Бархе дипломатҳои кишварҳои Аврупо ва ИМА мегӯянд, аз ҷараёни таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба туристони хориҷӣ, ки мақомоти тафтишотии Тоҷикистон пеш мебаранд, қаноатманд ҳастанд ва айни замон мехоҳанд ҷузъиёти бештарро роҷеъ ба ин ҳодиса ва ангезаҳои ҳамлагарон бидонанд.
Ман шахсан ба ин боварам, ки ин ҳамла аз пеш тарҳрезишуда буд ва ба як ҳодисаи тасодуфӣ монандӣ надорад. Ин ҳодиса як садамаи автомобилӣ набуда, як амали барқасдона ва тарҳрезишуда аст
Додситонии кулли Тоҷикистон шоми 31 июл хабар дод, ки ҳодисаи куштор ва захмӣ шудани ҷаҳонгардони хориҷӣ аз рӯи “аломатҳои терроризм ва одамкушӣ” таҳқиқ мешавад.
Рӯзи 31 июл вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки дар пушти ҳамла ба ҳафт сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара - Эрон ва ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон қарор доранд. Ин иттиҳомро вазорати умури хориҷаи Эрон ва ҳам ҲНИТ қотеона рад карданд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки бо пахши як навори видеоӣ шоми сешанбе масъулияти ҳамла ба сайёҳонро гурӯҳи террористи и “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.
Сафорати ИМА: Ҳамлагар ҳар касе, ки бошад, мо онро маҳкум мекунем
Аксари дипломатҳое, ки рӯзи сешанбе бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карданд, аз шарҳи таҳқиқоти мақомоти полиси Тоҷикистон ва онҳое, ки метавонистанд ин амалро анҷом диҳанд, худдорӣ мекунанд.
Аз ҷумла, Ҷефф Райденаур, сухангӯи сафорати Амрико рӯзи 31 июл дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳама гуна пурсиш дар заминаи таҳқиқот бояд танҳо ба мақомоти тоҷик нигаронида шуда бошад. Вале, ба гуфтаи ӯ, “мусаллам аст, ки ин як ҳамла буд. Ҳамлагар ҳар касе, ки бошад, мо онро маҳкум мекунем”.
Дипломати амрикоӣ гуфт, ки ходимони сафорат бо мақомоти тафтишотии Тоҷикистон дар амри таҳқиқи ин ҳодиса аз наздик ҳамкорӣ мекунанд. Ӯ гуфт, ки сафорат дар Тоҷикистон бо аъзои хонаводаи қурбониҳо дар тамос аст, вале бо далелҳои ахлоқӣ ва ҳам ҳифзи маълумоти маҳрамона, ҳеҷ ҷузъиёте дар бораи ҳуввияти онҳо дода намешавад.
Як дипломати дигари баландпояи аврупоӣ дар Душанбе гуфт, ки феълан онҳо дар заминаи иттиҳоми мақомоти тоҷик чизе гуфта наметавонанд ва бояд мунтазири хатми таҳқиқоти ҷиноӣ бошанд. Ин дипломат ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти тоҷик бояд барои онҳо ҳам далелҳои худро дар робита бо иттиҳоми эълоншуда пешкаш кунанд ва баъди ин мешавад қазоват кард, ки ҳодиса кори дасти кӣ буд. "Дирӯз гурӯҳи "Давлати исломӣ" иддао кард, ки ин корро кардааст, мақомот имрӯз дигарҳоро гумонбар эълон карданд. Мо бояд мунтазири ниҳоӣ шудани таҳқиқот шавем", гуфт ӯ.
