Дар оғози ҳафтаи равон мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо соҳибкорон баргузор шуд. Дар ин нишаст ҳудуди ҳазор соҳибкор ва масъулони идораҳои давлатӣ иштирок карданд.
Як монеи рушди дигари соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки аксар бозорҳо монополия шудаанд ё ҳадди ақал олигополия ҷой дорад.
Ба фарқ аз солҳои қаблӣ мулоқот бидуни суолу ҷавоби президент бо иштирокдорон сурат гирифт. Дар давоми суханронии беш аз яксоатаи хеш Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди сарпечии соҳибкорон аз пардохти андоз, эътимоди ками мардум ба бонкҳо, ки монеи ҷалби амонатҳои мардум шудааст, сухан ронд.
Дар ин робита бо Олимҷон Бобоев, вакили порлумон ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон суҳбате доштем ва аз ӯ пурсидем, ки сабаби сарпечии соҳибкорон аз андоз дар чист?
Олимҷон Бобоев: “Cабаб дар фишори баланди андоз аст. Мизони андозҳо дар мо дар муқоиса ба кишварҳои дигар хеле баланд аст. Бар замми ин, нархи молу хадамоти дигар, аз ҷумла барқу об низ боло рафт. Фоида кам аст. Соҳибкорон сари вақт андозро пардохт карда наметавонанд ва ҳаракат мекунанд, ки бо ҳар роҳе аз пардохти андоз гурезанд. Умуман сатҳи андоз набояд аз 36-40 дар сад бештар бошад. Дар мо сатҳи он қариб ба 86 дар сад мерасад. Яъне, агар як соҳибкор як сомонӣ даромад бигирад, ҳудуди 80 дирамашро бояд ҳамчун андоз ба давлат супорад. Бо 20 дар сади боқимонда соҳибкор корашро пеш бурда наметавонад. Қонуни андози мо ба бозбинӣ ниёз дорад. Баъзе андозҳо такрори ҳаманд. Баъзан аз як сарчашмаи даромад ду карат андоз ситонида мешавад. Масалан, андоз аз истифодабарандагони роҳ пардохта мешавад. Боз аз ҳамон андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ҳам мегиранд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Оё Шумо ва вакилони дигар дар ҷаласаҳои порлумон ҳамин мушкилотро бо мансабдорон дар миён намегузоред? Магар имкони пешниҳод кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни андоз нест?
Олимҷон Бобоев: “Албатта, дар хонишҳои порлумонӣ мо ин мушкилотро бо мансбдорони дахлдор баррасӣ мекунем. Аммо боз ҳам порлумон мақоми қонунгузор аст, иҷроия нест. Дар амал мақомоти иҷроия қонунро татбиқ мекунад. Порлумон ҳаққи пешниҳод кардани тарҳи тағйиру иловаҳоро ба баъзе қонунҳои иқтисодӣ надорад, аз ҷумла ба Кодекси андоз. Танҳо ҳукумат ҳуқуқи пешниҳод кардани тағйиру иловаҳоро ба Кодекси андоз дорад, тамом.”
Радиои Озодӣ: Дар мулоқот бо соҳибкорон президент гуфт, ки мардум ба бонкҳо эътимод надоранд. Сабаби беэътимодиро дар чӣ мебинед?
Олимҷон Бобоев: “Мардум медонад, ки пулро ба бонк гузорад, ҳангоми зарурат саривақт гирифта наметавонад ва овора мешавад. Аз сӯи дигар, пулҳое, ки аз берун ба Тоҷикистон ворид мешавад, бо асъори хориҷӣ аст. Ҳар сол қурби пули миллии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ поён меравад. Аз ин рӯ, мардум бо асъори хориҷӣ дар ҷилди болиш нигоҳ доштани пулҳояшонро авлотар медонанд. Чунки бо гузашти вақт қурби сомонӣ дар натиҷаи инфлятсия поин меравад ва соҳибони асъори хориҷӣ фоида мебинанд. Ҳоҷате барои дар бонк гузоштани пул боқӣ намемонад.”
Радиои Озодӣ: Ғайриинтизор ин бор президент Раҳмон аз формати мулоқот бо соҳибкорон интиқод кард ва гуфт, он чандон натиҷа надорад ва беҳтар аст дар ду сол як бор доир шавад. Дар ин бора чӣ назар доред? Фикр мекунед дар кадом шакл баргузор шудани чунин мулоқот беҳтар аст?
Олимҷон Бобоев: “Аз ҳама муҳим фазои солими соҳибкориро ба вуҷуд овардан зарур аст. Яъне, соҳибкоронро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳимоят кардан даркор аст. Қонунҳое бояд қабул кард, ки он воқеан амал кунад ва соҳибкорон аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳифз шаванд. Он гоҳ зарурате барои мулоқот бо президент боқӣ намемонад. Дар мо анъана шудааст, ки ҳар сол бо президент мулоқоти соҳибкорон доир мешавад. Суҳбат мешавад ва ҳама мераванд, аммо мушкилот боқӣ мемонад. Масалан, чанд сол мешавад, ки дар мавриди коркарди нахи пахта дар кишвар мегӯянд. Ҳанӯз ҳам коркарди он аз 10 дар сад бештар нашудааст. Бинобар ин, ба соҳибкорони истеҳсолӣ додани имтиёзҳои бештар зарур аст. Ҳоло дар мо як таҷриба аст: барои он ки ширкат имтиёз ба даст орад, ба ҳукумат муроҷиат мекунад. Баъд ҳукумат тарҳи додани имтиёзҳоро ба порлумон мефиристад, инҷо баррасӣ мешавад ва баъд ширкат имтиёз мегирад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қарзҳои боимтиёзи Фонди соҳибкории Тоҷикистон куҷо шуд?Яъне, ин як ҷараёни субъективӣ аст, ки на ҳама ширкатҳо метавонанд аз он баҳра баранд. Аммо имтиёз ба соҳиборон бояд дар қонун зикр карда шавад, ки фарз кардем ба фалон қишри соҳибкорон ваё барои иҷрои кадом шарте соҳибкор имтиёз мегирад. Дар ин ҳолат имтиёзҳо баробар ба ҳам тақсим мешуданд. Бар илова як монеи рушди дигари соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки аксар бозорҳо монополия шудаанд ё ҳадди ақал олигополия (таҳти инҳисор қарор додани бозор аз сӯи чанд нафар бо маслиҳати пешакӣ) ҷой дорад. Ба соҳикбори оддӣ ба ин бозор умуман роҳ баста аст. Дар ин гуна шароит чӣ хел мо метавонем мунтазири пешрафти соҳибкорӣ бошем? Ҳол онки барои тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон рушди соҳибкории хурду миёна хеле муҳим аст.”