Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энергетика ва саноат рӯзи 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки тавлиди нерӯи барқ дар нисолаи аввал 8 миллиарду 589, 6 миллион киловат/соатро ташкил дод, ки нисбатти ба ҳамин давраи соли гузашта 131, 9 миллион киловат/соат зиёд аст.
Ҷаноби Муҳиддинов афзуд, ки дар ин муддат аз тавлидкунандагони дохилӣ 1 миллиарду 498 миллион киловат/соат нерӯи барқ харидорӣ шудааст ва аз ин 361, 7 миллион киловат/соат ба Афғонистону Қирғизистон содир шудааст, ки дар муқоиса ба соле пеш 1, 5 баробар бештар аст.
Муовини вазири энергетика ва саноат таъкид кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 3 нерӯгоҳи кӯчак фаъол шуда ва шумораи ин нерӯгоҳҳо дар қаламрави кишвар ба 305 адад расонида шудааст. Вай иттилоъ дод, ки нерӯгоҳҳои кӯчак дар нимаи нахусти соли ҷорӣ 11. 7 миллион киловат/соат неруи барқ тавлид карданд.
Тавлидоти саноатӣ низ афзоиш ёфтааст
Пӯлод Муҳиддинов ҳамчунин гуфт, ки ҳаҷми тавлидоти саноатӣ дар нимаи аввали соли ҷорӣ 4 миллиарду 446, 9 миллион сомониро ташкил дод ва ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта соли гузашта ба маблағи 277, 7 миллион сомонӣ зиёд аст. Ба таъкиди ҷаноби Муҳиддинов, "афзоиши тавлидоти саноатӣ асосан аз ҳисоби корхонаҳои системаи вазорати энергетика ва саноат таъмин шудааст".
Ҳамчунин ба гуфтаи муовини вазири энергетика ва саноат, корхонахои соҳаи хӯрокворӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ суръати афзоишро ба беш аз 127 дар сад расонидаанд, яъне 34, 5 миллион сомонӣ бештар маҳсулот истеҳсол шудааст.
Ҳамзамон дар ин давра корхонаҳои саноатии вазорати обу мелиоратсия суръати афзоишро 136, 7, фарҳанг 138, 6, молия 114, 5, кишоварзӣ 125, 7 ва адлия 135, 6 дар сад таъмин кардаанд.
Ба ин тартиб содироти маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 558, 6 миллион сомониро ташкил додааст. Зикр шуд, ки аз 153 корхонаи дар соли 2012 аз кор монда , 71 корхона фаъол шудааст.
Роғун ва КАСА - 1000
Пӯлод Муҳиддинов дар робита ба нерӯгоҳи Роғун гуфт, ки дар назди раиси ҷумҳур гурӯҳи махсуси лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ташкил шудааст, ки асосноккунии фаннии лоиҳаро бар дӯш дорад. Муовини аввали вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон гуфт, ки қарор аст, ин гурӯҳ то охири октябри соли ҷорӣ натиҷаи таҳқиқоти худро эълон кунад.
Ҷаноби Муҳиддинов ҳамчунин роҷеъ ба тарҳи КАСА - 1000 гуфт, ки "дар назар аст, то охири соли ҷорӣ марҳалаи аввали он, яъне асоснокунии лоиҳа анҷом шавад ва дар аввали соли оянда корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ шурӯъ мешавад."
Ба таъкиди ҷаноби Муҳидинов, созмонҳои байналмилалӣ ин гуна лоиҳаҳо, ба хусус КАСА -1000 -ро безарар медонанд ва аллакай сармоягузории ин тарҳ низ мушаххас шудааст.
Гармӣ барои сокинони пойтахт
Пӯлод Муҳиддинов мегӯяд, дар нақша аст, ки соли оянда то 40 дарсади сокинони шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бо оби гарм таъмин шаванд.
Зеро ҳамакнун ҳудуди 15-20 дарсади сокинон дар шаҳри Душанбе бо нерӯи барқи ҳароратӣ ва оби гарм таъмин ҳастанд.