Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фатвоҳои аҷибу ғариб: Мастӣ ҳаром аст, на шароб...


​Як имоми шиа фатво дод, ки мусулмонҳо аз тановули самбӯсаҳои секунҷа парҳез кунанд. Аммо ин ягона фатвои аҷибулғароиб нест, ки имсол аз сӯи муфтиҳои ислом ироа шудааст.

“Агар самбӯса секунҷа бошад, аз истеъмолаш парҳез кунед,” -- фатво додааст як имоми шиамазҳаб. Бар пояи ин фатво, ки ахиран навори видеоии он бидуни ишора ба ному насаби имом дар сомонаҳои интернетӣ нашр шуд, самбӯсаи секунҷа дар дохилаш ҳаво дорад ва истеъмоли он боис ба дамиш дар шикам мешавад. “Бояд шакли самбӯсаро тағйир дод ва онро чаҳоркунҷа ё доирашакл тайёр кард,” -- тавсия додааст имом.

Фатвоҳои аҷибулғароиб, ки мардумро ҳайратзада карданд ё боис ба норозигиву баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуданд ё мавриди масхараву киноя қарор гирифтанд, аз сӯи муфтиҳои ҳам шиаву ҳам суннӣ имсол низ фаровон содир шуданд. Дар рейтинги ғайрирасмии фатвоҳои аҷибулғароиб, шояд фатвои Шайх Муҳаммадсолеҳ Ал-Мунаҷҷид алайҳи сохтани одами барфӣ дар садр қарор бигирад. Аввали соли равон дар минтақаи Табуки Арабистони Саудӣ ғайриинтизор барфи зиёд борид ва мардум барои сохтани “одамаки барфӣ” ва “шутураки барфӣ”, ки дар ин манотиқ маъмултар аст, ба кӯчаҳо рехтанд.

Аммо Шайх Ал-Муанҷҷид косаи шаҳди хурду бузургро ба замин зад - “сохтани ҳайкал аз барф, ҳатто ба хотири бозӣ ё хурсандӣ муҷоз нест”. “Ислом аз барф сохтани танҳо шакли ашёи беҷонро иҷозат медиҳад,” -- фатво дод ӯ. Зимнан, бори аввал нест, ки Шайх Ал-Мунаҷҷид фатвоҳои аҷибулғароиб содир мекунад. Чанд сол пеш ӯ дар фатво гуфта буд, "Микки Маус ба як қаҳрамони маҳбуб табдил меёбад, дар ҳоле ки тибқи шариати исломӣ, Микки Маус бояд дар ҳар сурат кушта шавад. Ӯ баъдан худро сафед карданӣ шуд ва гуфт, ки манзураш на куштани Микки Маус, балки маҳви “ҷонвароне чун мушу кӯрмуш” буд.

СИГОР ҲАРОМ, ГИМНАСТИКА ҲАРОМ,...БИЛЕТ БА МИРРИХ ҲАРОМ!

Бештари фатвоҳои аҷибулғароиби соли равонро муфтиҳои Малайзия “тақдим” кардаанд. Шӯрои миллии фатвои Малайзия моҳе пеш сигорҳои электрониро ҳаром эълон кард. Раиси ин Шӯро Абдушукур Ҳусин дар шарҳи фатво гуфт, “аввалан, ин хатарнок, сониян, сарфи беҳудаи маблағ ва сеюм, барои саломатӣ зараровар аст. Аз ин рӯ мо онро ҳаром эълон кардем”.

Ду сол пеш муфтиҳои Малайзия қалёнро ҳам ҳаром хонда буданд. Муфтӣ Хуросонӣ Закариё, аз аёлати Пераки Малайзия варзиши гимнастикаро барои мусулмонҳо ҳаром хонд. Ӯ, инчунин, аз мардҳо талаб кард, фақат бо шими кӯтоҳе, ки зонуро мепӯшонад, футбол бозӣ кунанд, бо либоси муқарраршуда бо ин навъи варзиш машғул шудан, ҳаром аст.

