Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ИМА пас аз боздошти ҳашт  зодаи Тоҷикистон бо гумони ҳамкорӣ бо ДОИШ


Боздошти тоҷикон муҳоҷирони дигарро дар Амрико нигарон кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:23 0:00

Боздошти тоҷикон муҳоҷирони дигарро дар Амрико нигарон кард

Дастгир шудани ҳашт  зодаи Тоҷикистон дар ИМА дар моҳи июни имсол ба гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” яке аз доғтарин хабарҳои расонаҳои Амрико дар мавзӯи хатари ҳамлаи террористӣ ва беназоратии сарҳади ИМА бо Мексика буд.

Ин хабарро тарафҳои дахлдор дар интихоботи президентии Амрико ба мақсадҳои таблиғотии худ истифода карданд. Худи муҳоҷирони тоҷик дар ИМА мегӯянд, ҳарчанд аз ин хабар миёни онҳо нигароние пайдо шудааст, аммо дар Амрико ба фарқ аз Русия “ҷазои дастаҷамъона” ё рейду тафтишҳои саросарӣ гузаронида нашудааст.

Ҳамзамон бархе аз муҳоҷирон чанд тағйиреро ба сабаби боздошти зодаҳои Тоҷикистон мушоҳида кардаанд. Ин тағйиротро тарҳи Мигрант Медиаи Радиои Озодӣ бо чанде аз фаъолони ҷамъияти тоҷикони ИМА баррасӣ намуд.

Абдулло Ашӯров, як иқтисодшиноси тоҷики муқими Филаделфия мегӯяд: “Вазъи тоҷикони Амрико пас аз дастгир шудани ҳашт зодаи Тоҷикистон ба гумони пайванд доштан бо ДОИШ тағйир наёфтааст, аммо чандон ҳам хуб нест. Албатта, вазъ мисли Русия нест, вале нигаронкунанда аст”. Ба қавли ҷомеашиноси муқими Ню-Йорк Фирӯз Баротзода, “...агар ба тафтишҳо нигоҳ кунем, полис назорат ва тафтишоти худро сахттар кардааст, чунки шумораи муҳоҷирони беҳуҷҷат, махсусан дар Ню- Йорк хеле зиёд аст”.

Далери Ғуфронов, хабарнигори тоҷики муқими Филаделфия ҳам мегӯяд, “...вобаста ба ҳамин боздоштҳо ҳамаи муҳоҷирони тоҷик, ки аз марз ворид шудаанд, сахт зери назар ҳастанд. Ва ҳатман ҳама гуна робитаҳои телефонии онҳо, гашту гузорашонро мақомоти амрикоӣ зери назар хоҳанд гирифт.”

Умед Аҳмадзода, рӯзноманигори дигари тоҷики муқими Ню-Йорк, айни замон мегӯяд, азбаски аксари муҳоҷирон ба Амрико бо ҳадафи кору беҳбуди зиндагӣ мераванд, баъди ин ҳодисаҳо ҳам талош мекунанд кору машғулияти худро идома диҳанд. Ӯ гуфт: “Рӯҳияи мардум хеле хуб аст, ҳама аз пайи кору зиндагиашон ҳастанд. Дар ин ҷо мардум аслан вақти ба корҳои ғайр машғул шудан надоранд.”

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бино бар маълумотҳои гуногун аз 10 то 16 ҳазор зодагони Тоҷикистон зиндагӣ ва асосан дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва хадамот фаъоланд. Ҳамин тавр, ба гуфтаи муҳоҷирон аз Ню-Йорк ва Филаделфия, ҳолати онҳо дар ИМА ба таври ҷиддӣ тағйир надидааст, аммо нишонаҳои дигаргунӣ дар баъзе риштаҳо дида мешавад.

Абдулло Ашӯров гуфт: “Масалан, вақте мехоҳанд, ки дар бонк ҳисоб кушоянд, ҳатман дар он ҷо аз як раванде ба мисли “background check”, яъне тафтиши маълумоти шахсӣ мегузаранд. Ва ҳамин гуна санҷишҳо ба гумони боз ҳам зодагони Тоҷикистон нисбати дигар нафарҳо хеле кашол меёбад, яъне кормандони бонк, дигар идораҳо санаду ҳуҷҷатҳои зодагони Тоҷикистонро аз дигарон дида бештар мӯшикофона тафтиш мекунанд. Вале боз ҳам ман нашунидам, ки ҳуқуқи касе ин ҷо вобаста ба ин ҳолат пурра поймол шуда бошад”.

