Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон бо фарқ аз соли гузашта, бидуни суолу ҷавоби президент бо ширкатдорон, сурат гирифт. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот, бештар аз низоми бонкдорӣ дар кишвар интиқод намудааст. Вай ҳамзамон хостори ҷалби мутахассисони ҷавон ба низоми бонкдории Тоҷикистон шудааст.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон таҳти унвони "Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ" рӯзи 15-уми октябр дар Кохи Борбади Душанбе баргузор шуд.
Дар ин ҳамоиш директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Осиёи Марказӣ Нил Маккейн, президенти ширкати кореягии "Сеул Мачинери" Вон Ҳии Ким, раҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, ноиби президенти ширкати фаронсавии "Файвс Груп" Жан Франсуа Легран ва директори минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Кассандра Колберт низ суханронӣ кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот аз ҷумла ба раҳбарони бонкҳои Тоҷикистон гуфтааст, ки хизматрасонии дағалона дар низоми бонкӣ боис шудааст, ки эътимоди мардум ба онҳо кам шавад.
Дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2018 шуморе аз раҳбарони муассисаҳои молӣ ва ширкатҳои байналмилалӣ низ ширкат ва суханронӣ кардаанд.
Мунира Аҳмедова, соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд, ки пас аз анҷоми ин ҳамоиш бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, "президент ба дастгоҳи раиси ҷумҳур дастур доданд, ки тамоми кормандони бонкҳо бояд аз ҳисоби мутахассисони ҷавон таъмин шаванд. Ҳамчунин, президент таъкид доштанд, ки бояд хизматрасонӣ ва фарҳангӣ бонкдорӣ дар кишвар беҳтар шуда, муносибат бо мизоҷон хуб ба роҳ монда шавад".
Интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз низоми бонкдорӣ дар ҳоле аст, ки бонкҳои кишвар аз соли 2016 ва баъди коҳиши воридоти пули фиристодаи муҳоҷирони тоҷик, бо бӯҳрон дасту панҷа нарм мекунанд.
Давлати Тоҷикистон аз бими норизоиятии мардум, ки дар "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" садҳо миллион сомонӣ пасандоз доранд, онҳоро аз вартаи муфлисӣ раҳонд, вале бонкҳои хурде ба мисли "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд.
Мулоқоти солонаи президент бо соҳибкорон
Мулоқоти ҳарсолаи президент бо соҳибкорон дар мавсими тирамоҳ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла, солҳои гузашта дар ҳамин нишастҳо президент ба тафтиши аз ҳад беши кори корхонаҳои хусусӣ мораторий эълон карда, дар мулоқоти порсола аз истифодаи маблағҳои тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби корхонаи "Умед-88" интиқод карда буд. Таҳқиқи чандмоҳаи кори ин ширкат бо 24 соли зиндони раҳбари куллии ин корхонаи замоне азими таъминкунандаи сӯзишворӣ анҷомид.
Дар ҳамоиши рӯзи душанбеи 15-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон аз андозгурезии бархе соҳибкорон нигаронӣ карда ва гуфтааст, бо вуҷуди беҳтар кардани шароит барои рушди соҳибкорӣ, ҳанӯз ҳам камбудиҳои зиёд вуҷуд дорад. Музаффар Ҷумъаев, соҳибкори тоҷик гуфт, дар ин мулоқот президент аз 2,5 миллиард сомонӣ кам ворид шудани андоз ба буҷа нигаронӣ кардааст.
Музаффар Ҷумъаев мегӯяд, президент дар мулоқот таъкид кардааст, ки аз ин ба баъд ҳамоиши соҳибкорон дар ду сол як маротиба баргузор шавад. "Нишастҳои ҳарсола чандон натиҷаи хубе ба бор наовардааст ва бояд он бо омодагии ҷиддӣ баргузор шавад",-афзуд ин соҳибкор.
Моратория ҳам натавонист мусоидат кунад
Нигаронии президент Эмомалӣ Раҳмон аз низоми бонкдорӣ ва мушкилиҳо дар роҳи рушди соҳибкорӣ дар кишвар дар ҳолест, ки иқтисоддонҳо мегӯянд, ду соли пеш низ ҳукумат барои санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ моратория эълон кард. Аммо он ҳам натавониста буд, ки монеаҳоро аз роҳи соҳибкорон бардорад.
Вале ба назари иқтисодшинос Шамсиддин Ҷалолов, бояд барои рушди соҳибкорӣ дари чандин идораҳои тафтишгарро баст, то аз санҷишҳои беасос худдорӣ кунанд. Аз назари дигар, ба гуфтаи Шамсиддин Ҷалолов, таваҷҷуҳи президент ба масоили бонкҳо бесабаб нест зеро ба қавли ӯ, шурӯъ аз интихоби мутахассисон то хизматрасонӣ, бонкҳои кишвар бо буҳрон рӯбарӯ ҳастанд.
Ба таъкиди ин иқтисодшиноси тоҷик, нахустин эроди раиси ҷумҳур дар мавриди муносибат бо муштариён ва интихоби кормандони бонкҳо, воқеан ҷой дорад. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, мутахассисони собиқадор дар бонкҳо бархе фасодзадаанд ва усулҳои нави ҷалби муштариён ва кор дар низоми бонкиро наметавонанд дар фаъолияти худ амалӣ кунанд.
"Соли гузашта ҳам президент аз вазъи бонкҳо нигаронӣ карда буд, аммо мутасифона ҳеҷ дигаргунии ҷидде нашуд, ғайр аз худсафедкунии раҳбарони бонкҳо. Раҳбари Бонки миллӣ ба "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" муҳлат дод ва дигар бо ҳамин ҳанӯз мушкил ҳалношуда боқӣ мондааст. Қазияи бонкҳои муфлисшуда дар кишвар вазъро рушан нишон медиҳад",-афзуд ӯ.
Коҳиши эътимоди мардум ба бонкҳо
Ин дар ҳолест, ки ширкатдорони ин ҳамоиш ҳам гуфтанд ҳарчанд президент дар ин мулоқот аз кори кадом як бонк мушахас ном набурдааст, аммо гуфтааст, "мардони тандуманде, ки дар кабулгоҳҳои бонкҳо менишинанд ва ҳам онҳое, ки бо мизоҷон муносибати дағалона карда онҳоро аз бонкҳо мегурезонанд, бояд дар НОБ "Роғун" рафта кор кунанд ва ба ҷои онҳо бояд мутахассиони ҷавон ҷалб шаванд".
Коҳиши эътимоди мардум ба бонкҳоро таҳлилгарон ба он рабт медиҳанд, ки дар ду соли ахир наздики 45 бонк ва созмонҳои қарздиҳӣ дар кишвар муфлис шуданд. Таҳлилгарони умури иқтисодӣ дар пеш омадани чунин вазъ бештар худи ниҳодҳои молиро айбдор медонанд.
Мавлонҷон Каримов, коршиноси умури бонкӣ ба Радиои Озодӣ гуфт бо пайдо шудани мушкил дар низоми бонкӣ, аҳолӣ роҳи дигари нигоҳ доштани маблағҳои худро пайдо кардаанд. Аз ҷумла, ба қавли Каримов феълан маблағҳои мардум бештар дар шакли хона, мошин ва дигар намуди амвол нигоҳ дошта мешавад, ки боиси аз гардиш мондани пули нақд дар бонкҳо мегардад.