Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Чӣ гап?” ҷои Viber-ро танг мекунад


“Чӣ гап?” ба унвони рақиби аслии Viber ва WhatsApp дар Тоҷикистон, дар муддати чаҳор моҳ тавонистааст 100 ҳазор муштариро ҷалб кунад.

“Чӣ гап?” ба унвони рақиби аслии Viber ва WhatsApp дар Тоҷикистон, дар муддати чаҳор моҳ тавонистааст 100 ҳазор муштариро ҷалб кунад. Ҳарчанд ин рақам дар муқобили муштариёни бешумори Viber ва WhatsApp қобили муқоиса нест, аммо масъулони ширкати мобилии Tcell-молики аслии барномаи муоширатии “Чӣ гап?” мегӯянд, аз ин мессенҷери тоҷикӣ, аксаран муҳоҷирон ва тоҷиконе, ки дар кишварҳои хориҷӣ кору таҳсил доранд, истифода мекунанд. Мессенҷери “Чӣ гап?”, ки барои ҳамаи муштариёни шабакаҳои мобилии Тоҷикистон дастрас аст, имкони табодули ройгони зангҳои садоӣ, видеоӣ ва паёмакҳоро фароҳам меорад.

Сулҳия, сокини 23-солаи Душанбе, ки дар Қибрис таҳсил мекунад, мегӯяд, аз ин пештар одатан бо наздиконаш тариқи Skype ва ё Viber тамос мегирифт. Аммо бартарии месcенҷери тоҷикӣ дар ин аст, ки барои қабулкунандаи занг доштани Интернет муҳим нест ва танҳо як симкорти ширкати Tcell ӯро метавонад бо дӯст ё як азизаш бипайвандад”. Сулҳия гуфт, вақте бори аввал аз ин барнома истифода кардааст, дидааст, ки ин барнома ҳам камхарҷ ва ҳам дар истифода хеле содда будааст. Ҳоло ин духтари донишҷӯ асосан бо “Чӣ гап?” корашро буд мекунад. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи Сулҳия, яке аз бартарии дигари “Чӣ гап?” дар он аст, ки ин мессенҷер дар ҳостинги дохилӣ ҷойгир буда, бо Интернети камсъуръат низ мешавад аз ин нармафзор роҳат истифода кард.

Дар ҳоле, ки суръати Интернет дар Тоҷикистон чандон баланд нест, дар ҳостинги дохилӣ ҷойгир будани ин мессенҷер онро дар қиболи WhatsApp ва Viber ба як рақиби ҷиддӣ табдил медиҳад. Дар нармафзори “Чӣ гап?” рақами Tcell ҳамчун номи корбар истифода шуда, аз рӯи он иҷозати воридшавӣ сурат мегирад. Нармафзор ба муштариён имкон медиҳад, ҳатто ҳангоми берун аз кишвар қарор доштанашон рақами мавҷудаи Tcell-и худро истифода кунанд. Кеттӣ Пирсхалава, раҳбари Раёсати иртибот ва назорати брендии ширкати Tcell рӯзи ҷумъаи 21-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи таҳлили ин ширкат 90 дарсади корбарони онҳо истифодаи мессенҷери тоҷикиро ба дӯстон ва наздиконашон маслиҳат медиҳанд.

Вай гуфт, “Афзалияти ин нармафзори тоҷикӣ дар он аст, ки тариқи он имкони бо нархи арзон гуфтугӯ кардан бо тамоми кишварҳо вуҷуд дорад. Мо пайваста миёни корбарон пурсишҳо анҷом медиҳем ва талош мекунем дар ин нармафзор хидматрасониҳои навро ворид намоем”, гуфт ӯ. Хонум Пирсхалава гуфт, ширкати Tcell як моҳи пеш барои интихоби “смайлик”-ҳои миллӣ озмун эълон кард ва дар фурсати наздик корбарони “Чӣ гап?” имкони қабулу ирсоли “каллача”-ҳои наву тоҷикӣ, аз ҷумла бо тоқиву руймолро пайдо мекунанд.

Бо он ки ташаббускорони “Чӣ гап?” барои оммавӣ шудани барномаи худ нақшаву идеяҳои зиёд доранд, дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам барномаҳои Viber ва WhatsApp серистифода боқӣ мемонанд. Дар Тоҷикистон ҳоло бештар аз ҳама ҷавонони 21-32-сола телефонҳои ҳушманд доранд, ки дар аксарияти онҳо ин мессенҷерҳо насб шудаанд. Ҷонибек, ки 18 сол дорад, аз телефони ҳушманди Sumsung Galaxy S5 истифода мебарад. Вай мегӯяд, дар телефони ӯ Viber шабонарӯз фаъол аст ва истифодаи ин барнома одат шудааст. Вай мегӯяд, хубии ин барнома дар он аст, ки ҳеҷ гоҳ аз пеши назарат намеравад ва сари вақт ба паёмҳои дӯстон посух медиҳӣ. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, ҳар моҳ барои истифодаи Интернет то 70 сомонӣ пардохт мекунад, ки ин маблағ дар нисбати анҷом додани зангҳои оддӣ ва ё фиристодани паёмакҳои маъмулии телефонӣ ба маротиб арзонтар аст.

Дар ҳамин ҳол, Асомидин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон мегӯяд, тибқи як назарсанҷии онҳо 49 дарсади корбарони фаъоли мобилӣ аз телефонҳои ҳушманд истифода мебаранд. Аз ин теъдод 45 фоизаш дар телефонҳои худ низоми озоди Android доранд, ки тавассути он роҳат метавон барномаҳои интертениро ройгон насб кард. Вай гуфт, эҳтимоли афзоиши таваҷҷӯҳи муштариёни тоҷикзабони интернет ба хадамоти “Чӣ гап?” зиёд аст, вале ҳоло аксарият аз нармафзорҳои Viber ва WhatsApp ба хотири фиристодан ва қабули зангҳои видеоиву садоӣ истифода мебаранд.

Аммо бо ин ҳам таҳлилгарони фанновариҳои муосир бар инанд, ки телефонҳои ҳушманд акнун дар Тоҷикистон абзоре шудаанд, ки корбарон аз имконоти васеи он истифода мекунанд ва роҳандозии нармафзори “Чӣ гап?” ва барномаҳои дигари тоҷикӣ боиси он мешавад, ки тавонмандии барномасозии ватанӣ рушд кунад. Зимнан, Tcell аз ширкатҳои умдаи мобилӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 2 миллион муштарӣ дорад. Ин ширкат муддати 15 сол дар бозори мобилии Тоҷикистон фаъол аст.

"Чӣ гап" ё худ "Viber"-и тоҷикӣ сад ҳазор муштарӣ доштааст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

XS
SM
MD
LG