилоъ содир кардааст".
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар пайи таҳрим шудани ширкатҳои ин кишвар гуфт, тафтишотро оғоз кардааст. Ба гуфтаи масъулони кумита, эҳтимол таҳримҳои Амрикоро ширкатҳои хусусӣ нақз карда бошанд. Ҳукумати Қирғизистон ва ягон идораи давлатии ин кишвар дар давр задани таҳримҳои ИМА даст надоранд.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи августи соли 2023 изҳор дошт, ки Бишкек дар давр задани таҳримҳо ба Маскав кумак намекунад ва "Чину Русия низ аз кишварҳои хурд вобастагӣ надоранд".