Фирӯз Баротзода аз таъсири равонии ин боздошту иттиҳомот ба рӯҳияи тоҷикони дигар гуфт: “Як каме дар дили мардум тарсу ваҳм пайдо шуд, чунки мо вазъиятро дида будем, ки дар Русия чӣ гуна шуда буд: тарс пайдо шуд бо назардошти ҳодисае, ки дар Русия рух дод. Аммо дар Амрико баъд аз боздошти ҳашт зодаи Тоҷикистон як каме тафтишҳои зиёд мушоҳида шуданд. Яъне полис аллакай муҳоҷиронеро, ки ба “деливери”, яъне ба расонидани хӯрок ва анҷом додани хариди сокинони Ню- Йорк машғул буданд, онҳоро санҷиданд, ки оё бо ҳисобҳои воқеии худ кор мекунанд ё не.

Чунки муҳоҷироне, ки иҷозаи кор надоштанд, аз дигарон аккаунт ё ҳисобҳояшонро ба иҷора мегирифтанду кор мекарданд. Ва ҳодисаҳое ҳам мушоҳида шуд, ки полис он нафаронеро, ки деливери мекарданд, тафтиш мекарданд, ки оё аз аккаунти худ кор мекунанд ё на.”

Умед Аҳмадзода гуфт: “Баъд аз он боздоштҳои пурсару садо мо дар яке аз боғҳои марказии Ню-Йорк, тақрибан 800 то 1000 нафар бо дастгирии ҳамватанони тоҷик як маъракаи бисёр пуршукӯҳ барои тоҷикон баргузор кардем. Он боздоштҳо ба ҳаёти ҳаррӯзаи муҳоҷирони корӣ дар Амрико ягон таъсире надорад, ҳама пайи кори худаш аст, сохторҳои қудратӣ кори худашонро мекунанд, мардум кори худашро, касе ҷиноят кардааст, ба ҷинояташ худаш ҷавоб мегӯяд.”

Аммо як паёмади ин ҳодисаҳо, ба мушоҳидаи Абдулло Ашӯров ин шуд, ки як дастури ҳукуматие нашр шуд. Акнун онҳое, ки аз сарҳади Мексика ба иёлоти ҷанубии Амрико ворид мешаванд, бе муҳокимаи додгоҳӣ ҳам аз Амрико берун карда мешаванд. Ахиран бо ин роҳ 1500 зодаи Тоҷикистон ба Амрико даромадаанд.

Ашӯров гуфт: “То баромадани ин фармон муҳоҷирон ҳақ доштанд, ки парвандаашон дар додгоҳ баррасӣ шавад ва дар ҳолати исботи ниёз доштанашон ба паноҳандагӣ ба онҳо санад дода мешуд ва дар ғайри ҳолат, онҳо аз Амрико ихроҷ карда мешуданд. Ҳоло ин гуна нест. Аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ва бархе дигар кишварҳои пасошуравӣ бе номнависӣ ба нармафзори CBP One, ба Амрико дароянд онҳо фавран берун карда мешаванд.”

Ҳамсӯҳбатони мо дар Амрико мегӯянд, ба ҳамаи маълумот дар бораи Тоҷикистон ва кишварҳои пасошӯравӣ дастрасӣ доранд ва хабари дастгир шудани зодагони Тоҷикистонро рӯзи 8-уми июн дар Лос-Анҷелес, Ню-Йорк ва Филаделфия ба гумони ҳамкорӣ доштан бо гуруҳи ваҳшатафкани “Давлати Исломӣ” - акси садои ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”-и Русия ва дигар воқеаҳои монанд ба он медонанд.

Далери Ғуфронов мегӯяд, ”Бояд дар назар дошт, ки бо иштироки шаҳрвандони мо гӯё дар кишварҳои гуногун дар таи як соли охир амалиёти террористӣ анҷом шудааст ва ин як таърихчае аст, ки бисёр нақши манфӣ мебозад.”

Айни замон, ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар Амрико изҳори умедворӣ мекунанд, ки дар ин ҷо волоияти қонун аз ҳама гуна қонуншиканиҳову худсариҳо пешгирӣ мекунад.

