Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони тоҷири тоҷик дар Лос-Анҷелеси Амрико


Лаҳзае аз барнома "Рӯзгори муҳоҷир"
Лаҳзае аз барнома "Рӯзгори муҳоҷир"

Дар ҳоле, ки аксар муҳоҷирони тоҷик барои кору зиндагӣ дар Амрико, Ню-Йоркро интихоб мекунанд, як ҷавони тоҷик дар Лос -Анҷелес, яке аз гаронтарин аёлатҳои ИМА маскан гирифта, ба мардум самбӯсаву оши палав пешниҳод мекунад.

Руслан Назарови 26- сола, дар пойтахти синамои маъруфи Ҳолливуд тиҷорати худро ба роҳ мондааст. Ӯ соҳиби се фуд -трак ё ошхонаи сайёр аст.

Руслан дар мисоли тиҷорати худ мегӯяд, фарқи роҳандозии кор дар Амрикову Русия хеле зиёд аст. Ба гуфтаи ӯ дар Амрико соҳибкор барои ба роҳ мондаи фаъолияти худ имконияти бештар дорад.

Руслан Назарови 26 - сола дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ мегӯяд, ҳамагӣ 2 сол дошт ки падараш дар муҳоҷират, дар шаҳри Қазон даргузашт. Модар ӯ ва ду апаашро дар танҳоӣ ба воя расонд. Ин буд, ки ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо аз овони наврасӣ дасташ ба кор рост шуд.

Мусоҳиби мо баъди хатми мактаб думболи орзӯҳои бузург, рахти сафар ба пойтахти Русия баст. Шаҳре, ки бо чолишҳои нав рӯ ба рӯяш кард ва таҷрибаи роҳандозии нахустин кори тиҷоратияшро дод.

Аммо баъдан дар зиндагияш гардиши дигар ба амал омад. Ба Амрико рафт. Ба нақли қаҳрамони мо дар Лос Анҷелес зиндагӣ арзон нест ва барои онҳое ки забони англисиро намедонанд пайдо кардани кор андаке вақт мехоҳад. Аммо боз ҳам ҷамоати тоҷикони ин ҷо барои ҳамаватони гирифтори мушкил дасти кӯмак дароз мекунанд.

Ин муҳоҷири тоҷик ҳоло ҷиддан аз пайи омӯзиши забонӣ англисӣ аст ва мехоҳад дар ояндаи наздик шумораи фуд - тракҳояшоро бештар кунад. Ӯ мегӯяд, дар Амрико ҳама орзӯҳо амалишаванда ҳаст. Ба шарте, ки шахс дар назди худ мақсад гузорад ва аз рӯи нақша қадам ба қадам пеш равад.

Танҳо бо Русия қаноат намудан ва аз таваккал кардан тарсидан лозим нест, мегӯяд, қаҳрамони мо. Машваратҳои дигари ин тоҷири ҷавони тоҷикро барои кору зиндагӣ дар Амрико, дар барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" бубинед.

Аз Қубодиён ба Лос-Анҷелес тавассути Маскав ва Мадина ("Рӯзгори муҳоҷир" #21)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:31:01 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG