Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интизори ифтитоҳи тарҳи КАСА-1000


Ҳафтаи оянда дар пойтахти Тоҷикистон маросими расмии оғози кори тарҳи интиқоли барқи КАСА-1000 доир мешавад ва қарор аст дар он сарони Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон ширкат кунанд.

Рӯзи 12-уми май дар шаҳри Душанбе маросими расмии оғози кор дар хати интиқоли барқи CASA-1000 баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ин маросим раҳбарони Афғонистону Қирғизистон ва Покистон ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ шаванд.

Ашраф Ғанӣ,раиси ҷумҳури Афғонистон ва Навоз Шариф,нахуствазири Покистон моҳи декабри соли гузашта аз Туркманистон боздид карда буданд ва дар маросими “гушоиш”-и корҳо дар лулаи гази TAPI ё Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон ширкат доштанд.

Ин ду тарҳи бузурги Осиёи Марказӣ барои содиркунандагон, яъне Қирғизистону Тоҷикистон ва Туркманистон суди зиёд меорад. Афғонистону Покистон ва Ҳиндустонро бо нируи барқ ва сӯхти бештари зарурӣ таъмин менамояд. Вале бо вуҷуди ҳимояти ҳукумати ин кишварҳо аз ин ду тарҳ чӣ TAPI ва чӣ CASA-1000 ба мушкили қобили мулоҳиза гирифторанд ва ҳатто коршиносон аз эҳтимоли иҷро нашудани ин тарҳо изҳори ақида мекунанд.

Дарозии шабакаи барқи CASA-1000 1222 километрро ташкил медиҳад ва 1 300 мегават нируи барқро аз ниругоҳҳои барқи обии Тоҷикистону Қирғизистон интиқол медиҳад, яъне 300 мегават барои Афғонистон ва 1000 мегават барои Покистон. Дар ҳамин ҳол ҳадс мезананд, ки лулаи гази TAPI солона 33 миллиард метри муккааб газро ба Афғонистону Покистон ва Ҳиндустон интиқол диҳад. Дарозии ин лула 1735 километрро ташкил медиҳад.

Ҳар дуи ин хат аз Афғонистон мегузарад ва ин кишварро ба қаламрави муҳими транзитӣ табдил медиҳад. Афғонистон мақоми кишвари транзитиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ касб мекунад. Вале набуди суботи амниятӣ ва афзоиши нооромиҳо дар Афғонистон метавонад ин тарҳҳоро дар нимароҳ ноком кунад.

Ин имкон низ вуҷуд дорад, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ мушкилоти дигар низ пеш ояд. Масъалаи сармоягузории тарҳи CASA-1000 чандон мушкил нахоҳад буд, зеро Вашингтону Лондон ва Бонки Ҷаҳонӣ таъмини молии ин тарҳро ваъда додаанд ва он бештар аз як миллиард долларро ташкил медиҳад ва мисли тарҳи TAPI гарон нест. Коршиносон мегӯянд, ки тарҳи TAPI тақрибан 10 миллиард доллар арзиш дорад ва то ҳол аз ҷаҳони Ғарб сарпарастии молии онро касе бар ӯҳда нагирифтааст. Созмонҳои молӣ ё кишваре барои сармоягузорӣ дар тарҳи мазкур алоқа нишон надодааст.

“Туркменгаз”, ки худро муассисаи раҳбар дар ин тарҳ медонад, на пул дорад ва на коршиносе, ки битавонад раҳбарии сохтмони ин тарҳро бар дӯш бигирад. Бо вуҷуди ин қавл додааст, ки 85 дарсади сармоягузории онро бар дӯш хоҳад гирифт. Кошиносон шак доранд, ки “Туркменгаз” ин маблағро дошта бошад ё пайдо кунад. Илова бар ин, поён рафтани нархи газу нафт дар ҷаҳон барномаи иҷрои ин тарҳро мушкилтар мекунад.

Вале тарҳи CASA-1000 дар муқоиса бо TAPI сармоягузор дорад. Нируи барқро Тоҷикистону Қирғизистон медиҳанд. Солҳои охир захоири об дар обанборҳои Қирғизистон кам шудааст. Ин кишвар соли 2013 аз Қазоқистон барқ гирифт ва ҳоло аз Тоҷикистон барқ мегирад. Тоҷикистон тобистон ҳам ба Қирғизистон ва ҳам ба Афғонистон барқ медиҳад.

Вале худи Тоҷикистон дар зимистон ба камбуди шадиди барқ дучор мешавад. Барқи хати CASA-1000-ро аз ниругоҳи Норак мегиранд, вале Норак дар соли 1972 сохта шудааст ва ба таъмир ниёз дорад. Аз эҳтимол дур аст, ки ҳукумати Тоҷикистон сармояи таъмири онро худаш пардохт кунад.

Ду ниругоҳи обии дигари Тоҷикистон “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”-ро Русияву Эрон сохтаанд ва ҳоло ин ниругоҳҳо дар ихтиёри ин кишварҳо мебошанд. 70 дарсади саҳмияҳои “Сангтӯда-1” дар ихтиёри Русия аст ва то ҳол ба Тоҷикистон даромад надодааст. Баръакс “Барқи Тоҷик” ҳамеша аз ин ниругоҳ қарздор аст.

Вазъият бо “Сангтӯда-2” низ чунин аст. Бо вуҷуди ин, ки пайдо кардани сармоягузорон барои CASA-1000 имкон дорад, вале фарсудагии ниругоҳи Норак ва дар ихтиёри Тоҷикистон набудани ду ниругоҳи дигар ва қарзҳои он аз Русияву Эрон суолҳоеро пеш меорад, ки чӣ тавр Тоҷикистон метавонад шабакаи CASA-1000-ро бо барқ таъмин кунад ва ё Қирғизистон бо камбуди об дар обанборҳояш барқи кофӣ тавлид кунад.

Навиштаи Брюс Паннер, бахши марказии Радиои Озодӣ

XS
SM
MD
LG