Сафири ИА: Тафтишот босамар ва босуръат пеш меравад
Ҳидоят Бишчевич, раҳбари Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 31 июл гуфт, ки “ҷараён ва суръати тафтишот босамар ва босуръат ҷараён дорад. Дар шароити кунунӣ ин хеле муҳим аст”. Айни замон ӯ гуфт, ки иттиҳоми эълоншуда аз ҷониби вазорати умури дохилиро шарҳ намедиҳад, чунки, ба гуфтаи дипломати аврупоӣ, “ин кори дохилии Тоҷикистон аст. Тоҷикистон як кишвари мустақил аст ва сохторҳои худро дорад”. Ӯ инчунин гуфт: “Ман дар мавқее нестам, ки равобити Тоҷикистонро бо як кишвари дигар шарҳ бидиҳам. Вале агар мақомот дар ин замина шарҳу эзоҳи бештар пешкаш кунанд, мо аз онҳо сипосгузор мешудем”.
Ба саволи ин ки то куҷо ӯ ин ҳодисаро ҳамчун як ҳамлаи террористӣ арзёбӣ мекунад, Ҳидоят Бишчевич гуфт: “Тавре дирӯз ҳам гуфтам, ман шахсан ба ин боварам, ки ин ҳамла аз пеш тарҳрезишуда буд ва ба як ҳодисаи тасодуфӣ монандӣ надорад. Ин ҳодиса як садамаи автомобилӣ набуда, як амали барқасдона ва тарҳрезишуда” мебошад.
Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ки аз чор кишвар – ИМА, Ҳолланд, Швейсария ва Фаронса намояндагӣ мекарданд, бо вокунишҳои тунд дар дохили Тоҷикистон рӯбарӯ шуд. Аксар сокинони кишвар, ки аз шунидани ҳодисаи қатли чор турист ва захмӣ шудани се нафари дигар таконзада шуданд, ин ҳодисаро хилоф бо меъёрҳои инсониву ахлоқӣ меноманд. Бархе аз соли сайёҳӣ эълон шудани Тоҷикистон ёдовар шуда мегӯянд, ки ҳодисаи мазкур ба талошҳо дар заминаи беҳбуди имиҷи туристии Тоҷикистон зарбаи сахте зад.
Ин ҳама дар ҳолест, ки бо супориши президент, дар саросари ҷумҳури се рӯзи охир тадбирҳои сахти амниятӣ ҷорӣ шудааст ва ин тадбирҳо дар шимоли Тоҷикистон ҳам амал мекунад.
Вокс-поп: Ҳамла ба туристон ба обрӯи ҳамаи мардуми тоҷик зарба мезанад
Мирсаидов: Ҳар касе ин корро кард, хоини миллат аст
Мусоҳибони Радиои Озодӣ дар вилояти Суғд ҳам ҳодисаи ҳамла ба меҳмонҳои хориҷиро шадидан маҳкум карданд.
Неъматуллоҳи Мирсаид, журналист ва таҳлилгари масоили сиёсии минтақа ин ҳодисаро “нанговар” номид ва гуфт: “Барои мо фарқ надорад, ки онро кӣ содир кард - ДИИШ, Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ё аъзои дигар ҳизбу ҳаракатҳои тундрав. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин амал даст задааст, хоини миллат аст. Ӯ эътибори миллат ва мардумро хеле паст зад. Вай душмани миллат аст”. Вай гуфт, чунин «амалҳои ноҷавонмардона” натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи мардумро дар амри обод кардани кишвар барбод медиҳанд.
Абдуғаффор Юлдошев, раиси бахши ҳизби демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамларо “як иғвои гурӯҳҳои тундрав” номид. Ӯ гуфт: “Ин як иғвои навбатӣ аз рӯи нақшаи гурӯҳҳои тундрав барои коҳиш додани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳонӣ аст. Умедворам, тафтишот то охир гунаҳкоронро муайян ва дастгир хоҳад кард ва мувофиқи қонун ҷазои худро хоҳанд гирифт. Мо, шаҳрвандони кишвар бояд баъди ин ҳодиса ҳушёр ва зирак бошем, ки оянда дигар ба содир шудани ин гуна ҷиноятҳои ваҳшатафканӣ раҳ надиҳем”.
Вокунишҳои зиёд ба ҳодиса инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам нашр шудааст. Аксари шореҳон мегӯянд, хостори таҳқиқи ҳамаҷониба ва мунсифонаи фоҷеа дар ҷамоати Себистони Данғара мебошанд.