Хадамот: "Нархи зангҳо бо дархости ширкатҳо боло бурда шуд". ВИДЕО

Саъдӣ Қодирзода.

Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, ҳеҷ дастуре ба ширкатҳои мобилӣ надодааст, ки қимати гуфтугӯҳоро боло барад. Масъулини ин хадамот рӯзи 26 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфтанд, ки сӯҳбатҳо дар бораи ин ки гӯё нархи гуфтугӯҳо бо Русия то ба сатҳи 1 сомониву 20 дирам бояд афзоиш дода шавад, ҳақиқат надорад ва худи ширкатҳои мобилӣ ин ширкатҳоро дархост карданд, ки нархи гуфтугӯҳоро боло бубаранд.

Ба гуфтаи Саъдӣ Қодирзода, раҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ширкатҳои мобилӣ барои боло бурдани нархи гуфтугӯҳо ба Русия ду далел пеш оварданд, ки яке аз онҳо, ба фаъолият оғоз кардани Маркази ягонаи коммутатсионӣ мебошад, ки аз ҳар дақиқаи гуфтугӯи ҳам воридотӣ ва ҳам содиротӣ 15 дирам меситонад.

Далели дуввум, ба қавли ӯ ин аст, ки қурби асъори хориҷӣ дар баробари сомонӣ боло рафт ва ин ба хароҷоти ширкатҳо афзуд. Саъдӣ Қодирзода гуфт: “Ширкатҳои мобилӣ якчанд маротиба ба мо барои боло бурдани нарх муроҷиат карда буданд. Мо гуфтем, ки дар натиҷаи ҷамъбасти соли соли 2016 ин дархости онҳоро баррасӣ мекунем. Агар ҳамон 0.12 сенти он давраро ба инобат бигирем, ин худаш 96 дирам мешавад”.

Манзур аз 0.12 сенти гуфтаи Қодирзода ин муқаррароти хадамот аз соли 2012 аст, ки тибқи он қимати гуфтугӯҳо бо Русия набояд аз 12 сент камтар мебуд. Ин дастури худамот, ба гуфтаи мақомот, ба хотири ҳифзи манфиатҳои ширкатҳои миллӣ рӯи даст гирифта шудааст. Чун дар шароити рақобати тангтотанги ширкатҳо дар бозори мобилӣ ширкатҳои маҳаллӣ бо ширкатҳои бузурги русӣ рақобат карда наметавонистанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хадамот: "Нархи зангҳо бо дархости ширкатҳо боло бурда шуд"

Ҳамакнун, бар замми ин нархи муқарраркардаи хадамот ҳаққи Маркази ягонаи коммутатсионӣ илова хоҳад шуд. Ин марказ аз ҳар як дақиқа занги содиротӣ ва ё воридотӣ ҳамакнун 15 дирам ҳақ меситонад. Ширкати русии “Билайн” низ қимати гуфтугуҳояшро аз Тоҷикистон аз як рубли қаблӣ то ба 5 боло бурдааст.

Гароншавии қимати гуфтугӯҳо бо хориҷа боиси ба маротиб кам шудани шумораи онҳо шудааст.

Агар дар соли пешини 2015 аз сокинони Тоҷикистон бо хориҷ беш аз 158 миллион дақиқа гуфтугӯ карда бошад, пас дар соли 2016 шумораи онҳо то ба сатҳи 112 миллион дақиқа коҳиш ёфтааст.

Қаблан нархи як дақиқаи гуфтугӯ ба Русия 1 сомонӣ буд ва сар аз 20 январ нархи як дақиқаи тамоси телефонӣ аз Тоҷикистон ба он кишвар, 20 дирам гаронтар шуд. Тайи се моҳи охир ин бори дувум аст, ки қимати зангҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тамос бо Русия боло бурда мешавад. Торномаҳои ширкати мобилии “Бабилон М”, “Мегафон”, Tcell” ва “Билайн” ҳафтаи аввали соли равон навиштанд, ки ин тасмим бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 765 ва дастури Хадамоти зиддиинҳисорӣ гирифта шудааст.

Тибқи иттилои тозаи хадамоти зиддинҳисорӣ, ҳоло дар бозори алоқаи мобилӣ ширкати “Индиго Тоҷикистон” ва ё Тселл 31 дарсад, “Мегафон” 26 дарсад, “Вавилон мобайл” 24 дарсад ва “Билайн” 17 дарсади бозорро дар ихтиёр доранд.