Фатвои Саридораи умури исломӣ ва авқоф, як ниҳоди масъули дин дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҳам мусалмонҳоро хело ҳайратзада кард - агар Шумо ба Миррих билети яктарафа бигиред, меъёрҳои шариати исломиро поймол мекунед, гуфтанд мутасаддиёни дин. Бар пояи ин фатво, “сафар ба Миррих мамнӯъ аст ва агар дар он сайёра ҳаёт набошад, роҳи бозгашт надорад. Имкони мурдан дар Миррих назар ба зистан хеле бештар аст.” Фатво баъд аз он содир шуд, ки як созмони ғайритиҷории Ҳолланд бо номи “Mars One” тасмимаш оид ба то соли 2025 дар Миррих бунёд кардани нахустин шаҳраки зист барои одамонро эълон кард.

ДАР АНДАКИ Ӯ МАНФИАТИ БИСЁР АСТ?

Аммо фатвое, ки имсол миёни мусулмонҳо шӯр барангехт, иҷозаи нӯшидани миқдори ками шароб аз сӯи рӯҳонии муқими шаҳри Сидней Мустафо Рашид буд. Ӯ дар сӯҳбат бо телевизиони Миср изҳор намуд, ки дар Қуръони шариф мастӣ ҳаром хонда шудааст ва на шароб ва чун истеъмоли миқдори ками шароб одамро маст намекунад, аз ин рӯ гуноҳ нест. “Барои ин фатво ман худам шахсан ҷавоб мегӯям!” -- изҳор намуд рӯҳонӣ.

Рӯҳониёни Сидней фатвои Мустафо Рашидро маҳкум карданд. “Ҳанӯз 1400 сол пеш дар Ислом истеъмоли машрубот манъ шуда буд ва фақат касе, ки аз гуруснагиву ташнагӣ дар вартаи марг қарор дорад, метавонад барои наҷоти ҷонаш ҷуръае аз машруб бинӯшад, ҳарчанд рӯй додани ин гуна вазъ ҳам ғайримумкин ба чашм мерасад,” -- гуфтааст намояндаи яке аз созмонҳои исломӣ Қайсар Трад.

Донишманд Мунзир Каҳф, муаллифи китобҳои зиёде дар бораи вақфу закот ва молияи исломӣ, кори пайравони дини муҳаммадӣ дар мағозаву дӯконҳои озуқаеро, ки он ҷо машрубот мефурӯшанд, ҳаром хонда гуфтааст, маоше, ки аз ҳисоби фурӯши шароб ба даст меояд, аз нуқтаи назари шариати ислом ҳалол нест. “Ҳар мусулмон муваззаф аст, ки шаробро ба канализатсия резад ва шишаашро шиканад,” -- фатво додааст ӯ.

Зимнан Шӯрои уламои исломи Тоҷикистон ҳам дар посух ба суоли “Оё барои мусулмон ҷоиз аст, ки нӯшобаи спиртӣ бифурӯшад?” фатво додааст, ки “овардан, нӯшидан, фурӯхтану харидан ва ҳама навъҳои муомилот бо нӯшокиҳои масткунанда ҳаром аст”.

Ахиран фатвоҳое дар робита ба ширкати занони мусулмон дар баҳсу форумҳои интернетӣ ва мукотиба аз тариқи интернет ҳам пайдо шуданд. Ваил Шиҳоб, устоди Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср ширкати занону духтарони мусулмон фақат дар баҳсҳо оид ба сиёсату дин дар сомонаҳои интернетиеро дуруст хондааст, ки дастраси ҳамаанд, баррасии ин масоил бо мардҳои номаҳрам аз тариқи мукотибаи шахсӣ дар интернет ҳаром аст. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон, соли гузашта бо судури фатво мукотибаи зану марди номаҳрам дар Интернетро донист, зеро ба қавли ӯ “паёмади ин мукотиба аксар вақт бадахлоқист”.

ВАҚТЕ МУЛЛО РАНҶИДА ФАТВО МЕДИҲАД…

Зимнан, фатвоҳои аҷибулғароиб аз сӯи рӯҳониёни Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон ҳам содир мешаванд, ҳарчанд имсол зиёд ба чашм нарасиданд. Як сол қабл муфтиёти Қирғизистон фатво дод, ки мусулмонҳо Соли нави милодиро ҷашн нагиранд.” Намояндаи расмии муфтиёт Ҳоҷӣ Равшан Эратов гуфт, “Ислом ин идро қабул надорад, аз ин рӯ мусулмонон метавонанд онро ид накунанд. Аммо дигаронро маҷбур сохтан барои таҷлил накардани ид ҳам дуруст ва қобили қабул нест.”

Ғайримуқарраритарин фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон – хилофи шариат хондани талоқ аз тариқи СМС буд. Зарурати чунин фатво баъди он ба миён омад, ки як теъдод муҳоҷирони корӣ аз Русия ҳамсарҳои худ тавассути паёмакҳо ё зангҳои телефонӣ талоқ доданд. Фарҳод Абдуллоев, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ғайримуқарраритарин фатвое, ки аз Маркази исломии Тоҷикистон шунид, ҳаром хондани мӯйи сунъӣ ё парик буд.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, масъули фатво дар Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки фатво дар Ислом пешниҳоди ҳалли мушкилест, ки мусулмонҳо ба он мувоҷеҳ шудаанд. Дар Тоҷикистон судури фатво дар масоили шаръӣ ва масоиле чун ҳаёти оилавӣ бар ӯҳдаи Шӯрои уламо вогузор шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола аз сӯи ин ниҳод тақрибан 300 фатво содир мешавад, ва бахши аъзами онҳо ба мушкили лағви никоҳи афроде марбут аст, ки хонаводаҳояшонро тарк карда, солҳои тулонӣ нопадиданд.

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, донишманди илми фиқҳ, иқрор мекунад, ки баъзе муллоҳо бар пояи ғараз ё бо дарёфти маблағе фатвоҳои барои ин ё он шахс заруриро ироа мекунанд. Сайид Аҳмадов,

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад
Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад

пажӯҳишгари масоили мазҳабӣ, ҳам қаблан ба мо гуфта буд, баъзе аз фатвоҳо бар асари дониши кофӣ надоштани домуллоҳо содир мешаванд. Баъзе домуллоҳо аз ҳарфе ё амале ранҷида низ фатвое медиҳанд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон то ҳол баҳс кӣ ҳаққи фатво доданро дорад, сари забонҳост. Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад мутмаин аст, ки фатво - иҷозаи шаръист ва ҳар донишманди илми фиқҳ метавонад муфтӣ ё фатводиҳанда бошад. Аммо Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон додани фатво аз сӯи рӯҳониёне ба ҷуз аз аъзои Шӯрои уламоро манъ кардааст. Шӯрои уламо далел пеш овардааст, ки шарҳу тафсири мухталифи масоили исломӣ аз сӯи рӯҳониён, аз ҷумла, аз минбарҳои масоҷид, боиси баҳсҳое миёни ҷавонон мешавад ва онҳо дар мавриди онки фармудаҳои кадом домулло дуруст аст ва аз кадоме нодуруст, ҳатто бо ҳам дастбагиребон мешаванд.

Мухолифини ин амр мегӯянд, фақат Шӯрои уламоро масъули фатво эълон кардан иштибоҳ аст ва дар Тоҷикистон домуллоҳои мӯътабаре, ки метавонанд бар пояи шариат фатво диҳанд, хело зиёданд. Агар фатво аз сӯи рӯҳоние берун аз чаҳорчӯбаи мазҳаби Имоми Аъзам содир шавад, он замон дахолати Шӯрои уламо ҷоиз мебуд. Аммо, албатта, муҳимтар он аст, ки ин афрод фатвоҳои аҷибулғароиб нашр накунанд ва боиси хандахариши оламиён нашаванд...

XS
SM
MD
LG