- Мерилин Йосефсон, раҳбари нави намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, се ҳафта пеш ба Душанбе омад. Ӯ дар ин мақом Ҳидоят Бишчевичро иваз кард.
Радиои Озодӣ: Дар ҳамкорӣ бо мақомоти тоҷик кадом масъалаҳо аллакай мавриди таваҷҷӯҳи Шумо қарор гирифтаанд?
Шумо ҷавонҳои соҳибистеъдоде доред, ки дар саросари ҷаҳон кор мекунанд. Аз ин рӯ, бозбинӣ шудани низоми андоз танҳо чизе нест, ки бояд анҷом шавад.
Мерилин Йосефсон: Мо 15-солагии ифтитоҳи намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистонро таҷлил мекунем. Дар доираи ҳамкориҳои мо масоили зиёд – аз амният сар карда, то беҳдошту сиҳатӣ, ҷомеаи маданиву ҳуқуқи башар матраҳ аст. Барои соли оянда роҳҳои тавсеаи ин ҳамкориҳоро баррасӣ мекунем. Ҳоло сари стратегияи нав барои Осиёи Марказӣ кор мекунем. Яке аз ин бахшҳо – имкониятҳои тозаи ҳамкории миёни Тоҷикистону Узбекистон мебошад. Вале ҷудо аз ин масоили зиёди марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи мо вуҷуд дорад. Соли гузашта як конфронси калони обро баргузор кардем, аз ин рӯ, дар масоили об, тағйироти иқлим ва дар маҷмӯъ масоили зиёд ҳамкорӣ мекунем. Инчунин бояд гӯям, ки мавзӯи вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон ва бахусус, вазъи марз бо Афғонистон аз он масоилест, ки мо бо ҳамкорони тоҷикамон тамаркуз мекунем.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Яке аз масъалаҳои мавриди нигаронии раҳбарияти пешини Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон - мушкили ҷалби сармоягузорҳои хориҷӣ ба кишвар ва баланд будани мизони андоз буд. Шумо ҳам ният доред, ки дар ин робита мавқеву назари худро бо мақомоти тоҷик дар миён гузоред?
Мерилин Йосефсон: Ман бо раҳбари пешини дафтари Иттиҳодияи Аврупо розӣ шуда метавонам. Ҷалби сармоя ва эҷоди шуғл яке аз муҳимтарин корҳоест, ки Иттиҳодияи Аврупо дар ҳамкорӣ бо мақомоти тоҷик анҷом дода метавонад. Ман намегӯям, ки танҳо масъала сари андоз аст. Ин як бахши масъала аст. Ин ҷо масъалаи маориф ва ҳам тағйири системаи иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳаст. Масъала дар эҷоди ҷойҳои корӣ аст. Ин як кишвари зебо аст ва шумо тамоми имкониятро барои ҷалби сайёҳон дар ихтиёр доред. Шумо ҷавонҳои соҳибистеъдоде доред, ки дар саросари ҷаҳон кор мекунанд. Онҳо дар бахшҳои мухталиф кор мекунанд. Аз ин рӯ, бозбинӣ шудани низоми андоз танҳо чизе нест, ки бояд анҷом шавад. Он чизе, ки аллакай дар ин кишвар дидам, кори тарроҳони ҷавону хеле боистеъдоди либос аст. Бовар дорам, ки худи ҳамин бахш яке аз соҳаҳои умедбахши иқтисод шуда метавонад. Ман аз ҳунари тарроҳони мӯди тоҷик дар ҳайрат мондам.
Радиои Озодӣ: Тобистон хабари ҳамлаи маргбор ба сайёҳони хориҷӣ, ки аксарият аз Аврупо буданд, Тоҷикистонро такон дод. Ҳанӯз парванда ба додгоҳ нарафтааст. Дар заминаи ин таҳқиқот чӣ иттилоъ доред? Оё муфаттишони аврупоӣ, масалан швейтсарӣ ё ҳолландию фаронсавӣ тавонистанд дар ин тафтишот иштирок кунанд?
Мерилин Йосефсон: Пеш аз ҳама ба наздикони қурбониёни ин ҳамла ҳамдардӣ баён мекунам. Ин ҳодиса на танҳо барои онҳое, ки дар ин ҳодиса осеб диданд, балки барои мақоми Тоҷикистон ҳамчун як кишвар ҳам таъсири манфӣ гузошт. Дар заминаи таҳқиқоти ҷиноӣ хабаре надорам, ки аврупоиҳо дар ин кор шарик бошанд. Фикр мекунам, кишварҳое, ки дар ин ҳодиса дахил ҳастанд, бо мақомоти тоҷик ҳамкорӣ мекунанд. Мо, ҳамчун дафтари Иттиҳодияи Аврупо, ҳамеша аз он ҷонибдорӣ мекунем, ки дар таҳқиқот меъёрҳои байналмилалӣ риоя шаванд.
Радиои Озодӣ: Дар ҳоле ки масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт, мақомоти тоҷик дар ин замина назари дигар доранд. Шумо иттилои дигар доред, ки ин ҳамларо чӣ гурӯҳ анҷом дод?
Мерилин Йосефсон: Мо бар асоси фактҳои дақиқ сӯҳбат мекунем ва ҳоло намехоҳам, ки дар ин мавзӯъ ҳадс занем.
Радиои Озодӣ: Шумо чанд ҳафта боз дар Тоҷикистон ҳастед. Аслан хабарҳои марбут ба Тоҷикистонро аз куҷо дарёфт мекунед ва назари шумо ба кори расонаҳо чӣ аст?
