Лора Так, муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ рӯзи 11-уми феврал дар брифинги матбуотӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчунин дар мавриди қабули қонуне дар бораи манъи неругоҳҳои оби барқӣ аз ҷониби Амрико гуфт, «ин ки ҳукумати Амрико қонунеро дар мавриди манъи сохтмони неругоҳҳои бузурги обӣ қабул кард, ин ҳаққи ин кишвар аст. Амрико танҳо як саҳҳоми мост.»
Ҳамчунин хонум Лора Так гуфт, «мо қонуни қабулкардаи онҳоро шарҳ намедиҳем. Ҳар давлати саҳмгузори мо метавонад дар ин ё он маврид қонун қабул карда, назари худро гӯяд.»
Дар ин брифинг, ки дар толори Донишгоҳи милли Тоҷикистон доир шуд, ҳамчунин Сароч Кумар Ҷҳа, роҳбари Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Марша Олив, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҳам ширкат доштанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Лора Так рӯзи душанбеи 10 феврал бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур дидору гуфтугӯ кард, ки вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳо бо Бонки Ҷаҳониро баррасӣ карданд. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ба дастгирии пайвастаи Бонки Ҷаҳонӣ аз рушди иқтисодии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Ин манбаъ афзуд, ҷонибҳо ҷараёни ташхиси иқтисодию техникӣ ва экологию иҷтимоии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун, оғози бунёди хатти барқии 500 киловолтаи минтақавии CASA-1000, маблағгузории қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва дигар масоили мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баррасии ин лоиҳаҳо дар ҳолест, ки имрӯз дар Вошингтон музокирот дар мавриди маблағгузорӣ ва нархи нерӯи барқ дар чорчӯби тарҳи КАСА -1000 оғоз мешавад. Ин лоиҳа, ки Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистонро дар бар мегирад ва қарор аст, ки Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва дигар ниҳодҳои молӣ, аз сармоягузорони ин тарҳ бошанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар чорчӯби ин нишаст, созишнома ба маблағи 135 миллион долларро имзо кунад.
Ин маблағ ба Тоҷикистон бояд аз суи Бонки исломии рушд ва Бунёди Қувайтӣ ва ҳукумати Тоҷикистон ихтисос ёбад. Аммо маблағи қисми тоҷикистонии ин тарҳ дар маҷмуъ 220 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Аммо маблағи умумии тарҳи КАСА - 1000, ҳудуди 1 миллиард доллар хоҳад буд.
ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД