Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зан 8-солаву шавҳар 58-сола? Издивоҷҳои Саудӣ


Вазорати адлияи Арабистони Саудӣ гуфтааст, ба зудӣ синни хурдтарини духтарон барои издивоҷро эълон мекунад.

Раиси бахши ақди никоҳи ин вазорат ба хабарнигорон гуфтааст, базудӣ санаде тасвиб мешавад, ки ҳадафи он "кафолати амнияти духтарон" аст. Ба гуфтаи ин мансабдор, ҳоло вазорат синни издивоҷи духтаронро муайян накардааст, вале баҳс дар ин замина идома дорад.

Чандин сол инҷониб созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз ҳукумати Саудӣ дархост дорад, ки синну соли издивоҷи духтаронро муқаррар кунад. Арабистони Саудӣ, ки бо муҳофизакорӣ маъруф мебошад, қонунан синну соли издивоҷи
духтаронро муайян накардааст ва падарон, ки сарпарасти қонунии духтарон ба шумор мераванд, бар ивази маҳр ё қалини хуб духтарҳояшонро ба мӯйсафедон ҳам тақдим кардаанд.

Бисёре аз рӯҳониёни Саудӣ аз қабули қонун дар бораи синни издивоҷи духтарон пуштибонӣ мекунанд.

Солҳои гузашта баъзе баҳсҳои талоқи саудиҳо боиси баҳсҳои доғ шуда буд. Барои мисол, соли 2010 кумиссиюни ҳуқуқи башари Саудӣ барои ташкили талоқ ва ҳимояи як духтари 12-сола аз шавҳари 80-сола вакили мудофеъ киро карда буд. Соли 2009 бошад, сарфи назар аз эътирози вазорати адлия додгоҳи Саудӣ ақди никоҳи кӯдаки 8-сола бо марди 58-соларо бекор накард.

Арабистони Саудӣ Эъломияи ҳуқуқи башарро имзо кардааст ва бар пояи ин санад ҳар фарди поин аз 18-сола бояд кӯдак арзёбӣ шавад.

Бештари соҳибназарони тоҷик ҳам мегӯянд, чун Арабистони Саудӣ кишвари намуна барои мусалмонҳост, бояд синни издивоҷи духтаронро расман муайян бикунад. Зеро дар сурати ғайр, ин падида метавонад ба кишварҳои дигари мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам “сироят” бикунад.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон синни издивоҷи духтарон аз 18-солагӣ иҷозат аст. Вале мақомоти кишвар мегӯянд, баъзан волидон духтарони худро аз синни қонунии издивоҷ поён ҳам ба шавҳар медиҳанд.

То ду соли пеш синни издивоҷ барои духтарон аз 17-солагӣ муайян шуда буд. Аммо бо пешниҳоди Кумитаи умури занон ба дунболи афзоиши азҳампошии хонаводаҳои ҷавон дар Тоҷикистон порлумон синни издивоҷро як сол боло бурд ва аз 18-солагӣ таъйин кард.
XS
SM
MD
LG