Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Боздошти тоҷикон дар Амрико ду моҳ пеш сар шуд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бо гузашти як рӯз аз эълони мақомоти Амрико дар бораи боздошти 8 зодаи Тоҷикистон дар Лос-Анҷелес, Ню-Йорк ва Филаделфия, мақомот дар Душанбе ҳанӯз вокуниш накардаанд. Манобеи амниятии Амрико рӯзи 11-уми июн ин афродро ба иртибот бо гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ё ДОИШ гумонбар донистанд.

Як манбаъ дар ҷомеаи тоҷикони Ню-Йорк 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи ҳашт нафар маълумот надорад, вале "боздошти муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва кишвраҳои дигари Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк, Филаделфия, Лос-Анҷелес, Финикс, Элпасо, Таксон ва шаҳру аёлатҳои дигари Амрико ду моҳ пеш шуруъ шуд".

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ки нахост номаш фош шавад, дар ин муддат дар маҷмуъ "20 нафар, аз ҷумла 16 зодаи Тоҷикистон" дастгир ва "бархе дертар раҳо гардиданд".

"Як нафареро мешиносам, ки моҳе қабл дар Ню-Йорк дастгир шуд. Ӯ як шахси фаъол буд. Беш аз даҳ сол дар Амрико барои иқомат ва дарёфти ҷойи кор ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ мадад кардааст. Ҳеч гоҳ узви ягон гурӯҳи ифротгаро набуд. Шояд ба "муҳоҷирони нодуруст" ёрӣ додааст,” – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Радиои Озодӣ талош дорад, тасдиқи ин иттилоъро аз манобеи расмӣ низ ба даст орад.

Расонаҳои Амрико рӯзи 11-уми июн ба нақл аз манбаъҳои худ дар мақомоти интизомии ин кишвар хабар доданд, ки 8 зодаи Тоҷикистон ба гумони иртибот бо ДОИШ дастгир шуданд. Амалиёти боздошт дар ҳамоҳангӣ бо бахши мубориза бо терроризми FBI – Хадамоти федеролии амнияти Амрико – сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаи расонаҳои амрикоӣ, тафтиши аввалияи боздоштшудаҳо дар марз ҳеч хатареро ошкор накарда буд, бинобар ин, ба онҳо иҷозат додаанд, ки вориди Амрико шаванд. Айни ҳол гумонбарон дар боздоштгоҳҳои Идораи муҳоҷират (ICE) ҳастанд ва мақомоти Амрико ба ихроҷи онҳо талош доранд.

Мақомоти Амрико гуфтаанд, камаш ду нафар аз ин афрод дар баҳори соли 2023 вориди хоки Амрико шуданд. Яке дигар дар чорчӯби барномаи ҳукумати Амрико барои муҳоҷирон ва дархости паноҳандагӣ вориди Иёлоти Муттаҳида шудааст.

Рӯзномаи "Ню-Йорк Пост" бо такя ба манбаъҳояш навиштааст, ки мақомот суҳбатҳои телефонии шахсони гумонбарро гӯш мекарданд ва гуё яке аз онҳо дар бораи бомба суҳбат доштааст.

Дар ду соли охир садҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон тавассути Мексика вориди Амрико шуда, аз ин кишвар хоҳони паноҳандагӣ шуданд. Чанде пеш Амрико шароити вуруди муҳоҷиронро ба ин кишвар сахттар кард.

Аз ҷумла, президент Ҷо Байден ҳафтае қабл дастур дод, муҳоҷироне, ки аз марз ғайриқонунӣ убур мекунанд, дарҳол ихроҷ шаванд. Қаблан афсарони Идораи муҳоҷират ҳаққи ихроҷи муҳоҷиронро надоштанд ва танҳо додгоҳ чунин ҳукм содир мекард.

Боздошти ҳашт зодаи Тоҷикистон дар Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00
XS
SM
MD
LG