Мерилин Йосефсон: Ман хабарҳои телевизиони миллӣ, нашрияҳо, ҳамчунин, саҳифаҳои интернетӣ, Твиттер ва Фейсбукро пайгирӣ мекунам. Хеле муҳим аст, ки иттилои зиёд ва аз манобеи васеъ дар дохил ва хориҷи кишвар дастрас бошад. Намегӯям, ки кадом шабакаҳо хубанд, муҳим ин аст, ки ҳар кишвар дар заминаи пахши хабар рангорангӣ дошта бошад. Ман намегӯям, ки ин ё он манбаъ муҳим ва калидӣ аст. Муҳим ин аст, ки шумо манобеи мухталифро истифода кунед. Ин метавонад телевизион, радио, нашрия, блоги интернетӣ бошад. Муҳим, ки манбаъҳо мухталиф бошанд.
Радиои Озодӣ: Ахиран дар порлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ қабул шуд. Мақомот мегӯянд, шаффофияти амалиёти пуливу тарҳҳо ба хотири мубориза бо терроризм аст, вале мунаққидон мегӯянд, ҳадаф таҳти назорати бештар нигоҳ доштани ҷомеаи маданист. Шумо дар ин замина чӣ назар доред?
Мерилин Йосефсон: Мо тағйирот ба қонунро аз наздик пайгирӣ мекунем. Иттиҳодияи Аврупо чанд меъёри байналмилалиро ба кор мебарад ва мо дигар кишварҳоро ҳам ташвиқ мекунем, ки аз ин роҳ бираванд. Тавре пештар гуфтам, муҳим аст, ки рангорангӣ бошад. Ҷомеаи маданӣ ҳама кишварҳоро ғанӣ мекунад. Мисли ҳар кишвари дигар, мо аз кори ҷомеаи маданӣ ба хотири фаъол буданашон ҳимоят мекунем.
Радиои Озодӣ: Ҳудуди се-чаҳор соли охир дипломатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба истилоҳ аз ҳад зиёд дипломат шуда, ба хотири бад нашудани робитаҳо бо ҳукумати Тоҷикистон аз интиқод, изҳори назарҳо худдорӣ мекунанд. Чаро чунин аст? То куҷо мешавад умед баст, ки Шумо бозу дастрас мешавед?
Мерилин Йосефсон 6-уми феврали соли 1977 дар Шветсия ба дунё омада, соли 2000 Донишгоҳи Карлстада дар ин кишварро хатм карда, дар соҳаи ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таҳсил кардааст. Пеш аз Тоҷикистон, хонум Йосефсон, дар мақоми муовини сафири гурӯҳи “Николаидис”-и Намояндагии Шветсия дар Иттиҳодияи Аврупо (дар Брюссел) кор мекард. Фаъолияти худро Йосефсон аз ҳалли масоили муҳоҷират дар Департаменти кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва Африқои Хадамоти муҳоҷирати Шветия шурӯъ намудааст. Баъдан ӯ ба ҳайси ҳамоҳангсоз дар Созмони ҷаҳонии “табибони бидуни марз” фаъолияти худро идома дод. Як муддат ҳамчун мушовири сиёсии намояндагии СММ дар Украина буд. Муҷаррад аст.
Мерилин Йосефсон: Ман тоза омадам ва бароям душвор аст, ки кори дипломатҳоро дар гузашта арзёбӣ кунам. Бардошти ман ин аст, ки дар ин ҷо як корпуси бисёр фаъоли дипломатӣ ҳузур дорад. Бахусус дипломатҳои аврупоӣ ин ҷо хеле фаъол ҳастанд. Яке аз онҳо сафири Бритониё аст, ки дар мавзӯи матбуот ҳам зиёд изҳори назар мекунад. Ман ҳам ба онҳо ҳамроҳ мешавам. Муошират бо матбуот як бахши маъмулии кори мо дар ин ҷо аст ва ман шахсан ҳам ин корро идома медиҳам.
Радиои Озодӣ: Ба назари ман, бисёриҳо шуморо дида ҳатман суол мекунанд, ки зодаи кадом кишваред, зиндагии хусусии шумо чӣ гуна аст, чиро дӯст медореду чиро не?
Мерилин Йосефсон: Ба наздикӣ ман аз Брюссел омадам, дар он ҷо тахминан 7 сол дар умури Аврупо кор кардам. Дар масоиле мисли Ховари Миёна, Аврупои Шарқӣ ва Осиё кор кардаам. Ман як дипломати шведӣ ҳастам, модарам аз Уганда аст. Дар Украина ва Эфиопия кор кардам. Ба ҳайси дипломат дар масоили кумакҳову сиёсати амният ва дифоъ, инчунин дар бахши пешбурди тиҷорат ва фарҳанг кор кардаам. Ин дар бораи корам аст. Ҳамчун инсон ба масоили фарҳангӣ таваҷҷӯҳи зиёд дорам, мусиқиро дӯст медорам, наққошиву театрро дӯст медорам. Тоҷикон, ки як мардуми қадимӣ мебошанду аз қадим бо Ховари Миёнаву Осиё иртиботи зиёде доштаанд, омӯзиши ин ҳама барои ман хеле ҷолиб аст.
Радиои Озодӣ: Бархе дипломатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон маъмулан аз вижагиҳои фарҳангу менталитети тоҷикӣ ҳамчун як мояи ҳайрат ваё баръакс, ҳамчун як намунаи ибрат ёд мекунанд. Шумо аллакай чунин мушоҳидаҳо доред?
Мерилин Йосефсон: Мардуми тоҷик боназокат ва хеле меҳрубонанд. Ман инро пеш аз омадан ҳам медонистам, вале вақте омадам, дидам, ки ин ҷо мардум чунон меҳрубонанд, ки шояд дар нуқоти дигари ҷаҳон чунин набошад. Ин як дастоварди бисёр хуби Тоҷикистон аст.