Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойгоҳи 127-уми Тоҷикистон дар гузориши вазъи модару кӯдак дар ҷаҳон


Бар пояи гузориши созмони "Save the Children", ки вазъияти модар ва кӯдак дар 179 кишвари ҷаҳонро баррасӣ кардааст, Тоҷикистон дар ҷойгоҳи 127-ум қарор дорад.

Бунёди наҷоти кӯдак ё Save the Children гузориши худ оид ба масоили кӯдак ва модарро дар саросари ҷаҳон ба нашр расонд ва Тоҷикистонро дар ин замина дар мақоми 127-ум қарор дод. Муаллифони ин гузориш ба ин мавзӯъ аз панҷ зовия баҳогузорӣ кардаанд: шароити бордорӣ ва таваллуд, саломатии кӯдакон, вазъияти иқтисодии кишвар, ширкати занон дар сиёсати миллӣ ва тавоноӣ барои таъсир дар тадвину тағйири сиёсатҳо.

Бар пояи ин гузориш мизони маргу мири занони тоҷик ҳини таваллуд дар соли 2013 як ба 430 будааст, яъне аз ҳар 430 зани ҳомила дар Тоҷикистон, як нафар ҳини таваллуд аз дунё мегузарад. Мизони фавти кӯдакони аз панҷсола хурдтар, ки яке аз меъёрҳои ин гузориш мебошад, дар Тоҷикистон аз ҳар ҳазор кӯдак, 47 нафарро ташкил медодааст.

Яке аз дигар омилҳои баррасишуда дар ин гузориш, миёнагии солҳое, аст, ки духтарон имкони дастрасӣ ба мактаб ва таҳсилоти расмиро доранд. Бар пояи ин гузориш, духтарони тоҷик ба таври миёна 11,2 сол ба таҳсилоти расмӣ дастрасӣ доранд.

Мушорикати занон дар сиёсататҳои миллӣ яке аз меъёрҳои дигари ин гузориш мебошад ва тибқи он, мушорикати занони тоҷик дар ин раванд 15 дарсадро ташкил медиҳад. Бар пояи ин гузориш, мушорикати занон дар Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон, ки як ҷомеаи суннатӣ ба ҳисоб меравад, 24 дарсадро ташкил додааст.

Тибқи ин гузориш Норвегия аз ҳама кишвари беҳтар барои модарон будааст ва ин бадтарин вазъ дар ин замина дар Сомалия будааст. Ҳамин тавр дар ин гузориш Қатар ва Саудӣ, Малайзия ва Венесуэла аз ҷумлаи кишварҳое ном бурда шудаанд, ки дар масоили модару кӯдак вазъи беҳтаре доранд.

Ҳамсоякишвари Тоҷикистон Афғонистон дар ин гузориш дар рутбаи 152 ҷой гирифтааст. Бар пояи ин баррасӣ, Ҷумҳурии Конго, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ аз ҳама шароити вазнин дар заминаи вазъи модар ва кӯдак доранд. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки он кишварҳое, ки дар ҷойгоҳҳи пойн қарор доранд, даргири ҷангҳои дохилӣ ва мушкилоти сиёсӣ мебошанд.

Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки барномаҳои давлатии кам кардани маргу мири кӯдаконро таҳяи карда, барои ин аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ кӯмакҳои молӣ низ мегирад. Бо гузашти 11 сол аз оғози иҷрои «Нақшаи стратегии солимии аҳолӣ», ки яке аз чунин барномаҳои кам кардани маргу мири модару кӯдак аст, мавориди маргу мири модару кӯдак ва бемориҳое, чун камхунӣ ва саратон дар миёни занони тоҷик вуҷуд дорад.

Нақшаи стратегиии солимии аҳолӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон дар 11 сол пеш қабул гашта, то соли 2014 давра ба давра амалӣ шуд. Нақшаи мазкур аз шаш самти фаъолият ва даҳ вазифа иборат буда, асосан барои беҳтар кардани солимии мардум бо роҳи танзими оила, таваллуди бехатар ва ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, нигаронида шуда буд.

XS
SM
MD
LG