Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Sim Sim”, дари муҳоҷирро кушо!


“Вимпелком”, яке аз ширкатҳои бузурги мобилии Русия ширкати “Сим телеком” – молики бренди дар байни муҳоҷирон маъруфи “Sim Sim”-ро харидааст. Операторҳои “Sim Sim” ба забони тоҷикӣ низ сӯҳбат мекунанд.

“Вимпелком” – яке аз бузургтарин ширкатҳои телефонҳои мобили Русия ва молики бренди “Beeline” - рӯзи 17 март эълон кард, ки ширкати “Сим телеком”-ро ҳамроҳ бо бренди “Sim Sim” ба даст овардааст. Бренди “Sim Sim” дар соли 2014 махсус барои муҳоҷироне, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, сохта шудаст.

Михаил Слободин, мудири ширкати "Вимпелком" дар расми муаррифии молики нави бренди “Sim Sim” ҷома дар тану тоқӣ дар сар зоҳир шуд. Слободин гуфт, таваҷҷӯҳ ба ин бренд аз сӯи муҳоҷирон хеле зиёд аст ва "Вимпелком" талош хоҳад кард, ки аз ин бозори, ба гуфтаи ӯ бузург бенасиб намонад.

Дафтари матбуоти ширкати “Сим телеком” рӯзи 18 март дар як мусоҳибаи катбӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз тақрибан 100 000 муштарии ин ширкат ҳудуди 20 дарсадашро муҳоҷирони тоҷик ва тоҷикзабонҳо ташкил медиҳанд: “Муштариёни асосии “Sim Sim” мардумеанд, ки аз гӯшаҳои мухталифи сайёра ба Русия меоянд. “Sim Sim” ба ин мардум нафақат имкони гуфтугӯҳои телефонӣ бо нархи муносиб, балки як силсила хадамоти дигарро ҳам таъмин мекунад. Мо мехоҳем як навъ низоми гуногунқавмиеро бино кунем, ки меҳмонони Русия худро дар инҷо ҳамчун дар хонаи худ ҳис кунанд.”

“Sim Sim” ба ҷуз аз забонҳои русиву англисӣ ба се забони кишварҳои умдаи муҳоҷирфирист – тоҷикӣ, узбакӣ ва қирғизӣ ҳам сомонаҳои алоҳида дорад ва дар колл-сентри он операторҳое низ ҳастанд, ки дар сурати занг задан бо шумораи 8 800 770 7060 бо ин се забон бо муштариён сӯҳбат мекунанд.

Бренди “Sim Sim” ба маштариёнаш 3 тариф – “Ба хона занг бизан”, “Ба наздикон занг бизан” ва “Ба ҳама занг бизан”-ро пешниҳод мекунад, ки нархи ҳар дақиқаи гуфтугӯяш ба Тоҷикистон аз 2,5 то 7 рубл, ба Узбакистон аз 3,5 то 4 рубл аст.

Дафтари матбуоти “Sim Sim мегӯяд: “Sim Sim” талош дорад, ҳамаи ниёзҳои мардумеро, ики ба Русия бароварда созад ва як навъ "даркушо"-и муҳоҷирон дар ин кишвар бошад. Ба фарқ аз ширкатҳои дигари мобилӣ, мо бар изофаи хадамоти телефони мобилӣ, ба муштариён дар мавриди таҳияи асноди лозим барои қонунӣ гардондани будубоши онҳо дар Русия машварати ҳуқуқӣ мерасонем. Ҳамин тавр, мо ба муштариён дар тарҷумаи аснод, харидани чиптаҳои қатору ҳавопаймо ва ҳатто барои пайдо кардани манзил ва дарёфти қарзҳои бонкӣ ёрӣ медиҳем. Ва ин ҳама – бо забони худи онҳо, аз ҷумла ба тоҷикӣ.”

Бино ба охирин омори ФМС- Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, то 1 март дар ин кишвар 9,9 миллион муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла 2,5 миллион нафар аз Украина, 2 миллион аз Узбакистон 862 ҳазор аз Тоҷикистон ва ҳудуди 600 ҳазор аз Қирғизистон ба сар мебурданд. Мардуми муҳоҷир ба далели дурӣ аз Ватан ва наздикон назар ба қишрҳои дигар ба тамосҳои телефонӣ зарурати бештар доранд ва аз ин рӯ, ширкатҳои мобилӣ дар солҳои охир барои ҷалби ин тоифа тарифҳои вижаеро вориди бозор мекунанд.

Бренди “Beeline” аз соли 2006 тарифи “Добро пожаловать”-ро таблиғ мекунад, Як ҳадафи асосии ин тариф маҳз муҳоҷирони кориест, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Aiva Mobile
Aiva Mobile

Ширкати МТТ (“Межрегиональный транзиттелеком”)-и Русия барои муҳоҷирони тоҷик бренди вижае бо номи “Aiva Mobile” сохтааст, ки то як соли пеш ҳудуди 40 000 муштарӣ ба даст оварда буд. Ин ширкат аз тирамоҳи соли гузашта ҳамроҳ бо “Babilon Mobile”-и Тоҷикистон симкартаи наверо ба бозор даровард, ки ду шумора дорад: яке аз Русия ва дувумӣ – аз Тоҷикистон.

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон низ дар ин рақобат барои ҳифзи он муштариёнашон, ки бо тақозои рӯзгор ҳарсол ба Русия сафар мекунанд, дар канор намондаанд. Дар ин бозор ширкатҳои русии “Мегафон” ва Beeline бо истифода аз имконоти ширкатҳои муассисашон дар Русия пешдастӣ доштанд. “Мегафон Тоҷикистон” соли гузашта аз роҳандозии тарифи вижае бо номи “Ду кишвар дар як сим-корт” хабар дода буд, ки ҳар як сим-картааш низ ду шумора дошт: яке барои Тоҷикистон ва яке барои Русия. Нархи як дақиқаи занг аз “Мегафон-Тоҷикистон” ба “Мегафон”-и Русия ҳудуди 20 дирамро ташкил медод.

Ширкатҳои “Babilon” ва “TCell” хадамаи NGN доранд, вале истифода аз ин хидматрасонӣ танҳо дар сурати доштани Интернет имкон дорад.

​Дар соли 2012 «Мегафон Тоҷикистон» ва ширкати дигари русӣ - Beeline аз сӯи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барои нархгузории аз ҳад зиёд арзони зангҳояшон ба Русия, ки то 6 сент арзиш дошт, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Он замон мақомот бо баҳонаи "ҷилавгирӣ аз монополист шудани ширкатҳои русӣ" нархномаи зангҳо ба Русияро барои ҳама ширкатҳо на камтар аз 10 сент муайян кард. Дар пайи ин дастур ва боло рафтани қимати зангҳои байналмилалӣ, ки бисёриҳо онро натиҷаи «лоббӣ»-созии ширкатҳои маҳаллӣ мехонданд, ҳаҷми сӯҳбатҳои телефонии сокинони Тоҷикистон бо пайвандонашон дар Русия коҳиш ёфт.

Рамзи Viber
Рамзи Viber

Талоши ҷалби муштарии бештар аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҳолест, ки ҷои пои ширкатҳои мобилро дар ин бозор ҳарчӣ бештар шабакаҳои интернетие, чун Viber, Skype, WhatsApp, Telegram ва IMO танг мекунанд. Ҳоло ба сабқати бе ин ҳам шадид барои дарёфти саҳми худ дар ин бозор шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, ки хадамаи сӯҳбатҳои телефониашро ҳам ба роҳ мондааст, ҳамроҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG