Сартоҷ Азиз, мушовири масоили байналмилалии нахуствазири Покистон, гуфт, ки кишвараш ҳеҷ гоҳ аз ҷангҷӯён дар Афғонистон ҳимоят накарда, баръакс, барои таъмини субот дар ин кишвар омода аст. Ӯ дар ин бора ва масъалаи тарҳи CASA – 1000 рӯзи 6-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори назар кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
- Интиқоди Раҳмон аз суръати кунди иҷрои КАСА-1000
- Нерӯи барқи "Роғун" ба Покистон мерасад, ё не?
- Навоз Шариф ба Тоҷикистон бандари Гвадарро пешниҳод кард
Бешубҳа, Тоҷикистон хеле мехоҳад, ки дар минтақа сулҳу субот пойдор шавад ва дар беҳбуди равобити миёни Покистону Афғонистон нақш дошта бошад.
Радиои Озодӣ: Бо таваҷҷӯҳ ба инки хатти интиқоли нерӯи барқи “КАСА-1000” аз тариқи Афғонистони ноором мегузарад, кафолати амниятӣ барои бунёди ин тарҳ вуҷуд дорад?
Сартоҷ Азиз: Ба андешаи ман, тарҳи интиқоли нерӯи барқи “КАСА-1000” дар роҳи ҳамкорӣ дар бахши энержӣ хеле муҳим аст. Ба ин тартиб, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ нафақат дар бахши тиҷорат, балки энержӣ низ ҳамкорӣ хоҳанд кард. Мушкили амниятӣ мушкили муваққатӣ аст. Зеро Афғонистон, ки хатти интиқоли нерӯи барқ аз кишвар убур мекунад, неруи кофӣ барои таъмини амниятро дорад. Бонки Ҷаҳонӣ низ ба чунин имконоти Афғонистон бо чашми умед менигарад. Аз сӯи дигар, худи Афғонистон низ ба нерӯи барқ ниёзи шадид дорад. Ҳамчунин, Афғонистон аз ҳисоби транзити нерӯи барқ ҳамасола ба миқдори беш аз 200 миллион доллар фоида ба даст хоҳад овард. Дар асл, ҳама умедворанд, ки вазъ беҳбуд меёбад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Равобити Покистону Афғонистон то андозае сард аст. Ин амр ба интиқоли нерӯи барқ асаре намегузорад?
Сартоҷ Азиз: Воқеан, вазъи амниятӣ дар Афғонистон нигаронкунанда аст. Пас аз коҳиши нерӯҳои низомии Амрико вазъи амниятӣ дар Афғонистон пуршиддат шуд. Бархе аз манотиқи кишвар аз назорати давлати ин кишвар хориҷ шуд. Талафот низ афзоиш меёбад. Ҳоло ҳалқаҳое дар ҳукумати Афғонистон фикр мекунанд, ки мо ошӯбгаронро дастгирӣ мекунем. Вале ин дуруст нест. Мо онҳоро ҳеҷ гоҳ – на дар гузашта ва на имрӯз – пуштибонӣ накардаем. Мо ҳоло инфрасохтори ошӯбгаронро тахриб намудем ва ин чиз қобили санҷидан аст. Мо омода ҳастем, ки бо ҳукумати Афғонистон дар амри рафъи таҳидиди ошӯбгарон ҳамкорӣ кунем.
Радиои Озодӣ: Аз нишасти сарони Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон чӣ интизор доред? Ин ҳамоиш ба беҳбуди вазъи амниятӣ дар Афғонистон мусоидат мекунад?
Сартоҷ Азиз: Бешубҳа, Тоҷикистон хеле мехоҳад, ки дар минтақа сулҳу субот пойдор шавад ва дар беҳбуди равобити миёни Покистону Афғонистон нақш дошта бошад. Инро Чин ҳам мехоҳад. Вазири умури хориҷии Чин ҳам бо ҳамин ҳадаф рӯзи 24-25-уми июни имсол ба Покистону Кобул сафар карда буд. Ҳама ҷонибҳо талош мекунанд, ки беэътимодиву нофаҳмиҳоро рафъ карда, равобити ду кишварро беҳбуд бахшанд.