Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодани "смс" инмконпазир шуд


Фиристодани паёмак ва ё худ “смс” аз тариқи ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон дубора имконпазир шуд. Ин дар ҳолест, ки аз шурӯи амалёти зидди гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон ирсоли паёмак аз тариқи ширкатҳои мобилии “Бабиблон”, “Мегафон”, “Tcell”, “Bilain” ва дигар ширкатҳои мобилӣ имконнопазир шуда буд.

Рӯзи 16-уми сентябр Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз кушта шудани Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳонаш расман хабар дода, поёни амалёт зидди ин гурӯҳро эълон карданд. Дақиқан, бо гузашти як рӯз аз пахши ин хабар, фиристодани пайёмак аз ширкатҳои мобилӣ имконпазир шуд.

Қатъи фиристодани пайёмак ва ё маҳдуд кардани зангҳои телефонӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи нав нест. Қаблан, дар амалётҳои ҷудогонаи солҳои 2009 то 2011 алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло дар шарқи Тоҷикистон низ чунин маҳдудиятҳо пайдо шуда буд. Ҳамчунин, дар нооромиҳои соли 2012 дар вилояти Бадахшон тамоси телефонӣ қатъ шуд ва дар дигар минтақаҳо ирсоли пайёмак номумкин гардида буд.

Аммо бо вуҷуди имконпазир шудани ирсоли паёмак аз ширкатҳои мобилӣ ҳанӯз шабакаи иҷтимоӣ “Facebook.com”, сомонаи “youtube.com” ва сомонаи бахши тоҷикиии Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ зери номи “ozodi.tj” ва ё “ozodi.org” баста боқӣ мондааст.

Баста шудани ин сомонаҳоро масъулини ширкатҳои мобилӣ “мушкили фаннӣ ё худ техникӣ” медонанд. Аммо қаблан, мактубе ба расонаҳо дастрас шуда буд, ки маҳдуд кардани дастрасии сомонаҳо дар Тоҷикистон бо дастури Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад. Ҳоло ин Хадамот мегӯяд, ҳеҷ чунин дастуре ба ширкатҳои фароҳмакунандаи интернет надодааст ва ин мушкили худи онҳост.

XS
SM
MD
LG