Дафтари намояндаи аршади Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ тасдиқ мекунад, ки аз номи як вакили мардумии Парламенти Аврупо дар бораи назархоҳии конститутсионии Тоҷикистон чанд суоли хаттӣ дастрас намудааст ва тибқи оинномаи ин созмон ба он суолҳо посух хоҳад дод. Номаи ёдшуда дар таърихи 2-уми март ирсол шуда, дафтари намояндаи намояндаи аршади Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ барои таҳияи посухи он 5 ҳафта вақт дорад.
Профессор Здзислав Краснодебский - вакили Парламенти Аврупо аз дафтари хонум Федерика Могерини – раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо хостааст, ки дар бораи назархоҳии конститутсионии Тоҷикистон ва вокуниши Иттиҳоди Аврупо ба ин чорабинӣ тавзеҳот диҳад.
Краснодебский - вакили Парламенти Аврупо аз Ҷумҳурии Полша ва ё Лаҳистон хотирнишон кардааст, ки моҳи майи соли равон дар Тоҷикистон референдуми конститутсионӣ доир хоҳад шуд, ки ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имкони бидуни маҳдудияти раёсатҷумҳурӣ фароҳам меорад. Краснодебский навиштааст, ки фазои таъқиби сиёсӣ ҳамроҳ бо иқтисоди заиф мояи нигаронии шаҳрвандони Тоҷикистон ва таваҷҷӯҳи онҳо ба тарғиботи ҷунбишҳои ифротӣ гардидааст.
Ба қавли вакили мардумии парламенти аврупоӣ, шумораи силоҳбадастони тоҷик дар сафҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки ҳамчун таҳдид ба кишварҳои узви Иттиҳоди Авурупо шинохта мешавад, рӯ ба афзоиш аст. Кранодебский аз идораи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҷавоби се суолро тақозо кардааст:
1. Оё дафтари намояндаи аршади Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ бо мақомоти Тоҷикистон референдуми конститутсиониро баррасӣ кардааст?
2. Оё Иттиҳоди Аврупо рӯи Тоҷикистон фишор овардааст, ки мақомоти ин кишвар аз баргузор намудани назархоҳии конститутсионии 22-уми май худдорӣ кунанд?
3. Оё дафтари намояндаи аршади Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ин референдумро далели кофӣ барои лағв намудани мақоми имтиёзноки Тоҷикистон дар тиҷорат бо Иттиҳоди Аврупо арзёбӣ мекунад ё не?
Моҳи гузашта дар чорчӯби ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Федерика Могерини, намояндаи аршади Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ доир шуда буд.
Дар нишасти матбуотии Брюссел Аслов таъкид кард, ки дидгоҳи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо барои тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва дар сатҳи минтақавӣ бо тамоми сохторҳои ин иттиҳод мувофиқ аст.
Вазири корҳои хориҷии Ҳолланд Берт Коендерс, ки дар нишасти матбуотии Брюссел ҳамчун раҳбари даврии Иттиҳоди Аврупо ҳузур дошт, гуфта буд, ки дар шароити тавсеаи хатарҳои тундгароӣ, Иттиҳоди Аврупо ҳаққи Тоҷикистонро барои ҳимояи сохторҳои давлатиаш эътироф мекунад. Вале таъкиди Иттиҳоди Аврупо ин аст, ки “дар баробари ин бояд ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдӣ дар ҳама шароит ва ҳамчунин озодиҳои муҳити сиёсӣ бояд риоя шавад."
Дар арафаи нишасти Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел як гурӯҳи раҳбарони мухолифини сиёсии ҳукумати Тоҷикистон, ки аксаран дар хориҷ ба сар мебаранд, дар номаи саркушодае ба намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе Ҳидоят Бишчевич аз сарнавишти даҳҳо нафаре, ки дар Тоҷикистон бо иттиҳомоти сиёсӣ дастгир шудаанд, изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо навиштаанд, ки мақомоти Тоҷикистон дастикам ду вакилеро, ки ба ҳимоят аз аъзои боздоштшудаи ҳизби феълан мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ҷуръат карданд, яъне Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро бо “тӯҳматҳои воҳӣ ва пуч” боздошт ва вакилони бақияро ҳам барканор кардаву барои боздоштшудаҳо адвокатҳои давлатиро таъин кардаанд.
Иттиҳодияи Аврупо, ки аз соли 1994 бо Душанбе ҳамкорӣ дорад, аз сармоягузорони умдаи Тоҷикистон ба шумор меравад ва барои солҳои 2014 -2020 барномаи дарозмуддати стратегиеро ба роҳ андохтааст, ки ироаи 251 миллион евро кумакҳо ба ин кишвари Осиёи Марказиро дар бар мегирад.
Афзоиши таҳдидҳои фаромарзие, чун ифротгароӣ, боис шудааст, ки ин созмон дар роҳи ироаи кумакҳояш ба Тоҷикистон рӯи масоили амниятӣ тамаркузи бештар кунад. Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумла дар ҳоли ҳозир барномаи 5-миллиондоллариеро бо номи БОМКА сармоягузорӣ мекунад, ки ҳадафаш таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз тариқи ин марзи тӯли умумиаш қариб 1400 километр аст.