Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон аз вокуниш ба қазияи А.А, ки дар Арабистони Саудӣ дармонда ва аз мақомот ёрӣ мехоҳад, худдорӣ карданд. Аммо намояндагии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт, омодааст, ки барои ҳалли мушкили ин зани тоҷик дар Саудӣ дасти кумак дароз кунад. А.А рӯзи 29-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар Арабистони Саудӣ дар хонаи кордиҳандааш азобу шиканҷа шудааст ва мунтазири ёрии мақомот мебошад.
Агар дархост шавад, кумак мекунем. Аллакай мактуб навиштам, ки Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар доираи барномаҳои худ ёрӣ мерасонад. Мо ин занро бармегардонем, бетараф намеистем
“Ин занро бармегардонем”
Аксар мақомдороне, ки ин мавзуъро бо онҳо матраҳ кардем, гуфтанд, А.А зоҳиран бо хости худ ба он кишвар рафтааст ва барои ҳалли мушкили ӯ дари ниҳоди дигарро нишон медоданд. Дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон танҳо гуфтанд, ки Душанбеву Риёз дар масъалаи кор созишнома надоранд. Ҳарчанд Вазорати умури хориҷӣ дар бораи қазия расман вокуниш накардааст, аммо ба назар мерасад, ки сафорати Тоҷикистон дар Риёз барои рафъи мушкили и А.А талошҳоеро анҷом медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Гулчеҳра Иброҳимова, мушовири дафтари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон, рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати муроҷиати А.А онҳо барои овардани ӯ ба Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард. “Агар дархост шавад, кумак мекунем. Аллакай мактуб навиштам, ки Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар доираи барномаҳои худ ёрӣ мерасонад. Мо ин занро бармегардонем, бетараф намеистем”, - афзуд ӯ.
"Беш аз 200 зани тоҷик дар хориҷа бардаанд"
Дар гузашта Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар бозгардондани занҳои тоҷик, ки бо роҳи фиреб ва ба манзури истифодаи ҷинсӣ ба кишварҳои арабӣ интиқол шуда буданд, низ кумак карда буд. Масалан, дар солҳои аз 2005 то 2010 ин ниҳод 18 зани тоҷикро аз Имороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия ба ватан овардааст.
Толиб Шарифов, муовини раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи қазияи А. А аз расонаҳо огоҳ шудааст. Ба гуфтаи вай, ин ниҳод ба ҳеч кадом аз ширкатҳои хусусӣ барои фиристодани муҳоҷирони корӣ, бахусус, занҳо аз Тоҷикистон ба Саудӣ муҷаввиз ё иҷозатнома надодааст.
Ӯ афзуд, “ин зан бояд аз тариқи субъектҳои хоҷагидор бояд ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад. Мо чунин субъектҳои расмӣ надорем. Ҳоло бештари муҳоҷирон визаи тиҷоратӣ гирифта ва ба таври ғайриқонунӣ дар Арабистони Саудӣ мемонанд. Яъне, худсарона рафта ва дар он ҷо ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ мешаванд.”
Ин дархост Шукурҷон Зуҳуров, вазири онвақтаи меҳнатро ба хашм овард. Чаро онҳо духтарони ҷавонро даъват мекунанд? Магар барои анҷоми корҳои хона занҳои болотар аз синни 45–сола неву ҳатман бояд духтари то 25-сола даъват шаванд?Анвар Бобоев
"Ҳанӯз созишнома имзо нашудааст"
Шарифов гуфт, аз тариқи додани иҷозатнома ба ширкатҳои Тоҷикистону хориҷӣ ин ниҳод метавонад, назорат кунад, ки дар кадом таърих, ба куҷо ва чӣ теъдод аз муҳоҷирони меҳнатӣ интиқол шудааст. Дар ин замина Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ созишнома имзо накардааст. Ҳоло созишнома миёни Тоҷикистон ва Қатар дар бораи муҳоҷирати корӣ таҳия ва мувофиқа шуда, вале ҳанӯз имзо нашудааст.
Манобеи Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ки дар мавриди интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирони корӣ ва сӯистифода аз занҳои муҳоҷири тоҷик дар кишварҳои арабӣ алайҳи ширкатҳои хусусии кишвар парвандаҳо боз шуда, аммо аз ифшои теъдод ва исми ширкатҳо худдорӣ карданд.
"Худо ба ҳеҷ кас нишон надиҳад"
Зимнан, А.А, ки аз шаҳри Риёз бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, рӯзҳоеро дар хонаи як сокини Риёз пушти сар кардааст, ки “Худо ба касе нишон надиҳад.” Шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистон соли гузашта ба Арабистони Саудӣ барои кор рафтааст ва мегӯяд, аз коре, ки кард, пушаймон шудааст. Ӯ мегӯяд, азбаски бар хилофи қарордод дар хонаи кордиҳанда, кори зиёде мефармуданд, хост, корро бас кунад ва баргардад. Аммо соҳибхона ба хашм омада ва аз ӯ талаб кардааст, ки 2 ҳазор доллареро, ки оҷонсии кордиҳанда барои ба кор гирифтани ӯ пардохтааст, баргардонад.
А.А гуфт, аз тариқи хешовандонаш ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва додситонӣ ҳам муроҷиат кардааст, ки ба қазияи ӯ расидагӣ кунанд ва қарор буд, рӯзи сӯҳбат консули Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ барои мулоқот ва ҳалли масъала ба назди ӯ биёяд.
Даъвати занҳои ҷавони тоҷик ба Саудӣ дар 9 соли пеш
Масъалаи фиристодани занҳои ҷавони тоҷик барои кор ба Арабистони Саудӣ дар соли 2008, замони интиқоли нахустин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвар пайдо шуд. Он замон намояндагони рӯҳониёни расмӣ ва аҳзоби сиёсӣ фиристодани занҳо барои кор ба кишварҳои арабиро, ки бисёрзанӣ роиҷ аст, як кори нанговар хонда буданд.
Анвар Бобоев, коршиноси масоили муҳоҷират, гуфт, дар соли 2008 Арабистони Саудӣ ба Вазорати меҳнати Тоҷикистон дархост карда буд, то ба он кишвар 300 ронанда ва 200 зани то 25-соларо барои анҷоми корҳои хона фиристад. Вай гуфт, "ин дархост Шукурҷон Зуҳуров, вазири онвақтаи меҳнатро ба хашм овард. Чаро онҳо духтарони ҷавонро даъват мекунанд? Магар барои анҷоми корҳои хона занҳои болотар аз синни 45–сола неву ҳатман бояд духтари то 25-сола даъват шаванд?".
Он замон давлати Тоҷикистон барои бозгардондани занҳои тоҷик аз кишварҳои хориҷӣ комиссияи махсус таъсис карда ва тавассути ин комиссия 18 занро аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе оварда буд.