Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз сарватмандон андози бештар ситонида шавад"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳар гоҳе Маҳмадрӯзӣ Самадов ба хонаи падариаш ба маҳаллаи Меҳробод (Каленини собиқ) меравад, ба ёди филмҳои ҳиндии овони ҷавониаш меафтад. Манзили падариаш, ки дар он бузург шуда буд, акнун дар паси қасру кӯшкҳои сарватмандон кулбаи фақиронаро мемонад.

Намедонам аз кадом даромад одамҳо қасру кушк месозанду соҳиби мошинҳои “люкс”-и дасти аввал мешаванд. Ба андешаи ман, аз роҳи ҳалол дар Тоҷикистон чунин миқдор пул кор карда намешавад

Аз кадом ҳисоб қаср месозанд?

Самадов мегӯяд, дар кӯчаи кӯдакии ӯ ба ҷуз хонаи падараш ва як манзили дигар дар охири кӯча дигар ҳамаи биноҳо аз нав сохта шуданд. “Солҳои 80-ум ҳамаи хонаҳои кӯчаи мо тақрибан якошёна буданд. Сатҳи зиндагии бачаҳои кӯча низ қариб бо ҳам баробар буд. Агар як кас як “красовки” ё шими ҷинс мехарид, бо ҳамон фахр мекард. Ҳоло ҳар боре меоям, як қасри нав пайдо шудаст. Кулбаи якошёнаи падарии мо зери сояи дару девори қасрҳо мондааст”, -мегӯяд Маҳмадрӯзӣ Самадов.

Самадов ва ҳамсараш, ки муаллимони як мактаби хусусӣ ҳастанд, мегӯянд, маоше ки онҳо мегиранд, танҳо барои хароҷоти рӯзмарра ва харҷи таҳсили фарзандонашон мерасад.

“Намедонам аз кадом даромад одамҳо қасру кушк месозанду соҳиби мошинҳои “люкс”-и дасти аввал мешаванд. Ба андешаи ман, аз роҳи ҳалол дар Тоҷикистон чунин миқдор пул кор карда намешавад”, - мегӯяд Самадов.

Шикофи байни сарватмандону нодорҳо бештар мешавад

Мушоҳидаҳои ин ҳамсуҳбати мо як ҳодисаи ҷузъӣ нест. Бонки Ҷаҳонӣ дар як гузориши тозаи хеш “Дар ростои созиши нави ҷаъиятӣ” муайян кардааст, ки мизони нобаробарии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дар минтақа аз ҳама боло аст ва фарқи байни дорову нодор дар кишвар торафт бештар мешавад.

Абдувалӣ Қулов, роҳбари раёсати омори демографӣ ва иҷтимоии Оҷонсии омори Тоҷикистон, рӯзи 28-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фарқи дороии миёни сарватмандон ва қишри нодор аз сӯи ин ниҳод чен карда мешавад.

Абдувалӣ Қулов
Абдувалӣ Қулов

Барои возеҳ нишон додани шикофи миёни дорову нодор индекс ваё шохиси махсус истифода мешавад. “Бори охир соли 2015 фарқияти даромаду хароҷоти қишри доро ва камдаромади аҳолиро чен карда, индекси “Ҷини”-ро муайян карда будем”, - афзуд ӯ.

Бар пояи ҳамин санҷиши охирин, даромади 10 дарсади қишри дорои аҳолии кишвар нисбат ба 10 дарсади нодортарин 34 баробар (!) бештар аст.

Пешниҳод: Шеваи андозбандӣ тағйир ёбад

Таҳлигарон дар Тоҷикистон мегӯянд, фарқи даромади қишри сарватманд ва нодор дар кишвар торафт амиқтар шуда, ба як нуқтаи хавфнок наздик мешавад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисод, мегӯяд, “ҳукумат ба масъалаи нобаробарии иҷтимоӣ бояд таваҷҷуҳ кунад. Чун таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки торафт бештар шудани сарвати қишри доро ва баръакс коҳиши даромади нодорон метавонад, боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш дар ҷомеа шавад”.

Умаров мегӯяд, ба хотири коҳиш додани нобаробарии иҷтимоӣ ҳукуматро зарур аст шеваи андозбандиро дар кишвар бозбинӣ кунад. Ба таъкиди ӯ, айни замон мизони андозситонӣ чи аз мардуми сарватманд ва чӣ нодорҳо дар Тоҷикистон ягона аст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

"Тоҷикистон системаи андозбандии ягона дорад. Лекин ҳоло вақти он расидааст, ки системаи андозбандии прогрессивӣ ҷорӣ шавад, то ки қишри сарватманд ба давлат андози бештар пардохт кунанд. Баъдан давлат додани ҳар гуна имтиёзро ба ширкатҳои худӣ бояд хотима диҳад. Баробариву адолати иҷтимоиро нисбат ба ҳама ширкату соҳибкорон яксон татбиқ кунад, то сарбории андоз бар дӯши қишри нодор наафтад”, - иброз дошт Умаров.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ боло будани мизони андозро дар Тоҷикистон тасдиқ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир, бино ба гузориши солонаи Doing Business, мизони андозбандии умумӣ (total taxrate), яъне таносуби байни фоида ва андозҳои мухталиф дар Тоҷикистон 81,8 дарсад аст ва Тоҷикистон аз лиҳози гаронии бори молиёт дар ҷаҳон дар ҷойи севум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG