Ихроҷи 88 тоҷикистонӣ аз хоки ИМА дар чор соли гузашта

Зиндоне дар аёлати Иллинойси ИМА

Дар давоми чор соли гузашта  аз хоки ИМА 88 шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шудааст ва сабаби асосии ин ихроҷҳо қонуншиканӣ будааст.

Дар ин бора як омори муфассали Идораи муҳоҷират ва гумруки ИМА хабар додааст, ки рӯзи 20 декабр дар сомонаи ин ниҳод нашр шуд. Омор марҳилаи аз октябри соли 2020 то сентябри соли 2024-ро фаро мегирад.

Дар гузориши муфассали мақомоти муҳоҷирати Амрико омори тамоми шаҳрвандони хориҷие оварда шудааст, ки дар қаламрави ин кишвар дар муддати чор соли гузашта ҳабс, боздошт ё ихроҷ шудаанд.

Дар ин муддат 825 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва аз миёни онҳо 103 нафарашон ҳабс шудаанд, омадааст дар ин санади расмӣ.

Ҷузъиёти вобаста ба навъи қонуншиканиҳои эҳтимолии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ИМА нашр намешавад.

Вале дар бораи як парвандаи боздошти гурӯҳии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Амрико расонаҳои ҷаҳонӣ ҳам бо такя ба FBI – Хадамоти федеролии амнияти Амрико – хабар дода буданд.

Моҳи июн ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони иртибот ба гурӯҳи мамнӯи "Давлати исломӣ" дар шаҳрҳои Лос-Анҷелос, Ню-Йорк ва Филаделфия боздошт шуданд. Чор моҳ баъд - моҳи октябр мақомоти Амрико гуфтанд, аз онҳо се нафарро ба Тоҷикистон ва Русия баргардондаанд ва боқимондаҳо дар боздошт мемонанд.

Сарнавишти баъдии онҳо маълум нест ва мақомот дар Тоҷикистон ҳам ин мавзӯъро то ҳол шарҳ надодаанд.

Ихроҷи рекордӣ аз ИМА

Дар маҷмӯъ, ба навиштаи Идораи муҳоҷират ва гумрук, аз хоки ИМА дар давоми 12 моҳи гузашта 270 ҳазор шаҳрванди 192 давлат ихроҷ шудаанд ва ин баландтарин нишондод дар солҳои охир будааст. Пеш аз болотарин нишондоди ихроҷ аз хоки ИМА дар соли 2014 ба қайд гирифта шуда буд, вақте мақомот беш аз 315 ҳазор хориҷиро аз хоки ин кишвар берун карданд.

Президенти мунтахаб Доналд Трамп таҳдид кардааст, ки мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ яке аз корҳои муҳими давраи нави раёсатҷумҳуриаш хоҳад буд. Дар давраи аввали раҳбариаш ӯ барои пешгирӣ аз убури ғайриқонунии марзи ИМА тавассути Мексика дар сарҳадро девор сохт, вале амали мақомоти Амрико мавриди интиқоду маҳкумиятҳои зиёди ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон гардид.

Маҳз қаламрави Мексика солҳои охир як роҳи маъруфи убури дастаҷамъонаи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон гардидааст. Тоҷикистониҳои зиёде, ки аз бекорӣ ва даромади ночиз дар ватанашон фирор мекунанд, талош доранд бо ҳар роҳ ба Амрико роҳ ёбанд. Омори куллии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Амрико нашр намешавад, вале бовар меравад, ки шумори онҳо даҳҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ИМА пас аз боздошти ҳашт  зодаи Тоҷикистон бо гумони ҳамкорӣ бо ДОИШ"Боздошти тоҷикон дар Амрико ду моҳ пеш сар шуд"Достони тоҷири тоҷик дар Лос-Анҷелеси Амрико