Раҳбари дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе гуфт, ки онҳо барои кумак ба иқтисоди Тоҷикистон омодаанд, аммо Тоҷикистон дар навбати худ ҳуқуқу озодии инсон, баён ва динро таъмин кунад. Ҳидоят Бишчевич дар нишасти хабарии 4 май дар Душанбе гуфт, Иттиҳоди Аврупо бидуни риояи ҳуқуқи инсон ва озодии баён наметавонад ба кишварҳо кумак кунад.
Чунки, ба таъкиди ӯ, тарҳи ҳамагуна кумакҳоро порлумони Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мекунад ва дар он ҷо ҳатман аз мавзӯи риояи ҳуқуқи инсон ва озодии баён хоҳанд пурсид. "Тоҷикистон аз мо мехоҳад, ки барои рушди иқтисодаш кумак кунем. Мо барои ин омода ҳастем. Аммо Тоҷикистон бояд дарк кунад, ки ҳамагуна кумак барои рушдро порлумони Иттиҳоди Аврупо тасдиқ мекунад. Аз ин рӯ, дар ҷараёни муҳокима як вакили порлумон метавонад даст бардошта, савол диҳад, ки чӣ гуна Шумо ба кишваре кумак мекунед, ки дар онҷо озодии баён маҳдуд мешавад? Дар ин ҳолат мо ба Тоҷикистон кумак карда наметавонем," – шарҳ дод Бишчевич.
Раҳбари дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, вазъи озодии баён дар кишвар дар муқоиса ба солҳои пеш бадтар шудааст ва қариб мулоқоте нест, ки бо мақомоти Тоҷикистон маҳз мавзӯи озодии баён ва дин матраҳ нашвад. Бишчевич афзуд, дар оғози моҳи июн миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо муколамаи ҳуқуқи инсон баргузор хоҳад шуд ва дар ин мулоқот маҳз озодии баён яке аз мавзуъҳои асосӣ хоҳад буд.
Ӯ гуфт, "мо талоши мақомоти Тоҷикистонро барои нигоҳдории амният эътироф мекунем. Чунки бидуни амният кишвар метавонад ба ақиб ба солҳои 90-ум баргардад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ба хотири нигоҳдории амният озодии баён ва дин маҳдуд карда шавад. Озодии дин ҳам яке аз ҳуқуқи асосии фард аст."
Дар идомаи суҳбат Ҳидоят Бишчевич гуфт, Тоҷикистон дар марҳилае қарор дорад, ки модели нави нави рушди иқтисодиро бояд пеш бигирад. Чунки, ба гуфтаи вай, модели кунунии рушди иқтисоди Тоҷикистон, ки ба содироти “нерӯи кории арзон ба хориҷа” бақо ёфта буд, дигар коршоям нест.
Бишчевич барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон рушди арсаи гидроэнержӣ ва аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи Роғунро муҳим хонд. Ӯ афзуд, тарҳи сохтмони ин нерӯгоҳ бо мухолифати бархе аз кишварҳо рӯ ба рӯ шудааст, аммо ба таъкиди ӯ Иттиҳоди Аврупо барои ҳалли ин мушкил талош ба харҷ медиҳад.
"Мо дарк мекунем, ки нерӯгоҳи Роғун барои рушди системаи энержӣ ва умуман Точикистон муҳим аст. Кишвар потенсиали гидроэнергетикашро ҳамаги 5- 6 дарсад истифода мекунад. Бинобар ин, барои Тоҷикистон ки аз манбаъҳои газу нафт маҳрум аст, бидуни рушди гидроэнергетика наметавонад саноаташро пеш барад. Саноат, кирушд накунад, на дар маориф ва на дар тандурустӣ ҳеҷ пешрафте ҳосил намешавад,” – гуфт ӯ.
Бишчевич гуфт, дар рӯзҳои наздик Питер Буриан - масъули Иттиҳоди Аврупо дар умури кишварҳои Осиёи Миёна ба Тоҷикистон омада, дар маросими оғози расмии тарҳи сохмтони хатти баландшиддати CASA-1000 иштирок мекунад ва бар замми ин дар мулоқот бо намояндагони баландпояи кишвар мавзӯи кумакҳои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ва чигунагии ироа шудани онро матраҳ хоҳад кард.