Умед Аҳмадзода гуфт: ”Амрико кишваре аст, ки дар ин ҷо қонунҳояш бисёр ҷиддӣ ва қавӣ кор мекунанд. Ҳар нафаре, ки қонуншиканӣ мекунад, қоидаҳои муайяншударо вайрон мекунад, танҳо худаш шахсан ба амалҳои худаш ҷавоб мегӯяд. Ва таъсири амалҳои кардаи он ба нафари дигар, новобаста аз он ки ҳамватанаш аст, ҳаммиллаташ ҳаст, таъсире намерасонад, агар дар ҳамон масъала иртиботе надошта бошад. Ва дар Амрико сохторҳои қудратӣ бисер масъалаҳоро мӯшикофона таҳлил мекунанд, ки мабодо нафареро бегуноҳ агар бурда пушти панҷара ҷой кунанд, ҷавогарӣ дорад. Мо мебинем, ки чӣ рӯзу рӯзгоре муҳоҷирони мо дар Русия доранд. Русия кишваре аст, ки дар он ҷо агар намояндаи як миллат бо як ҷурми нофаҳмое дастгир шуд, ҳатман ҳамаи он ҳамватанонаш зери фишор мемонанд, рейдҳо ташкил шуда азияташон мекунанд. Дар видеоҳо ҳам дидем, ки то ба толори суд рафтан, ҳангоми боздошт бисёр зери шикаҷаву гӯшбуриву дигар чизҳо шуд. Ман намехоҳам такрор кунам”.

Вале Далер Ғуфронов бар ин аст, ки ба эҳтимоли зиёд хабари боздошти ҳашт тоҷик дар пасманзари баҳсҳои интихоботӣ ангезаи сиёсӣ мегирад.

“Бояд дар назар дошт, ки ин дастгир карданҳо дар остонаи интихоботи президентӣ дар Амрико анҷом ёфт. Маърака хеле тезу тунд мегузарад ва яке аз мавзӯҳои баҳси тарафҳо ин мавзӯи муҳоҷирон ва махсусан муҳоҷироне мебошад, ки дар давоми ду соли охир аз марз ба Амрико гузаштаанд. Ба назари ҷумҳурихоҳон, миёни ин муҳоҷирон нафарони шубҳаноки зиёде ҳастанд, ки ба амнияти Амрико хатар доранд ва ба назари шахсан банда ин боздоштҳо шояд аз ҷониби мақомоти амрикоӣ махсус ба хотири он гузаронида шуданд, ки посухгӯи ҳамин гуна чолишҳо аз ҷониби ҷумҳурихоҳон бошанд.”

Ба ақидаи Фирӯз Баротзода, ҳам ин боздошти пурсару садо ва умуман ҳама гуна парвандаи зидди зодагони Тоҷикистон дар байни муҳоҷирон ташвишу нигаронӣ ба миён меорад. Ӯ гуфт: “Мутаассифона, дар чанд моҳи охир номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар хабарҳо пайдо шуданд. Яке аз онҳо барои додани ришва ба миқдори 60 ҳазор доллар гунаҳкор шуд ва нафари дигарро ба гумони ёрӣ додан ба ҷанги Русия дастгир карданд, ки гуноҳи худро ба гардан гирифт. Ва инчунин боздошти ҳашт нафар зодагони Тоҷикистон ба гумони ҳамкорӣ бо ДОИШ, ин ҳам хеле барои ҷамъияти тоҷикон дардовар буд.”

Умед Аҳмадзода гуфт, “То ҷое ки ман маълумот дорам то ба имрӯз гуноҳи ягон нафари аз он дастгиршуда аз ҷониби додгоҳ тасдиқ нашудааст ва мо ҳам ҳуқуқ надорем, ки онҳоро дар кардани кадом як ҷинояте муттаҳам ё гунаҳкор кунем. Ҳама интизор мешавем, ки суд чӣ хулоса мебарорад ва баъдан андешаҳои худро оиди ин ё он амали онҳо барои иброз кардан ҳақ дорем. То имрӯз мо шоҳид нашудем, ки шаҳрвандони мо аз ҷониби мақомот зери фишор монда бошанд, ё ягон ҳуқуқҳои конистутсионии онҳо поймол шуда бошад.”

Матбуоти амрикоӣ поёни моҳи июн хабар дод, ки нақзи қоидаҳои муҳоҷират айбномаи расмии ҳашт тоҷикистонӣ мебошад, ки бо гумони доштани пайвандҳо бо гуруҳи ваҳшатафкани "Давлати Исломӣ" дар Амрико боздошт шудаанд. Шабакаи телевизионии “CBS News” рӯзи 26-уми июн бо такя ба чанд манбааш дар FBI- Дафтари федеролии таҳқиқоти Амрико гуфтааст, ки ҳеч далеле вуҷуд надорад, ки боздоштшудаҳо дар фикри “тарҳи анҷоми ҳамлаи террористӣ” дар ИМА будаанд, вале бархе аз онҳо бо афроди шубҳанок ва эҳтимолан пайравони ДОИШ тамос доштаанд. Бо қарори мақомоти амрикоӣ, ин нафарон бо хатари ронда шудан аз хоки ИМА рӯбарӯ мебошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG