Бонки Миллии Тоҷикистон намояндагии бонки “Тиҷорат”-и Эронро тафтиш кардааст. Масъулони бонк ҳозир нашуданд, ки далелу ҷузъиёти тафтишро ошкор кунанд.
Вазорати молияи Амрико гуфта буд, “Кафолатбонк” шӯъбае аз бонки "Сармоя" аст, ки дар соли 2012 аз сӯи Амрико мавриди таҳрим қарор гирифтааст.
Аммо як манбаъ дар Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 25-уми август бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "санҷиш аз рӯи нақша сурат гирифт ва чанд камбудро ошкор кард".
“Муайян карда шуд, ки намояндагии бонки “Тиҷорат”-и Эрон дар супурдани андоз ба камбуд роҳ додааст. Ин камбудҳоро фаҳмондем ва барояшон муҳлат дода шуд, ки ислоҳ кунанд. Баъдан муваззафанд, дар ин бора ба Бонки Миллӣ гузориш диҳанд”, - афзуд манбаъ.
- Намояндагии бонки “Тиҷорат”-и Эрон соли гузаштаро бо зарар ба поён бурд. Мақомот гуфтанд, ки ин бонк 9,5 миллион сомонӣ зарар дидааст. Соли гузашта сармояи намояндагии бонки “Тиҷорат”-и Эрон наздики 52 миллион сомонӣ будааст.
"Ваъдаи сармоя доданд, аммо чизе нест”
Ҳамсуҳбати мо дар Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, чанд сол аст, ки бонкҳои эронии муқими кишвар ваъдаи сармоягузорӣ медиҳанд, аммо то ҳол иҷро нашудаанд. Ба қавли манбаъ, «мо ба онҳо иҷоза додем, ки намояндагӣ боз карда фаъолият кунанд. Чанд дафъа барои ҳамкорӣ низ ҷалб кардем, то сармояи бештар ҷалб кунанд ва дар рушди низоми бонкӣ саҳм гузоранд. Аммо ваъдаи сармоягузорӣ то ҳол дар ҳамон сатҳи гап боқӣ мондааст.”
Бо ин ҳам масъулини Бонки Миллӣ мегӯянд, то ба ҳол дар кори бонки эронӣ ягон монеа эҷод нашудааст.
“Таҳрим бонкҳои эрониро бо худ мебарад?”
Санҷиши Бонки Миллӣ дар яке аз бонкҳои эронии фаъол дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки муассисаҳои молии Эрон то ду моҳи дигар зери таҳримҳои Амрико мераванд. Қарор аст, моҳи ноябр бастаи дувуми таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон ба иҷро дароянд.
Бастаи дувуми таҳримҳо ниҳодҳои молӣ, аз ҷумла бонкҳо ва тиҷорати нафти Эронро дар бар мегирад. Тақдири ду бонки эронии муқими Тоҷикистон то ҳол номаълум боқӣ мондааст. Бо онки Тоҷикистон бо Эрон дар чанд соли охир ҳамкории хуб надоштанд, аммо намояндагии ду бонки эронӣ дар кишвар фаъоланд.
Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон аз ироаи ҳамагуна маълумот дар бораи тақдири ояндаи бонкҳои эронии муқими кишвар худдорӣ мекунанд. Аз ҷумла, мақомот то ҳол нагуфтаанд, ки дар пайи таҳримҳои Амрико то куҷо фаъолияти бонкҳои эронӣ дар Тоҷикистон низ маҳдуд карда мешаванд. Аммо Тоҷикистон чунин таҷрибаро дорад ва дар гузашта фаъолияти бархе ниҳодҳои молии Эронро ба хотири таҳримҳои Амрико маҳдуд карда буд.
Аз ҷумла соли 2013 Бонки Миллии Тоҷикистон бино бар таҳримҳои Амрико фаъолияти "Контбонк"-ро дар кишвар маҳдуд кард. Ин бонк, ки ҳоло табдил ба "Бонки Осиё" ва мутааллиқ ба шахсони дигар шудааст, аз ҳуқуқи кушодани филиал ва иштирок дар аҳдҳои муштариёни созмонҳои қарзӣ маҳрум шуда буд.
Инчунин, соли 2014 Вазорати молияи Амрико "Кафолатбонк"-и Тоҷикистонро ба далели нақзи таҳримҳо алайҳи Эрон ва ҳамкорӣ бо ин кишвар таҳрим кард. Вазорати молияи Амрико гуфта буд, “Кафолатбонк” шӯъбае аз бонки "Сармоя" аст, ки дар соли 2012 аз сӯи Амрико мавриди таҳрим қарор гирифтааст.
Феълан Эрон дар Тоҷикистон сармоягузории зиёд надорад ва додугирифти молии ду кишвар ҳам ба таври чашмрас коҳиш ёфтааст. Бунёди нақби “Истиқлол” ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз тарҳои муваффақи Эрон дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.