“Ховар” - хабаргузории давлатии Тоҷикистон бо нашри матлаби коршиноси динӣ Абдуллоҳи Муҳаққиқ ҳамсари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳазрати Оиша ташбеҳ карда, пешниҳод додааст, ки Азизамоҳ Раҳмоноваро "пешвои занони исломӣ" эълон кунанд.
Муҳаққиқ дар ин матлаб, ки 19 январ нашр шуд, гуфтааст, “ӯ чун модари муъминон — Оиша (р) ба зиёрати Каъбатуллоҳ шитофт. Дар Маккаи Мукаррама ва оромгоҳи ҳазрати Муҳаммад (с) дар Мадинаи Мунаварра изҳори бандагӣ намуд.”
Абдуллоҳи Муҳаққиқ таъкид кардааст, ҳамсари раиси ҷумҳур аз нахустин занони кишварҳои Осиёи Марказист, ки вориди Каъбатуллоҳ шуд ва дар он ҷо намоз хонд. Ба ин далел муаллиф хостааст, ки Азизамоҳ Раҳмонова, ҳамсари раиси ҷумҳур ва бонуи аввали Тоҷикистон пешвои занони исломӣ эълон ва ба ин унвон ба ӯ эҳтиром гузошта шавад.
“Апаи Азизмо ҳамсари президент Эмомалӣ Раҳмон нахустин зани мусалмони тоҷик аст, ки бо духтаронаш, чун Озода, дар дохили Каъбатуллоҳ намоз гузориданд ва аз баракати ин макони муқаддаси исломӣ мушарраф гаштанд. То ин замон даҳҳо модарон ва бонувони тоҷик ба зиёрати Ҳаҷ рафта, аммо онҳо андар дохили Каъба ворид нагашта буданд,” – менависад Абдуллоҳи Муҳаққиқ.
Муаллифи матлаб дар идома Ҳаҷҷи ҳамсару духтарони Эмомалӣ Раҳмонро “рӯйдоди таърихӣ” номида навиштааст, "апаи Азизамоҳ ҳамчун ҳоҷии ҳарамайни шарифайн ифтихор ва шарафи зани тоҷик аст! Аз рафтор ва кирдори апаи Азизмо бояд дигар бонувон ибрат бигиранд.”
Ин коршиноси динӣ аз вокунишҳи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ба Ҳаҷҷи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсару чанде аз фарзандонаш интиқод карда ва онҳоро ба “такфиргароӣ” муттаҳам карда, афзудааст, ки мехоҳад дар бораи ҳамсари президент китобе ҳам бинависад.
Азизамоҳ Раҳмонова, ки то солҳои охир дар мазҳари ом кам зоҳир мешуд, тобистони соли 2014 бо либоси миллӣ ва рӯсарӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар сафари расмиаш ба Малайзия ҳамроҳӣ кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон чанд аксеро аз маросими истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар Куала-Лумпур гузошт, ки дар он бонуи аввали кишвар бо рӯсарӣ дида мешуд. Бисёриҳо аз ин рафтори ҳамсари раиси ҷумҳур истиқбол карада ва аммо ин саволро пеш гузошта буданд, ки пас, мубориза бо рӯсарии занони дигар дар кишвар чӣ маъно дорад?
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷараёни сафараш ба Арабистони Саудӣ ҳамроҳи ҳамсар ва чанде аз фарзандонаш ба зиёрати Хонаи Худо рафт. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, оқои Раҳмон рӯзи 4 январ маносики Ҳаҷҷи умраро ба ҷо оварда, ба навиштаи ин манбаъ, ба ӯ муяссар шудааст, ки барои бори дувум вориди Каъбатуллоҳ бишавад.
Дар аксу видеое, ки торнамои расмии президенти Тоҷикистон нашр кард, Фирӯза ва Озодаи Раҳмон – духтарон ва Ҷамолиддин Нуралиев, яке аз домодҳои раиси ҷумҳурро ҳангоми адои маносики Ҳаҷҷи умра дидан мумкин аст.
Пешниҳоди додани мақоми "пешвои занони исломӣ" ба ҳамсари президенти Тоҷикистон ва он ҳам дар пешорӯи паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест ки дар моҳи декабр ӯ қонунеро имзо гузошт, ки ба оқои Раҳмон мақоми расмии "пешвои миллат" медиҳад. Бар асоси ин қонун, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси "пешвои миллат" аз ҳар навъ эҳтимоли ҷавобгарӣ барои амалҳое, ки дар даврони раҳбариаш ба Тоҷикистон кардааст, озод шуда, ҳатто баъди рафтан аз мақом низ нуфузаш бар раҳбари ояндаи кишварро ҳифз мекунад. Ӯ аз ҷумла ҳақ хоҳад дошт, то дар ҳар вақти дилхоҳ бо паём ба мардум муроҷиат кунад. Ҳамин тавр, иҷрои машваратҳои "пешвои миллат" дар масоили сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аз сӯи раҳбари ояндаи Тоҷикистон, тибқи ин қонун, ҳатмист.
Мунтақидон додани "пешвои миллат" ба Эмомалӣ Раҳмон ва инак, мақоми "пешвои занон" ба ҳамсари ӯро оғози як марҳалаи ҷадид дар маъракаи давомдори парастиши шахси раҳбари аввал дар Тоҷикистон меноманд. Ин маърака дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, авҷ гирифтааст. Ба ақидаи мунтақидони давлат, дар кишваре, ки дар асри 21 мардумаш ҳанӯз газу нирӯи барқ надорад, худро "пешвои миллат" эълон кардани раҳбараш суолбарангез аст. Таҳлилгарон мегӯянд, чунин ифрот дар шахспарастӣ ба обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ латма зада, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ҳарчӣ бештар шабеҳи низомҳои худкомаи ҳоким дар Узбакистону Туркманистон мекунад.